46.     Гурӯҳе аз яҳудиён суханонро аз ҷойгоҳашон дигаргун карда ва мегӯянд: "Шунидем ва нофармонӣ кардем ва бишнав, кошкӣ ношунаво гардӣ ва (мегуфтанд)
моро риоят кун". Онҳо бо истифодаи ин гуна калимаҳо ва печ додани забонашон ба айбҷӯйӣ аз дин ба паёмбар мепардохтанд ва дар миёни худ мн матлабро бо равшанӣ баён мекарданд. Сипас Аллоҳ онҳоро ба анҷоми он чи ки барояшон беҳтар аст, роҳнамоӣ намуд ва фармуд:
Ва агар онҳо мегуфтанд: "Шунидем ва фармон бурдем ва бишнав ва ба сӯи мо бингар" барояшон беҳтар ва дурусттар буд. Вале аз он ҷо ки сиришташон нопок буд, аз ин шева рӯй гардонданд. Аммо Аллоҳ ба сабаби куфрашон ононро лаънат кард, пас ба ҷуз иддаи каме имон намеоранд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/180


الصفحة التالية
Icon