94.  Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расули Ӯ имон овардаед ва амал ба шариъати Ӯ доред! Вақте дар роҳи Аллоҳ ба мусофират рафтед, таҳқиқ кунед. Ва ба касе, ки ба шумо бо салом (яъне, калимаи Ло илоҳа иллаллоҳ) муроҷиат мекунад ва бо шумо намеҷангад, эҳтимол ин ки мӯъмин аст, ки имонашро пинҳон кардааст, нагуед, ки ту мӯъмин нестӣ, то ба ин тариқ матоъи зиндагонии дунёро биҷӯед. Пас назди Аллоҳ ғаниматҳои зиёде аст, ки шумо ҳам пеш аз ин чунин будед, дар ибтидои ислом имони худро аз мушрикони қавматон пинҳон медоштед, вале Аллоҳ бар шумо миннат ниҳод. Ва шуморо ба имон ва қувват азиз гардонд. Пас корҳоятонро дониста таҳқиқ кунед, ҳамоно Аллоҳ ба он чи мекунед, огоҳ аст.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 2/269


الصفحة التالية
Icon