61. Ва ба ёд оред, вақте ки Мо ба шумо таоме (ширин ва паррандаи иштиҳобахш)(1) фурӯд овардем, мисли одататон ношукрӣ кардед ва ба тангӣ ва малол дучор гаштед. Пас гуфтед: «Эй Мӯсо, мо бар як навъи таъом натавонем сабр кард, аз Парвардигорат бихоҳ, то барои мо аз он чӣ аз замин мерӯяд, чун сабзӣ, бодиринг, гандум ва наску пиёз бируёнад». Мӯсо гуфт: «Оё мехоҳед он чиро, ки беҳтар аст ба он чӣ пасттар аст, иваз кунед? Аз бодия ба шаҳре бозгардед, ки дар он ҷо ҳар чӣ хоҳед, ба шумо бидиҳанд. Онҳо хохиши нафси худро бар хости Аллоҳ боло донистанд. Вақте ки ба шаҳр ворид шуданд, муқаррар шуд бар онҳо хориву бечорагӣ ва бо хашми Аллоҳ наздик шуданд! Ва ин бад-он сабаб буд, ки ба оёти Аллоҳ кофир шуданд
ва паёмбаронро ба ноҳақ куштанд ва нофармонӣ карданд ва таҷовуз намуданд».
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 1/100