11. Эй касоне, ки имон овардаед, аз неъмате, ки Аллоҳ ба шумо бахшидааст, ёд кунед: Он гоҳ, ки гурӯҳе (бани Назир) қасди он карданд, то бар шумо даст бардоранд (яъне, ба болои сари Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам санги осиёро чаппа кунанд), (1) ва Аллоҳ дасти ононро аз шумо боздошт. Аз Аллоҳ битарсед. Ва мӯъминон бар Аллоҳ таваккал мекунанд. (2)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 3/ 63
2. Таваккали банда ба қадри имонаш мебошад ва аҳли илм ҳама бар он иттифоқанд, ки таваккал ба Аллоҳ аз воҷиботи қалб аст Тафсири Саъдӣ 1/ 223