ﰍ
ترجمة معاني سورة العلق
باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية
.
من تأليف:
خوجه ميروف خوجه مير
.
ﰡ
1. Бихон, эй Паёмбар ба номи Парвардигорат, Он ки ҳама ҷаҳонро офаридааст,
2. одамиро аз пораи хуни баста офаридааст.
3. Бихон! Ва Парвардигори ту арҷмандтарин аст.
4. Аллоҳе, ки ба воситаи қалам халқашро таълим дод,
5. ба одамӣ он чиро, ки намедонист, биёмӯхт. Ва аз торикиҳои ҷаҳл ба нури илм баровард.
6. Ҳаққо, ки одамӣ аз ҳад мегузарад,
7. ҳар гоҳ ки хештанро тавонгар бинад.
8. Ҳароина, бидонад ҳар як саркаш, ки бозгашт ба сӯи Парвардигори туст. Пас ҳар як инсонро мувофиқи амалаш подошу ҷазо хоҳад дод.
9. Эй Паёмбар, оё диди он касро, ки манъ мекунад(1),
____________________
1. Мурод аз касе ки манъ мекунад, номи ӯ Абӯҷаҳл аст
____________________
1. Мурод аз касе ки манъ мекунад, номи ӯ Абӯҷаҳл аст
10. бандаеро (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро), ки чун ба намоз истад?
11. Оё дидӣ эй манъкунанда, агар он мард (яъне Муҳаммад) бар роҳи ҳидоят мебуд, пас чи гуна ӯро бозмедошт?
12. Ё ин ки ба тақво ва парҳезгорӣ фармон медод?
13. Оё дидӣ эй Муҳаммад, манъкунанда агар дурӯғ барорад ҳақро ва аз фармон рӯйгардонад. Оё аз азоби Аллоҳ наметарсад?
14. Оё магар надонистааст, ки ҳар чиро ки мекунад, Аллоҳ мебинад? Амр чунин нест, чунонки Абӯҷаҳл мепиндорад.
15. На, агар бознаистад аз бадбахтиаш пешонаашро хоҳем кашид.
16. Пешонаи дурӯғгӯи гунаҳгорро.
ﭧﭨ
ﰐ
17. Пас ёрони худро даъват кунад.
ﭪﭫ
ﰑ
18. Мо низ фариштагони маъмури дӯзахро садо мезанем!
19. Фармони ӯро қабул макун, ки ҳаргиз ба ту бадӣ натавонад расонд ва саҷда куну ба Аллоҳ наздик шав!