ﮘ
surah.translation
.
من تأليف:
خوجه ميروف خوجه مير
.
ﰡ
1.Алиф, Лом, Ро(1). Ин оётҳои Китоб маъноҳояш равшан, роҳи ҳақ ва ҳалолу ҳаромро баён мекунад(2).
____________________
1. Дар бораи ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гуфта шуд.
2. Тафсири Бағавӣ 4\209
____________________
1. Дар бораи ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гуфта шуд.
2. Тафсири Бағавӣ 4\209
2.Мо Қуръонро ба забони арабӣ нозил кардем, то ин ки шумо (эй арабҳо) маънои онро бифаҳмед ва он чиро, ки дар он аст, ба ақл дарёбед ва ба роҳнамудиаш амал намоед!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\209
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\209
3. Бо ин Қуръон, ки ба ту - эй Расул, ваҳй кардаем, беҳтарин қиссаҳоро ҳикоят мекунем ва туро бар онҳо хабардор месозем, ки ту пеш аз ин аз аҳволи қавмҳои гузашта аз бехабарон будӣ.
4. Эй Паёмбар, ба ёд ор он замонеро, ки чун Юсуф ба падари худ гуфт:
«Эй падар, ман дар хоб ёздаҳ ситора ва хуршед ва моҳро дидам. Онҳоро
дидам, ки саҷдаам мекунанд».(1)
____________________
1. Гуфта шудааст, ки хоби паёмбарон ваҳй аст. Тафсири Табарӣ 15\554. Ва ин хоб муждаест барои Юсуф алайҳиссалом, ки далолат ба баландии мартабаи ӯ мекунад.
«Эй падар, ман дар хоб ёздаҳ ситора ва хуршед ва моҳро дидам. Онҳоро
дидам, ки саҷдаам мекунанд».(1)
____________________
1. Гуфта шудааст, ки хоби паёмбарон ваҳй аст. Тафсири Табарӣ 15\554. Ва ин хоб муждаест барои Юсуф алайҳиссалом, ки далолат ба баландии мартабаи ӯ мекунад.
5. Яъқуб ба писараш Юсуф гуфт: «Эй писаракам, хобатро барои бародаронат ҳикоят макун, ки ба ту ҳасад мебаранд ва ба ту ҳиллае меандешанд. Зеро шайтон душмани ошкори одамиён аст! Пас, Юсуф ба фармони падараш хобашро аз бародаронаш пинҳон кард.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\393
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\393
6. Ва он чунон ки дар хоб ба ту намуд, Парвардигорат туро ихтиёр мекунад ва таъбири хобро ба ту таълим медиҳад ва ҳамчунон, ки неъмати худро пеш аз ин бар падарони ту Иброҳиму Исҳоқ пурра карда буд, бар туву хонадони Яъқуб ҳам пурра мекунад, ки Парвардигорат доно аст, ҳар киро бихоҳад аз бандагонаш ихтиёр мекунад ва ҳаким аст дар ҷо ба ҷойгузории корҳои махлуқоташ!»(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\561
____________________
1. Тафсири Табарӣ 15\561
7. Бегумон, дар саргузашти Юсуф ва бародаронаш барои онон, ки аз он
пурсон мешаванд, ибратҳост.
пурсон мешаванд, ибратҳост.
8. Он гоҳ ки бародаронаш гуфтанд: «Юсуф ва бародараш (Бинёмин, ки аз як падару як модаранд) назди падарамон маҳбубтар аз мо ҳастанд, ҳол он ки мо худ як гӯруҳи нерӯмандем. Албатта, падарамон дар иштибоҳи ошкорест»(1)
____________________
1. Яъне, падарамон иштибоҳ мекунад бар ин ки ду нафарро бар даҳ нафар тарҷеҳ медиҳад. Тафсири Табарӣ 15 \ 563
____________________
1. Яъне, падарамон иштибоҳ мекунад бар ин ки ду нафарро бар даҳ нафар тарҷеҳ медиҳад. Тафсири Табарӣ 15 \ 563
9. «Юсуфро бикушед ё дар сарзамини номаълуме биандозед, то таваҷҷӯҳи падар хоси шумо гардад ва аз он пас аз гуноҳатон пушаймонӣ карда, тавба мекунед мардуме шоиста ба шумор меоед, зеро ки Аллоҳ тавбапазир аст ва падар ҳам узратонро қабул менамояд».(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\394
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\394
10. Яке аз онҳо гуфт: «Агар Юсуфро аз падар дур карданиед, ӯро макушед, ки куштори одами бегуноҳ аз гуноҳи азим аст, балки ӯро дар қаъри чоҳи торик бияфканед, то мусофироне ӯро бигиранд, агар мехоҳед коре бикунед».(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\394
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\394
11. Гуфтанд: «Эй падарҷон, чаро бар Юсуф ба мо боварӣ надорӣ, ҳол он ки мо хайрхоҳи ӯ ҳастем?
12. Фардо ӯро бо мо бифирист, то сайру гашту бозй кунад ва ҳамоно, мо нигаҳбони ӯ ҳастем».
13. Яъқуб гуфт: «Агар ӯро бибаред, ғамгин мешавам ва метарсам, ки аз ӯ ғофил шавед ва гург ӯро бихӯрад».
14. Бародарони Юсуф ба падарашон гуфтанд: «Бо ин ҷамоати нерӯманде, ки мо ҳастем, агар гург ӯро бихӯрад, ҳамоно, мо аз зиёнкорон хоҳем буд».
15. Пас, чун ӯро бурданд ва тасмим гирифтанд, ки дар қаъри чоҳи торик бияфкананд, ба ӯ ваҳй кардем, ки албатта, онҳоро дар оянда аз ин корашон огоҳ хоҳӣ сохт дар ҳоле, ки намефаҳманд ва онҳо туро намешиносанд.
16. Ва бегоҳӣ бародарони Юсуф гирён назди падарашон бозомаданд.
17. Гуфтанд: «Эй падар, ҳамоно, мо ба мусобиқа (давидан ва тирандозӣ) рафта будем
ва Юсуфро назди матоъи худ (либосҳоямон) гузошта будем, пас, хург ӯро хӯрд. Ва ҳарчанд рост бигӯем ҳам, ту суханони моро бовар надорӣ».(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\222
ва Юсуфро назди матоъи худ (либосҳоямон) гузошта будем, пас, хург ӯро хӯрд. Ва ҳарчанд рост бигӯем ҳам, ту суханони моро бовар надорӣ».(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\222
18. Ва ҷомаашро, ки ба хуни дурӯғин оғӯшта буд, оварданд, то бар дурӯғашон ҳуҷҷате шавад. Яъқуб алайҳиссалом ба фарзандонаш гуфт: «Нафси бади шумо кореро дар назаратон биёростааст, ки бо Юсуф чунин кардаед. Акнун барои ман сабри ҷамил (сабре, ки шикоят надошта бошад) беҳтар аст ва бар он чи шумо баён мекунед, Аллоҳ мададгори ман аст».(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\394
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\394
19. Ва ҷамоате аз мусофирон омаданд; пас обкаши худро фиристоданд. Сатилро обкаш дар чоҳ(1) фурӯ кард, ки Юсуф дар гӯшае аз қаъри чоҳ қарор дошт, пас худро ба таноби сатил овезон кард, чун соҳиби сатил ӯро дид, зебоияш ӯро дар тааҷҷуб даровард ва гуфт: «Муждагонӣ, ин навҷавонест». Обкаш бо
шарикони худ Юсуфро аз боқимондаи мусофирон чун матоъе пинҳон сохтанд ва Аллоҳ ба коре, ки ба Юсуф мекарданд, огоҳ буд.(2)
____________________
1. Чоҳе дар сарзамини Байтулмуқаддас, ки макони он маълум аст. 2. Тафсири Табарӣ 15\3
шарикони худ Юсуфро аз боқимондаи мусофирон чун матоъе пинҳон сохтанд ва Аллоҳ ба коре, ки ба Юсуф мекарданд, огоҳ буд.(2)
____________________
1. Чоҳе дар сарзамини Байтулмуқаддас, ки макони он маълум аст. 2. Тафсири Табарӣ 15\3
20. Ва бародарони Юсуф, Юсуфро ба баҳои андак, ба чанд дирҳам фурӯхтанд, ки ҳеҷ рағбате ба ӯ надоштанд. Зеро онҳо намедонистанд, ки Аллоҳ ӯро ба манзалаи бузург ва ба паёмбарӣ мерасонад.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\377
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\377
21. Ва касе аз мардуми Миср (яъне азизи Миср), ки ӯро харида буд, ба занаш гуфт: «То дар ин ҷост, гиромияш бидор, шояд ба мо суде бирасонад ё ӯро ба фарзандӣ бипазирем». Ва ҳамчунин Юсуфро дар замини Миср мартабаи баланд додем ва ӯро молики хазинаҳои Миср гардонидем, то ба ӯ таъбири хоб омӯзем. Ва Аллоҳ бар кори хеш ғолиб аст. Вале бештари мардум намедонанд!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\226
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\226
22. Ва чун ҷавони нерӯманд ва хирадманд шуд, ҳикмату донишаш додем
ва некукоронро ҳамчунин подош медиҳем.
ва некукоронро ҳамчунин подош медиҳем.
23. Ва зани азизи Миср, ки Юсуф дар хонааш буд, аз ҳусни зебои ӯ мафтун шуда Юсуфро бо сухани нарму мулоим ба назди худ талаб кард. Ва дарҳоро басту гуфт: «Биё ба сӯи ман». Юсуф гуфт: «Паноҳ мебарам ба Аллоҳ, аз он чи ки маро ба он даъват кардӣ, ӯ (яъне, шавҳари ту) сарвари ман аст ва маро обрӯи баланд дода ва ахли ӯро нахоҳам хиёнат кард. Албатта, ситамкорон наҷот намеёбанд».(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 16\33
____________________
1. Тафсири Табарӣ 16\33
24. Ва ба таҳқиқ он зан қасди ӯ кард. Ва агар бурҳони(1) Парвардигорашро намедид, ӯ низ қасди он зан мекард. Чунин кардем, то бадӣ (хиёнати сайид ё мавло) ва беҳаёиро аз ӯ дур созем. Чунки Юсуф аз бандагони покиза ва ихтиёркардаи Мо буд!
____________________
1. Қавли аксари муфассирон ин аст, ки Юсуф сурати Яъқубро дид, ки бо ӯ мегуфт: Эй Юсуф, амали бехирадонро мекунӣ, ҳол он ки ту дар зумраи паёмбарон китобат шудаӣ! Тафсири Бағавӣ 4\232
____________________
1. Қавли аксари муфассирон ин аст, ки Юсуф сурати Яъқубро дид, ки бо ӯ мегуфт: Эй Юсуф, амали бехирадонро мекунӣ, ҳол он ки ту дар зумраи паёмбарон китобат шудаӣ! Тафсири Бағавӣ 4\232
25. Юсуф ба сӯи дар фирор кард ва ҳамсари азиз аз пушти ӯ давид, то ӯро баргардонад ва зан ҷомаи ӯро аз ақиб бидаронд. Ва шавҳари он занро тасодуфан наздики дар ёфтанд. Зан гуфт: «Ҷазои касе, ки бо зани ту қасди баде дошта бошад, чист ва тарсид, ки Юсуфро накушад ва гуфт: ҷуз ин ки ба зиндон афтад ё ба азобе дардовар гирифтор ояд?»(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\234
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\234
26. Юсуф гуфт: «Ӯ аз нафси ман хоҳише кард ва маро ба худ хонд». Ва шоҳиде аз хонаводаи зан (яъне, кӯдаки ширхорае буд дар гаҳвора) гувоҳӣ дод, ки агар ҷомааш аз пеш даридааст, пас зан рост мегӯяд ва ӯ аз дурӯғгӯён аст.
27. Ва агар ҷомааш аз пас даридааст, пас зан дурӯғ мегӯяд ва ӯ аз ростгӯён аст.
28. Пас, чун шавҳари зан дид, ҷомааш аз пас даридааст, гуфт: «Ин аз макри шумо аст, ҳамоно, макри шумо эй занон, макри бузург аст!
29. Азизи Миср гуфт: Эй Юсуф, забони хеш нигоҳ дор ва ба касе магӯ! Ва эй зан, аз гуноҳи худ омурзиш бихоҳ, ки ҳамоно, ту аз гунаҳкоронӣ».(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\384
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\384
30. Ва ин хабар ба шаҳр расид, заноне дар шаҳр гуфтанд: «Зани Азиз(1) (сарвазири Миср) хостааст, ки ходими худро бифиребад ва ба худ хонад ва албатта, муҳаббат ва ишқи ин ҷавон дар қалбаш нуфуз кардааст. Мо ба таҳқиқ ӯро дар гумроҳии ошкоро мебинем».
____________________
1. Ибни Аббос гуфтааст: Номи Азиз, Қитфир буд ва масъулияти хазинаҳои Мисрро дошт. Тафсири Табарӣ 15 \ 17
____________________
1. Ибни Аббос гуфтааст: Номи Азиз, Қитфир буд ва масъулияти хазинаҳои Мисрро дошт. Тафсири Табарӣ 15 \ 17
31. Пас, чун (зани Азиз) ғайбат ва суханони бадашонро шунид, наздашон кас фиристод ва меҳмоние тартиб дод ва барои пӯст кардани мева ба ҳар яке корде дод ва гуфт: «Берун ой, то туро бингаранд». Чун Юсуфро диданд, бузургаш шумурданд ва аз ҳусну ҷамоли ӯ дасти хеш бибуриданд ва гуфтанд: «Маъозаллоҳ, ин одамизода нест, балки фариштае бузургвор аст!»(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\237
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\237
32. (Зани Азиз) гуфт: «Ин ҳамон аст, ки маро дар боби дӯст доштани ӯ маломат мекардед. Ва ҳамоно, ман ӯро ба худ хондаам ва ӯ хештанро нигоҳ дошт. Агар он чи фармонаш медиҳам, накунад, ба зиндон хоҳад афтод ва хор хоҳад шуд». Пас, Юсуф бар худ зиндонро ихтиёр кард.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\238
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\238
33. Гуфт Юсуф паноҳҷуёна аз шарри занон: «Эй Парвардигори ман, барои ман зиндон маҳбубтар аст аз он чӣ маро ба он мехонанд ва агар макри ин занонро аз ман нагардонӣ, ба онҳо майл мекунам ва дар шумори нодонон дармеоям.
34. Пас, Парвардигораш дуояшро иҷобат кард ва макри занонро аз ӯ дур кард. Албатта, Аллоҳ ба дуои Юсуф ва дуои ҳар як дуокунанда шунаво аст ва ба он чи ки Юсуф ва ҷамии бандагонаш ба он эҳтиёҷ доранд ва барояшон шоиста аст, доност!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 16\90
____________________
1. Тафсири Табарӣ 16\90
35. Пас, бо он нишонаҳо,(1) ки бар Азиз ва ҷамоаташ зоҳир шуд, тасмим гирифтанд, ки барои дафъи овозаи мардум муддати номаълуме ба зиндонаш бияфкананд.(2)
____________________
1. Яъне, куртаи Юсуф аз пушт дарида шуда буд. 2. Тафсири Табарӣ 16\92
____________________
1. Яъне, куртаи Юсуф аз пушт дарида шуда буд. 2. Тафсири Табарӣ 16\92
36. Ва ду ҷавон низ бо ӯ ба зиндон афтоданд. Яке аз он ду гуфт: Дар хоб худро дидам, ки ангур мефишорам, то шароб гардад. Дигаре гуфт: Худро дидам, ки нон бар сар ниҳода мебарам ва парандагон аз он мехӯрданд. Моро аз таъбири он огоҳ кун, ки ҳамоно, мо туро мебинем, ки ибодати Аллоҳро ба хубӣ анҷом медиҳӣ ва бо мардум некӯкорӣ мекунӣ.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\241
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\241
37. Гуфт (Юсуф): «Ба шумо ҳеҷ навъ таоме, ки дар хоб дода мешавед, нахоҳад омад, магар хабардор кунам шуморо ба таъбири он, пеш аз он ки далели сидқи ин таъбир дар бедорӣ ба шумо биёяд, чунон ки Парвардигорам ба ман омӯзонидааст. Ҳамоно, ман дини мардумеро, ки ба Аллоҳи якто имон надоранд ва ба рӯзи қиёмат кофиранд, тарк кардаам.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\241
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\241
38. Ва ман пайрави дини падаронам Иброҳиму Исҳоқу Яъқуб ҳастам ва моро насазад, ки ҳеҷ чизро шарики Аллоҳ қарор диҳем. Ин (яктопарастӣ) фазилатест, ки Аллоҳ бар мову бар мардуми дигар арзонӣ доштааст, вале бештари мардум ношукрӣ мекунанд.
39. Юсуф барои ин ду ҷавон гуфт: Эй ду рафиқи зиндонии ман, оё ибодати маъбудони пароканда беҳтар аст ё ибодати Аллоҳи яктои ғолиб бар ҳамагон?
40. Намепарастед ғайри Аллоҳи якто, магар бутонеро, ки худ ва падаронатон онҳоро ба номҳое хондаед (яъне, он бутҳоро маъбудони худ хондаед) ва Аллоҳ ҳуҷҷате бар сиҳатӣ ва исботи онҳо нозил накардааст. Ҳукм, ҷуз ҳукми Аллоҳ нест. Фармон додааст, ки ҷуз Ӯро напарастед. Ин аст дини росту устувор, вале бештари мардум ҳақиқати онро намедонанд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\398
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\398
41. Эй ду рафиқи зиндонии ман, пас яке аз шумо барои хоҷаи хеш шароб мерезад, пас дигареро, ба дор овехта мешавад ва парандагон аз майнаи сари ӯ мехӯранд. Коре, ки дар бораи он мепурсед қабул кунед ё
накунед, фармони Аллоҳ муқаррар шудааст».
накунед, фармони Аллоҳ муқаррар шудааст».
42. Ва Юсуф ба яке аз он ду нафаре, ки медонист, наҷот меёбад, гуфт: «Қиссаи маро назди хоҷаи худ ёд кун, ки ман мазлумам ва бегуноҳ ба зиндон афтодаам!» Аммо шайтон қиссаи Юсуфро(1) аз хотираш дур кард, ки пеши мавлояш аз қиссаи ӯ ёд кунад ва Юсуф (алайҳиссалом) чанд сол дар зиндон бимонд.
____________________
1. Ибни Аббос ва аксари муфассирон мегӯянд: Шайтон аз хотири Юсуф ёди Парвардигорашро фаромӯш кунонд, вақте ки халосиро аз ғайри Ӯ хост ва ёрдам аз махлуқ талабид. Тафсири Бағавӣ 4\244
____________________
1. Ибни Аббос ва аксари муфассирон мегӯянд: Шайтон аз хотири Юсуф ёди Парвардигорашро фаромӯш кунонд, вақте ки халосиро аз ғайри Ӯ хост ва ёрдам аз махлуқ талабид. Тафсири Бағавӣ 4\244
43. Ва подшоҳ гуфт: «Дар. хоб ҳафт гови фарбеҳро дидам, ки онҳоро ҳафт гови лоғар мехӯранд ва ҳафт хӯшаи сабз ва ҳафт хӯшаи хушки дигарро дидам. Эй пешвоёни халқ, хоби маро таъбир кунед, агар таъбири хоб медонед».
44. Гуфтанд: «Ин хобҳо аз зумраи хобҳои парешон аст ва мо аз таъбири ин хобҳо огоҳӣ надорем».
45. Ва яке(1) аз он ду ҷавони дар зиндон буда, ки аз қатл наҷот ёфта буд ва пас аз муддате хоҳиши Юсуф ба ёдаш омада буд, гуфт: «Ман шуморо аз таъбири он хабар медиҳам. Пас, маро назди Юсуф бифиристед».(2)
____________________
1. Он ки барои хоҷаи хеш шароб мерезад. 2. Тафсири Табарӣ 16\119
____________________
1. Он ки барои хоҷаи хеш шароб мерезад. 2. Тафсири Табарӣ 16\119
46. Эй Юсуф, эй марди бисёр ростгӯй дар гуфтор ва росткор дар кирдор, барои мо таъбир кун, ки ҳафт гови фарбеҳро ҳафт гови лоғар мехӯранд ва ҳафт хӯшаи сабзу ҳафт хӯшаи хушк. Бошад, ки ман назди мардум бозгардам ва онон аз таъбири ин хоб огоҳ гарданд».(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\399
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\399
47. Юсуф ба пурсандаи хоби подшоҳ гуфт: Ҳафт сол пай дар пай бо ҷиддият кишт кунед ва ҳар чӣ ки медаравед, ҷуз андаке, ки мехӯред, боқимондаро бо хӯша анбор кунед, то замоне бисёр истад ва зуд вайрон нашавад.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\247
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\247
48. Аз он пас ҳафт сол қаҳтӣ ва сахтӣ меояд ва дар он ҳафт сол он чӣ барояшон ҷамъ кардаед, бихӯранд, магар каме, аз онро бо эҳтиёт нигоҳ доред.
49. Пас аз он соле ояд, ки мардумонро борон дода шавад ва дар он
сол афшурданиҳоро мефишуранд (яъне, хайру баракат бисёр мешавад).(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\247
сол афшурданиҳоро мефишуранд (яъне, хайру баракат бисёр мешавад).(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\247
50. Ва подшоҳ ба муовинонаш гуфт: Таъбиркунандаи хоби маро аз зиндон озод кунед ва ӯро назди ман биёваред». Чун фиристода назди ӯ омад, Юсуф ба ӯ гуфт: «Назди хоҷаат бозгард ва бипурс: Ҳоли он заноне, ки дастҳои худро буриданд, чист?(1) Албатта, Парвардигори ман ба макрашон огоҳ аст!»
____________________
1. Яъне, то ҳақиқат ба ҳама маълум шавад, ки Юсуф аз гуноҳ пок аст. Тафсири Ибни Касир 4\393
____________________
1. Яъне, то ҳақиқат ба ҳама маълум шавад, ки Юсуф аз гуноҳ пок аст. Тафсири Ибни Касир 4\393
51. (Подшоҳ) гуфт: «Эй занон, чӣ гуна буд ин кори шумо, ки Юсуфро ба назди худ хондед, ӯ хоҳиши нафси шумо кард ё шумо хоҳиши нафси ӯ кардед?» Гуфтанд: «Маъозаллоҳ (паноҳ бар Аллоҳ)! Надидем аз ӯ ҳеҷ хиёнате, вале зани Азиз ба мо хабар дод, ки ӯ Юсуфро ба худ хондааст». Зани Азиз иқрор шуда гуфт: «Акнун ҳақ ошкор шуд. Ман хостам Юсуфро, вале ӯ худро аз ин амал боз дошт, албатта, ӯ дар зумраи ростгӯён аст дар суханоне, ки мегӯяд!»(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 16\139
____________________
1. Тафсири Табарӣ 16\139
52. (Зани Азиз гуфт): Ин ҳама барои он аст, ки то бидонад (Азиз), ки ман ғоибона хиёнати ӯ накардаам ва аз ман кори зиште содир нашудааст ва ҳамоно, Аллоҳ ҳилаи хоинонро ба мақсад намерасонад.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\400
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\400
53. Ва ман (яъне, зани Азиз) хештанро бегуноҳ намедонам, ҳамоно, нафс одамиро ба бадӣ (фаҳш ва гуноҳ) фармон медиҳад. Магар касе, ки Парвардигори ман ӯро нигоҳ дорад, албатта, Парвардигори ман омурзандаву меҳрубон аст!»(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\394
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\394
54. Ва подшоҳ гуфт: «Юсуфро назди ман биёваред то ҳамнишини хоси худ гардонам». Ва чун бо ӯ дар сухан шуд, гуфт: «Ҳамоно, ту аз имрӯз назди мо соҳибқадр ва амонатдор ҳастӣ».
55. (Юсуф) гуфт: «Маро бар хазинаҳои хӯрок ва амволи ин сарзамин муқаррар кун, ҳамоно, ман муҳофизаткунандаам хазинаҳоро ва доноям ба сарфи дурусти он».(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 16\149
____________________
1. Тафсири Табарӣ 16\149
56. Ва инчунин Юсуфро дар он сарзамини Миср обрӯ додем. Ҳар ҷо ки мехост, ҷой мегирифт. Раҳмати худро ба ҳар кас, ки бихоҳем, арзонӣ медорем ва подоши некӯкоронро барбод намекунем.
57. Ва албатта, подоши охират барои касоне, ки имон овардаанд ва парҳезгорӣ мекунанд, беҳтар аст (яъне, аз азоби Аллоҳ метарсанд ва амру наҳйяшро ба ҷо меоранд).(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\400
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\400
58. Ва бародарони Юсуф, ки дар сарзаминашон хушкӣ омада буд, ба Миср омаданд ва бар назди ӯ дохил шуданд, Юсуф онҳоро шинохт ва онҳо ӯро нашинохтанд.
59. Ва Юсуф(1) чун борҳояшонро як шутур бор аз таом ва ғалла муҳайё сохт, гуфт: «Бародари падариятонро низ назди ман биёваред, оё намебинед, ки паймонаро комил адо мекунам ва беҳтарин мизбонам?
____________________
1. Юсуф кори худ номаълум карда онҳоро битарсонид ва гуфт шумо ҷосусонед! Гуфтанд: мо аз замини Канъонем. Ёздаҳ бародар, аз зодагони паёмбарон Иброҳиму Исҳоқу Яъқубем. Юсуф гуфт: агар ёздаҳ бародаред, чаро даҳ нафар омадед? Пас аз онҳо талаб кард, ки бародарашонро низ биёранд, то аз баҳри вай ҳам як хирвор гандум бидиҳад. Тафсири Бағавӣ 4\255
____________________
1. Юсуф кори худ номаълум карда онҳоро битарсонид ва гуфт шумо ҷосусонед! Гуфтанд: мо аз замини Канъонем. Ёздаҳ бародар, аз зодагони паёмбарон Иброҳиму Исҳоқу Яъқубем. Юсуф гуфт: агар ёздаҳ бародаред, чаро даҳ нафар омадед? Пас аз онҳо талаб кард, ки бародарашонро низ биёранд, то аз баҳри вай ҳам як хирвор гандум бидиҳад. Тафсири Бағавӣ 4\255
60. Пас, агар ӯро (яъне, бародаратонро) назди ман наёваред, паймонае (яъне, таоме) назди ман нахоҳед ёфт ва ба ман наздик машавед».(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 16\155
____________________
1. Тафсири Табарӣ 16\155
61. Гуфтанд: «Мо ӯро ба кӯшиши зиёд аз падараш хоҳем хост ва ин корро албатта, хоҳем кард».
62. Ва Юсуф (алайҳиссалом) ба ходимони худ гуфт: «Сармояашонро (яъне, пуле, ки ба ивази озуқа дода буданд) дар борҳояшон пинҳонӣ биниҳед, бошад, ки чун назди хонаводаашон бозгарданд ва онро (сармояашонро) бишиносанд ва меҳмондории моро қадр карда боз оянд».(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\255
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\255
63. Пас, чун назди падар бозгаштанд, гуфтанд: «Эй падар, паймона бар мо манъ карда шуд. Бародарамонро бо мо бифирист, то паймона бозгирем. Ва ҳамоно, мо нигаҳдори ӯ ҳастем».
64. Гуфт Яъқуб (алайҳиссалом): "Оё ман дар бораи ӯ (Бинёмин) ба шумо бовар кунам, ҳамон гуна ки қаблан дар бораи бародараш (Юсуф) ба шумо бовар кардам, пас ман ба аҳди шумо бовар намекунам, балки ба Аллоҳ таваккал менамоям, пас Аллоҳ беҳтарин нигоҳбон ва меҳрубонтарини меҳрубонон аст.!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 16\161
____________________
1. Тафсири Табарӣ 16\161
65. Ва чун бори ҳудро бикушоданд, сармояи худро ёфтанд, ки ба онҳо бозгардонида шудааст. Гуфтанд: «Эй падари мо, беш аз ин чӣ мехоҳем?! Ин сармояи мо аст, ки ба сӯи мо бозгардонида шудааст. Пас, бозравем ва барои хонаводаҳои худ озуқа оварем; бародари худро нигаҳбонӣ кунем ва бори як шутур зиёда орем; ва ба даст овардани ин бор бароямон осон аст".
66. Гуфт Яъқуб (алайҳиссалом): «Ҳаргиз ӯро бо шумо намефиристам, то бо ман ба номи Аллоҳ паймоне бибандед ва ба номи Ӯ қасам хӯред, ки ӯро ба назди ман бозмегардонед. Магар он ки чизе бар сари шумо ояд ва ҳама гирифтор шавед ва тавоноии аз он халос шуданро надошта бошед». Пас, чун аҳди хешро доданд, гуфт (Яъқуб): «Аллоҳ бар он чӣ мегӯем, гувоҳ аст!»(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\401
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\401
67. Ва гуфт падарашон: «Эй писарони ман, чун ба Миср расидед, аз як дарвоза дохил нашавед, аз дарвозаҳои гуногун дохил шавед, то захми чашм нарасад бар шумо. Ва наметавонам чизеро ки Аллоҳ бар шумо муқаррар кардааст аз шумо дур кунам ва ҳеҷ фармоне ҷуз фармони Аллоҳ нест.
Бар Ӯ таваккал кардам ва таваккалкунандагон бар Ӯ таваккал кунанд».(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 16\166
Бар Ӯ таваккал кардам ва таваккалкунандагон бар Ӯ таваккал кунанд».(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 16\166
68. Ва чун аз ҷое, ки падар фармон дода буд, дохил шуданд, ин кор қазо ва ҳукми Аллоҳро бар онҳо бартараф накард. Танҳо ниёзе дар замири Яъқуб буд метарсид, ки ба фарзандонаш чашм нарасад, ки онро ошкор сохт, ва ҳамоно, Яъқубро илме буд, ки Худ ба ӯ омӯхта будем, вале бештари мардум намедонанд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 16\167
____________________
1. Тафсири Табарӣ 16\167
69. Ва чун бар Юсуф дохил шуданд, бародарашро (Бинёмин) назди худ ҷой дод. Гуфт (пинҳонӣ ба бародараш): "Ҳамоно, ман бародари ту ҳастам. Аз коре, ки инҳо бар ман кардаанд, андӯҳгин мабош ва ин суҳбати моро ба ҳеҷ кас магӯй».(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\400
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\400
70. Пас, чун Юсуф борҳояшонро омода кард, ба ходимонаш фармуд, то зарферо, ки бо он гандум бармекашиданд дар бори бародараш (Бинёмин) ба тарзи пинҳонӣ бигузоранд. Он гоҳ нидокунанда нидо кард: «Эй корвониён, ҳамоно, шумо Дуздонед».(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\401
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\401
71. Корвониён рӯй ба сӯи онҳо карданд ва гуфтанд: «чӣ гум кардаед?»
72. Гуфтанд: «Зарфи подшоҳро, ки бо он паймона мекард,(1) гум кардаем. Ва ҳар ки биёварадаш, ӯро мукофотест як бори шутур ва гуфт нидокунанда ман ба ин ваъда зоминам».(2)
____________________
1. Бармекашид. 2. Тафсири Саъдӣ 1\402
____________________
1. Бармекашид. 2. Тафсири Саъдӣ 1\402
73. Гуфтанд бародарони Юсуф: «Ҳамоно қасам ба Аллоҳ, шумо худ медонед, ки мо барои фасод кардан дар ин сарзамини Миср наёмадаем ва дузд набудаем».(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\261
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\261
74. Гуфтанд: «Агар дурӯғ гуфта бошед, ҷазои дузд чист?»
75. Гуфтанд (бародарони Юсуф): «Сазояш ин аст, ки ҳар касе он паймона дар бораш ёфт шавад, асир гардад ва мо инчунин ҷазо медиҳем дар динамон касонеро, ки ба сабаби дуздӣ ба ҷони худ ситам мекунанд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\403
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\403
76. Пас, шурӯъ кард Юсуф ба кофтукови борхалтаҳояшон, пеш аз кофтани борхалтаи бародараш (Бинёмин), баъд аз он дар охир баровард паймонаро аз борхалтаи бародараш, ҳамчунин тадбир омӯхтем барои Юсуф, чунки Юсуф омода набуд, ки асир гирад бародари худро дар дини подшоҳи Миср, лек
ба воситаи ин тадбир асир гирифтан иродаи хоси Аллоҳ буд. Баланд мегардонем мартабаи ҳар касеро, ки хоҳем ва болои ҳар соҳибилм боз донишманде ҳаст.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\263
ба воситаи ин тадбир асир гирифтан иродаи хоси Аллоҳ буд. Баланд мегардонем мартабаи ҳар касеро, ки хоҳем ва болои ҳар соҳибилм боз донишманде ҳаст.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\263
77. Гуфтанд (бародаронаш): «Мумкин аст агар ӯ дуздӣ кунад, чунки бародараш (яъне Юсуф) низ пеш аз ин дуздӣ кардааст». Юсуф ҷавоби он сухан дар дил пинҳон дошт ва ҳеҷ изҳоре накард ва гуфт дар дили худ): «Шумо мақоми бадтаре доред ва Аллоҳ ба он чи ки баён мекунед, донотар аст!» (1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\403
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\403
78. Гуфтанд (бародаронаш): «Эй азиз, ӯро падарест солхӯрда. Яке аз моро ба ҷои ӯ бигир, ҳамоно мебинем туро, аз некӯкорон».
79. Гуфт (Юсуф): «Аллоҳ паноҳ диҳад, ки ҷуз он касро, ки бори хеш назди ӯ ёфтаем, бигирем. Агар чунин кунем, аз ситамкорон хоҳем буд».
80. Чун аз ӯ ноумед шуданд, барои машварат ба каноре рафтанд ва бузургтаринашон гуфт: «Оё намедонед, ки падаратон аз шумо ба номи Аллоҳ паймон(1) гирифта ва пеш аз ин низ дар ҳаққи Юсуф кӯтоҳӣ кардаед? Ман аз ин сарзамини Миср берун намеоям, то падарам маро иҷозат диҳад ё Аллоҳ дар ҳаққи ман доварие кунад, ки Ӯ беҳтарини доварон аст.(2)
____________________
1. Яъне, Бинминро боз пас ба ман меоред. 2. Тафсири Бағавӣ 4\265
____________________
1. Яъне, Бинминро боз пас ба ман меоред. 2. Тафсири Бағавӣ 4\265
81. Назди падар бозгардед ва бигӯед: «Эй падар, писарат дуздӣ кард ва мо ҷуз ба он чӣ медонистем, шаҳодат надодем ва аз ғайб низ огоҳ нестем. (Яъне, чун ба ту ваъда дода будем, ки ӯро ҳимоя мекунем, намедонистем, ки дар оянда дуздӣ мекунад).(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\403
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\403
82. Аз аҳли шаҳре, ки дар он будаем ва аз корвоне, ки ҳамроҳаш омадаем, бипурс, ки ҳамоно мо рост мегӯем».
83. Гуфт (Яъқуб): «Балки, нафсҳои шумо кори бадеро дар назаратон зиннат дод ва маро сабри ҷамил1. беҳтар аст. Умед ҳаст, ки Аллоҳ ҳамаро (яъне Юсуф, Бинёмин ва писари калониамро) ба ман бозгардонад, ки Ӯ доно аст бар ҳоли ман ва боҳикмат аст дар корҳояш!(2)
____________________
1. Сабре, ки дар он дар назди мардум нолаву шикояте нест. 2. Тафсири Саъдӣ 1\403
____________________
1. Сабре, ки дар он дар назди мардум нолаву шикояте нест. 2. Тафсири Саъдӣ 1\403
84. Яъқуб рӯи худ аз онҳо бигардониду гуфт: «Эй вой бар андӯҳи ман, бар дурӣ аз Юсуф». Ва чашмонаш аз ғам сапедӣ гирифт ва ҳамчунон андӯҳи худ фурӯ мебурд.
85. Гуфтанд писаронаш: «Ба Аллоҳ савганд, пайваста Юсуфро ёд мекунӣ, то бемор гардӣ ё бимирӣ».
86. Гуфт Яъқуб: «Ҷуз ин нест, ки шарҳи андӯҳи хеш танҳо бо Аллоҳ мегӯям. Зеро
он чӣ ман аз Аллоҳ дар бобати меҳрубониву фазлу раҳматаш медонам, шумо намедонед!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\404
он чӣ ман аз Аллоҳ дар бобати меҳрубониву фазлу раҳматаш медонам, шумо намедонед!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\404
87. Эй писарони ман, бираведу Юсуф ва бародарашро биҷӯед ва аз раҳмати Аллоҳ ноумед машавед. Зеро танҳо кофирон аз раҳмати Аллоҳ ноумед мешаванд».
88. Чун ба Миср рафтанд ва ба назди Юсуф дохил шуданд, гуфтанд: «Эй азиз, мову хонаводаамон ба гуруснагӣ афтодаем ва бо сармояи андак омадаем, паймонаи моро комил адо кун ва бар мо садақа бидеҳ, ҳамоно Аллоҳ садақадиҳандагонро дӯст дорад!»
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\407
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\407
89. Гуфт Юсуф: «Медонед, ки аз рӯи нодонӣ бо Юсуф ва бародараш чӣ кардед?»
90. Гуфтанд: «Оё ба ҳақиқат ту Юсуфӣ?» Гуфт: «Ман Юсуфам ва ин бародари ман аст ва Аллоҳ ба мо неъмат дод ва байни моро ҷамъ кард. Ҳамоно ҳар кас, ки парҳезгорӣ кунад ва сабрро пеша кунад, Аллоҳ муздашро нобуд намегардонад, балки беҳтарин подош барояш ато хоҳад кард».(1).
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\274
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\274
91. Гуфтанд: «Ба Аллоҳ савганд, ки Аллоҳ туро бар мо фазилату бартарӣ додааст.
Ва ҳамаи мо он чи қасдан дар ҳаққи ту ва бародарат кардем, хато кардаем».
Ва ҳамаи мо он чи қасдан дар ҳаққи ту ва бародарат кардем, хато кардаем».
92. Гуфт (Юсуф): «Имрӯз шуморо сарзанишу маломат набояд кард; Аллоҳ шуморо мебахшояд, ки Ӯ меҳрубонтарини меҳрубонон аст!
93. Ин ҷомаи маро бибаред ва бар рӯи падарам андозед, то бино гардад. Ва ҳамаи аҳлу аёли худро назди ман биёваред».
94. Чун корвон аз Миср, берун шуд, падарашон гуфт: «Ҳамоно агар маро девона нахонед, бӯи Юсуфро ҳис мекунам».(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\275
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\275
95. Гуфтанд (ҳаммаҷлисонаш): «Ба Аллоҳ савганд, ки ҳамоно ту дар ҳамон гумроҳии деринаи хеш ҳастӣ!»
96. Чун муждадиҳанда омад ва ҷома бар рӯи Яъқуб андохт, бино гашт. Гуфт: «Оё ба шумо нагуфтам, ки он чӣ ман аз Аллоҳ медонам дар бобати меҳрубониаш, шумо намедонед?»
97. Гуфтанд писаронаш: «Эй падар барои гуноҳони мо аз Парвардигорат омурзиш бихоҳ, ки ҳамоно мо дар ҳаққи ту ва Юсуф гунаҳкор будаем».(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 16\261
____________________
1. Тафсири Табарӣ 16\261
98. Гуфт Яъқуб (алайҳиссалом): «Ба зудӣ аз Парвардигорам барои шумо омурзиш(1) хоҳам хост, ҳамоно Ӯ омурзандаи гуноҳи бандагон ва бар тавбакунандагон меҳрубон аст!»
____________________
1. Аксари муфассирон гуфтанд, ки Яъқуб алайҳиссалом дуоро ба охири шаб таъхир кунонд, зеро он вақтест, Аллоҳ ба осмони дунё фуруд меояд ва мегӯяд: кист, ки дуо кунад, то дуояшро иҷобат намоям. Пас, Аллоҳ дуояшро қабул кард, аз гуноҳҳони ӯ ва фарзандонаш даргузашт. Тафсири Бағавӣ 4\217
____________________
1. Аксари муфассирон гуфтанд, ки Яъқуб алайҳиссалом дуоро ба охири шаб таъхир кунонд, зеро он вақтест, Аллоҳ ба осмони дунё фуруд меояд ва мегӯяд: кист, ки дуо кунад, то дуояшро иҷобат намоям. Пас, Аллоҳ дуояшро қабул кард, аз гуноҳҳони ӯ ва фарзандонаш даргузашт. Тафсири Бағавӣ 4\217
99. Чун бар назди Юсуф дохил шуданд, падару модарро ба оғӯш кашиду гуфт: «Ба Миср дароед, ки агар Аллоҳ бихоҳад (аз хушкиву қаҳтӣ), дар амон хоҳед буд!»
100. Падару модарро бар тахт баровард ва ҳама (падару модар ва ёздаҳ бародар) дар баробари Юсуф барои ҳурмату эҳтиром(1) ба саҷда даромаданд. Гуфт "Эй падар, ин аст таъбири он хоби ман, ки ба таҳқиқ, Парвардигорам онро рост
баровард. Ва чӣ қадар ба
ман некӣ кардааст, он гоҳ ки
маро аз зиндон бираҳонид
ва пас аз он, ки шайтон
миёни ману бародаронам
фасод карда буд, шуморо
аз бодия ба ин ҷо овард.
Парвардигори ман ба ҳар чӣ ирода кунад, санҷида, дақиқ анҷом медиҳад, ки Ӯ донову ҳаким аст!(2)
____________________
1. Мурод аз саҷда кардан, ниҳодани пешониҳо бар рӯи замин нест, балки сар хам кардан ва фурӯтанӣ аст, ё гуфта шудааст, ки дар дини онҳо саҷда кардан ҷоиз буд, вале бо зуҳури ислом саҷда карданро дар назди инсон ҳаром гардонд. Тафсири Бағавӣ 4\200 2. Тафсири Ибни Касир 4\412
баровард. Ва чӣ қадар ба
ман некӣ кардааст, он гоҳ ки
маро аз зиндон бираҳонид
ва пас аз он, ки шайтон
миёни ману бародаронам
фасод карда буд, шуморо
аз бодия ба ин ҷо овард.
Парвардигори ман ба ҳар чӣ ирода кунад, санҷида, дақиқ анҷом медиҳад, ки Ӯ донову ҳаким аст!(2)
____________________
1. Мурод аз саҷда кардан, ниҳодани пешониҳо бар рӯи замин нест, балки сар хам кардан ва фурӯтанӣ аст, ё гуфта шудааст, ки дар дини онҳо саҷда кардан ҷоиз буд, вале бо зуҳури ислом саҷда карданро дар назди инсон ҳаром гардонд. Тафсири Бағавӣ 4\200 2. Тафсири Ибни Касир 4\412
101. Эй Парвардигори ман, маро подшоҳӣ додӣ ва маро илми таъбири хоб омӯхтӣ. Эй офаринандаи осмонҳову замин, Ту дар дунёву охират сарпарасти манӣ. Маро то охири ҳаётам мусалмон бимирон ва бипайванд маро бо бандагони солеҳат!(1)
____________________
1. Яъне, бо паёмбарон, некукорон ва баргузидагон. Тафсири Саъдӣ 1\ 406
____________________
1. Яъне, бо паёмбарон, некукорон ва баргузидагон. Тафсири Саъдӣ 1\ 406
102. Инҳо аз хабарҳои ғайб аст, ки ба ту эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ваҳй мекунем. Ва он ҳангом ки бо якдигар (бародарони Юсуф) гирд омада буданд ва машварат мекарданд ва найранг(1) месохтанд, ту назди онҳо набудӣ!
____________________
1. Яъне, Юсуфро бо роҳи найранг ба саҳро бурда ва ӯро дар чоҳ меандозанд. Тафсири Бағавӣ 4\ 282
____________________
1. Яъне, Юсуфро бо роҳи найранг ба саҳро бурда ва ӯро дар чоҳ меандозанд. Тафсири Бағавӣ 4\ 282
103. Ҳарчанд ту эй Паёмбар, ба имонашон (яъне, ба имон овардани қавмат) ҳарис бошӣ, мардуми қавми ту имон намеоваранд!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 16\284
____________________
1. Тафсири Табарӣ 16\284
104. Ва ту дар муқобили паёмбарият аз онҳо музде наметалабӣ ва ин Қуръон ҷуз панде барои мардуми ҷаҳон нест!
105. Чӣ бисёр нишонаҳое(1) аст, ки далолат мекунанд ҳама ба ягонагии Аллоҳ дар осмонҳову замин, ки аз канори он мегузаранд ва аз он рӯй барметобанду ва панду ибрате намегиранд!
____________________
1. Яъне, ба монанди офтоб, моҳтоб, кӯҳҳо ва дарахтон. Тафсири Табарӣ 16 \ 285
____________________
1. Яъне, ба монанди офтоб, моҳтоб, кӯҳҳо ва дарахтон. Тафсири Табарӣ 16 \ 285
106. Ва бештарашон ба Аллоҳ имон намеоваранд, магар ин ки онон мушриканд.
107. Оё эмин ҳастанд, аз он ки азоби фарогире аз сӯи Аллоҳ ононро дарбар гирад, ё ногаҳон қиёмат ба суроғашон биёяд, дар ҳоле ки ғофил ва бехабар бошанд!?
108. Бигӯ эй Паёмбар: «Ин роҳи ман аст. Ману пайравонам ҳамагонро бо далелу ҳуҷҷат ба сӯи Аллоҳи ягона даъват мекунем. Пок аст Аллоҳ ва ман ҳаргиз аз мушрикон нестам!»
109. Ва Мо пеш аз ту эй Паёмбар, ба паёмбарӣ нафиристодем, магар мардонеро аз мардуми шаҳрҳо ва ободиҳо, ки ба онҳо ваҳй мекардем. Оё дар рӯи замин намегарданд, то бингаранд, ки поёни кори пешиниёнашон онон, ки беимон буданд, чӣ будааст? Ва ҳамоно саройи охират(1) парҳезгоронро беҳтар аст, чаро намеандешед?(2)
____________________
1. Яъне ҷаннат. 2. Тафсири Саъдӣ 1\406
____________________
1. Яъне ҷаннат. 2. Тафсири Саъдӣ 1\406
110. Мӯҳлат додем аз ҳалокату омадани азоб, то замоне, ки ноумед шуданд паёмбарон аз имон овардани он уммату қавми худ ва гумон карданд қавмҳояшон, ки онҳо ба дурӯғ ваъда карда шудаанд, ногоҳ ёриву нусрати Мо
ба паёмбарон расид. Ва ҳар киро, ки хостем, аз паёмбарон ва пайравонашон наҷот додем ва азоби Мо аз мардуми гунаҳкор бозгардонида нашавад!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 16\296
ба паёмбарон расид. Ва ҳар киро, ки хостем, аз паёмбарон ва пайравонашон наҷот додем ва азоби Мо аз мардуми гунаҳкор бозгардонида нашавад!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 16\296
111. Ҳамоно хирадмандонро дар қиссаҳои паёмбарон панду ибратест. Ин Қуръон сухани сохта нест, балки тасдиқи сухани китобҳои пешиниён ва баёнкунандаи ҳар чизест ва барои онҳо, ки имон овардаанд, раҳнамо ва раҳмат аст.(1).
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\406
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\406