ﯓ
ترجمة معاني سورة ص
باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي
.
من تأليف:
فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام
.
ﰡ
Сод. Савганд ба Қуръони пандомӯз [ки Аллоҳ таоло ҳеҷ шарике надорад]
Аммо кофирон гирифтори таассуб [-у ҷоҳилият] ва ситезанд
Чи бисёр наслҳои кофирро пеш аз онон ҳалок кардем, ки [дар ҳангоми нузули азоб] фарёд мезаданд, аммо [он замон дигар] ҳангоми наҷот набуд
Мушрикон аз ин ки бимдиҳандае аз миёни худашон ба суроғашон омадааст, ибрози шигифтӣ карданд ва гуфтанд: «Ин мард ҷодугару дурӯғгӯст
Оё ба ҷойи маъбудони мухталиф маъбуде ягона қарор додааст? Воқеан, кори аҷибе аст»
Бузургонашон ба по хостанд [ва ба пайравони худ гуфтанд]: «Биравед ва бар [парастишу ҳифзи] маъбудонатон истодагарӣ кунед. Бе тардид, [Муҳаммад бо] ин кор хостааст [ки шуморо гумроҳ кунад ва худро ба раёсат бирасонад]
Мо ин [назарияи тавҳид]-ро ҳатто дар оини масеҳият ҳам нашнидаем. Ин сухан ҷуз дурӯғ [чизе] нест
Оё аз миёни [ҳамаи] мо Қуръон ба ӯ нозил шудааст»? [Чунин нест, ки онон мегӯянд] Балки онон дар [асли] ваҳйи Ман тардид доранд ва ҳанӯз азоби Маро начашидаанд
Оё ганҷинаҳои раҳмати Парвардигори шикастнопазири бахшандаат наздашон ҳаст?
Оё фармонравои осмонҳо ва замин ва байни онҳо ҳастанд? [Агар чунин аст] Бо васоил [-у имконоти худ ба осмон] авҷ бигиранд [ва монеи нузули ваҳй гарданд]
[Ин кофирон] Лашкаре шикастхӯрда аз ҷумла соири гурӯҳҳо [ва аҳзоби мухолифи паёмбарон] ҳастанд
Пеш аз онон низ қавми Нуҳ ва Од ва Фиръавни соҳибсипоҳ низ [паёмбарони Моро] такзиб карданд
Қавми Самуд ва қавми Лут ва асҳоби Айка [қавми Шуайб] низ аз он гурӯҳҳо буданд [ки паёмбаронро такзиб карданд]
Ҳар як [аз ин гурӯҳҳо] паёмбарон [-и худ]-ро такзиб карданд ва кайфари ман [дар мавридашон] таҳаққуқ ёфт
Инон фақат бонге саҳмнокро интизор мекашанд, ки ҳеҷ бозгаште надорад
[Бо тамасхур] Мегӯянд: «Парвардигоро, пеш аз фаро расидани рӯзи ҳисоб баҳраи моро [аз азоб] ба шитоб бидеҳ»
[Эй паёмбар] Дар баробари гуфторашон шикебо бош ва аз Довуд, бандаи тавонманди Мо ёд кун, ки ҳамвора [бо тавба ва анҷоми кори хайр ба даргоҳи мо] бозмегашт
Мо кӯҳҳоро ба ӯ ба хидмат гумоштем, ки ҳамнаво бо ӯ шомгоҳон ва бомдодон [Парвардигорро] тасбеҳ мегуфтанд
Ва парандагонро [низ ба хидмат гумоштем], ки гирд меомаданд ва ҳамагӣ мутеаш буданд [ва бо вай дар зикри Парвардигор ҳамовозӣ мекарданд]
Мо фармонравоиашро устувор намудем ва ба ӯ паёмбарӣ ва каломе файсалабахш ато кардем
Оё хабари афроде ба ту расидааст, ки барои додхоҳӣ [ба суроғи Довуд омаданд ва] аз девори ибодатгоҳаш боло рафтанд?
Чун [бидуни иттилоъ] бар Довуд ворид шуданд, аз диданашон ба ваҳшат афтод; онон гуфтанд: «Натарс, мо ду нафари шокӣ [шикояткунанда] ҳастем, ки яке бар дигаре ситам кардааст. Миёнамон ба адолат доварӣ кун ва аз ҳақ дур нашав ва моро ба роҳи рост ҳидоят кун»
[Яке аз онон гуфт] «Ин мард бародари ман аст. Ӯ наваду нуҳ меш дорад ва ман як меш дорам ва [ба исрор] мегӯяд: «Он [як меш]-ро ҳам ба ман во гузор» ва дар баҳс бар ман пирӯз шудааст»
[Довуд] Гуфт: «Мусалламан, ӯ бо хостани меши ту [барои афзудан] ба мешҳои худаш бар ту ситам кардааст ва бисёре аз шарикон [ва ҳамкорон] дар ҳаққи якдигар ситам мекунанд, магар касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, ки [онҳо низ] бисёр нодиранд». Довуд [ки бидуни тавзеҳ хостан аз тарафи дигар ҳукм содир карда буд] мутаваҷҷеҳ шуд, ки имтиҳонаш кардаем. Он гоҳ аз Парвардигораш омурзиш хост ва бо фурӯтанӣ ба замин афтод ва [ба даргоҳи илоҳӣ] тавба кард
Пас, ӯро ба хотири он [хато] бахшидем ва барояш дар пешгоҳи худ мақоме воло қарор додем ва [дар охират] бозгашти некуе хоҳад дошт
Эй Довуд, мо туро дар замин халифа ва фармонраво қарор додем; Пас, дар миёни мардум ба ҳақ доварӣ кун ва пайрави ҳаво [-и нафс] набош, ки аз роҳи Аллоҳ таоло гумроҳат мекунад. Бе гумон касоне, ки аз роҳи Аллоҳ таоло гумроҳ мешаванд, ба сазои он ки рӯзи ҳисобро фаромӯш кардаанд, азоби шадиде [дар пеш] доранд
Мо осмон ва замин ва он чиро, ки миёни онҳост, беҳуда наофаридаем. Ин гумони кофирон аст. Пас, вой бар кофирон аз оташи дузах!
Оё касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, монанди касоне ба ҳисоб меоварем, ки дар замин табаҳкорӣ кардаанд? Оё парҳезкоронро монанди бадкорон ба ҳисоб меоварем?
[Эй Муҳаммад, ин Қуръон] Китобест пурбаракат, ки бар ту нозил кардем, то [мардум] дар оёташ биандешанд ва хирадмандон панд гиранд
Мо Сулаймонро ба Довуд ато кардем, неку бандае буд ва ҳамвора [ба даргоҳи Парвардигораш] тавба мекард
[Ёд кун] Он гоҳ ки асргоҳон аспҳои асил [ва тундпо] барояш оварданд
[Сулаймон саргарми тамошои аспҳо шуд ва вақти намоз гузашт.] Он гоҳ гуфт: «Ба ростӣ, ки дӯстии ин аспҳо, маро аз ёди Парвардигорам ғофил кард, то он ки [хуршед] дар пардаи мағриб пинҳон шуд
[Бори дигар] Онҳоро назди ман бозгардонед». Он гоҳ [ба нишонаи вақф дар роҳи Аллоҳ таоло] ба соқу гардани аспҳо даст кашид
Сулаймонро озмудем ва ҷасади навзодеро [ки бидуни таваккал бар Аллоҳ таоло муштоқона дар интизори таваллудаш буд] бар тахташ афкандем [то дарёбад, ки қудрат ба тамомӣ дар ихтиёри Аллоҳ таоло аст]. Он гоҳ [тавба кард ва ба даргоҳи илоҳӣ] бозгашт
Гуфт: «Парвардигоро, маро биомурз ва ҳукумате ба ман арзонӣ дор, ки пас аз ман беназир бошад, ки бахшоянда Туӣ, Ту»
Пас, [Мо] бодро дар хидматаш гумоштем, ки ҳар куҷо ирода мекард, ба фармони Ӯ ба оромӣ равон мешуд
Ва ҳар бинокор ва ғаввосе аз ҷинниёнро [ки мехост, ба фармонаш даровардем]
Ва [гурӯҳи] дигаре [аз ҷиниён]-ро [ки ҳамагӣ] дар ғулу занҷир буданд, [таҳти султааш] даровардем
[Ба ӯ гуфтем] «Ин атои Мост, пас, [ба ҳар кас мехоҳӣ] бибахш ва аз ҳар ки мехоҳӣ, боз дор. Ҳисобе бар ту нест»
Бе тардид, барои Сулаймон дар пешгоҳи худ мақоми воло қарор додем ва [дар охират] бозгаште неку хоҳад дошт
[Эй паёмбар] Аз бандаи Мо Аюб ёд кун, он гоҳ ки Парвардигорашро нидо дод, ки: «Шайтон маро ба ранҷу дард овардааст»
[Ба ӯ фармон додем] «Пойи худро бар замин бикӯб [то чашмае биҷӯшад]. Ин чашмасоре хунук барои шустушӯ ва ошомиданист»
Ва хонаводаашро [ки аз даст дода буд] дучанд ба вай бахшидем, то [нишонаи] раҳмате аз ҷониби Мо ва андарзе барои хирадмандон бошад
Ва [ба ӯ фармон додем] «Дастае аз шохаҳо [-и борикро] баргир ва бо он [ҳамсаратро] бизан ва савгандатро [ки дар ҳангоми хашм ёд карда будӣ] нашикан. Бе тардид, ӯ марди шикебое буд. Чи неку бандае! Ба ростӣ, ки ӯ бисёр тавбакор буд
Ва [эй паёмбар] аз бандагони Мо Иброҳим ва Исҳоқ ва Яъқуб, ки тавонманду бобасират буданд
Мо бо [мавҳибати] ёди охират ба онон хулуси вижае бахшидем
Онон дар пешгоҳи Мо некмард ва баргузида буданд
Ва [низ] ёд кун аз Исмоил ва Ясаъ ва Зулкифл, ки ҳамагӣ аз некон буданд
Ин [Қуръон] пандест ва бе гумон, парҳезгорон [дар биҳишт] манзилгоҳе неку хоҳанд дошт
Боғҳое ҷовидон, ки дарҳояш ба рӯяшон кушодааст
Он ҷо, дар ҳоле ки бар тахтҳо такя задаанд, дастури меваҳои фаровон ва нӯшиданӣ медиҳанд
Ва наздашон занони дуруштчашм аст, ки [ танҳо ба шавҳарони худ] назар доранд ва [ҳамагӣ] ҳамсин ҳастанд
Ин ҳамон неъматҳоест, ки барои рӯзи ҳисоб ба шумо ваъда дода мешавад
Ин ризқу рӯзӣ аз ҷониби Мост, ки ҳаргиз [қатъ намешавад ва] поён намепазирад
Ин [подоши парҳезкорон] аст ва саркашон бадтарин бозгаштро доранд
[Ҳамон] Дузах, ки дар он ворид мешаванд ва чи бад қароргоҳе аст!
Ин [муҷозот] оби ҷӯшон ва хунобаи чирколудест, ки бояд аз он бичашанд
Ва ҷуз инҳо кайфарҳои гуногуни дигаре ҳаммонанди он доранд
[Ба раҳбарони дузахӣ гуфта мешавад] «Ин гурӯҳ низ ҳамроҳи шумо [ба дузах] дармеоянд». [Онон посух медиҳанд] «Хуш омад бар онон мабод! Чаро ки ба оташ дармеоянд»
[Пайравон] Мегӯянд: «Балки, шуморо хушомад мабод, ки ин [азоб]-ро пеши пойи мо ниҳодед. Пас, [дузах] чи бад қароргоҳе аст»!
[Сипас] Мегӯянд: «Парвардигоро, ҳар кас, ки ин [азоб]-ро барои Мо фароҳам кардааст, азобашро дар оташ дучанд кун»
[Дузахиёни мутакаббир] Мегӯянд: «Чаро касонеро, ки [дар дунё] дар зумраи ашрор мепиндоштем, [дар дузах] намебинем?
Оё [бе ҷиҳат] ононро, ки тамасхур мегирифтем ё [ин ҷо ҳастанд ва] чашмон [-и мо] бар эшон намеафтад?»
Ин муҷодалаи аҳли оташ қатъан ростаст
[Эй паёмбар, ба кофирон] Бигӯ: «Ман фақат бимдиҳандаам ва ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Аллоҳи ягонаи пирӯзманд нест
Парвардигори осмонҳо ва замин ва он чи миёни онҳост. [Он] Шикастнопазири омурзанда»
[Эй паёмбар] Бигӯ: «Ин [Қуръон] хабаре бузург аст,
шумо аз он рӯйгардонед
[Агар ба ман ваҳй намешуд] Аз олами болотар он гоҳ, ки фариштагон [дар мавриди офариниши инсон] ҷидол мекарданд, ҳеҷ иттилое надоштам
Танҳо аз он рӯй ба ман ваҳй мешавад, ки бимдиҳандае ошкорам»
[Ёд кун аз] Ҳангоме ки Парвардигорат ба фариштагон гуфт: «Ман башаре аз гил меофаринам
Он гоҳ ки ӯро сомон додам ва аз рӯҳи хеш дар ӯ дамидам, дар баробараш саҷда кунед»
Пас, [чун Одам халқ шуд] фариштагон ҳамагӣ саҷда карданд
Магар Иблис, ки такаббур варзид ва кофир шуд
[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Эй Иблис, чи чиз муҷиб шуд, ки дар баробари он чи ба дастони худ офаридаам, саҷда накунӣ? Оё такаббур варзидӣ ё бартариҷӯӣ кардӣ»?
Гуфт: «Ман аз ӯ бартарам: Маро аз оташ офаридаӣ ва ӯро аз гил»
Аллоҳ таоло фармуд: «Аз биҳишт берун шав, ки ту [манфуру] рондашудаӣ
Ва лаънати Ман то рӯзи қиёмат бар ту хоҳад буд»
[Иблис] Гуфт: «Парвардигоро, пас то рӯзе, ки [бандагонат] барангехта мешаванд, ба ман муҳлат бидеҳ»
[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Муҳлат хоҳӣ дошт
То [рӯзи қиёмат] он вақти муайян»
[Иблис] Гуфт: «Ба иззатат савганд, ки ҳамаи ононро гумроҳ хоҳам кард
Магар бандагони холиси Ту аз [миёни] онон [ки ҳидояташон кардаӣ]»
[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Пас, [сухани Ман] ҳақ аст ва ҳақро мегӯям
Қатъан, ҷаҳаннамро аз ту ва ҳар ки аз ту пайравӣ кунад, анбошта хоҳам сохт»
[Эй паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Ман [дар баробари рисолатам] ҳеҷ подоше аз шумо намехоҳам ва фиребкор нестам [ва ба дурӯғ иддаои нубувват намекунам]»
Ин [Қуръон] ҷуз панд барои ҷаҳониён [инсон ва ҷин] нест
Ва қатъан, пас аз марг аз хабари [ҳаққоният ва ростии] он огоҳ хоҳед шуд