ﯢ
surah.translation
.
من تأليف:
خوجه ميروف خوجه مير
.
ﰡ
1. (Аллоҳ таъоло савганд ёд кардааст:) Савганд ба он ситора, ки чун дар охири шаб пинҳон шавад.
2. Гумроҳ нашудааст Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва на ба роҳи каҷ рафтааст. Балки Ӯ хеле ҳам дар роҳи дуруст ва иътидол мебошад.
3. Ва сухан аз рӯи ҳавою ҳавас намегӯяд.
4. Он чизе, ки бо худ оварда ва бо шумо дар миён ниҳодааст, ҷуз ваҳй чизи дигаре нест, ки бар ӯ фиристода мешавад.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22/498
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22/498
5. Таълим додааст ин Қуръонро ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фариштае, ки бисёр неруманд аст.
6. Пас фариштаи неруманд дорои ахлоқи некӯ (Ҷабраил алайҳиссалом) рост ва дуруст истод.
7. Ва ӯ худро нишон дод ба сурати аслиаш ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар канори баландии осмон.(1)
____________________
1. Яъне, дар тарафи офтоббаро.
____________________
1. Яъне, дар тарафи офтоббаро.
8. Сипас Ҷабраил наздик шуд ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам, онгоҳ фуруд омад ва наздиктар шуд,
9. пас фосилаи ӯ ба Паёмбар ба қадри ду камон ё камтар буд.
10. Ва Аллоҳ ба бандаи худ Муҳаммад салаллоҳу алайҳи ва саллам ҳар чӣ бояд ваҳй кунад, ба воситаи Ҷабраил, ваҳй кард.
11. Дили Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам он чиро, ки чашмаш дида буд, дурӯғ нашумурд.
12. Оё бо ӯ дар бораи чизе ки аз оёти Парвардигораш дидааст ситеза мекунеду дуруғ мебароред?
13. Ва ба ростӣ Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам Ҷабраилро ба сурати ҳақиқиаш бори дигар дида буд,
14. назди Сидрату-л- мунтаҳо(1),
____________________
1. Яъне, дарахти набқ дар болои осмони ҳафтум. Тафсири Саъдӣ 1/818
____________________
1. Яъне, дарахти набқ дар болои осмони ҳафтум. Тафсири Саъдӣ 1/818
15. ки Ҷаннату-л-маъвои барои парҳезгорон ваъда шуда назди он қарор дорад.
16. Чун дарахти Сидраро он чӣ пӯшонда буд, фурӯ пӯшонд, он гоҳ, ки амри бузург аз сӯи Аллоҳ онро мепӯшонад, ки васф ва ҳолати онро ғайри Аллоҳи якто дигаре намедонад.
17. Ҳаргиз чашмаш каҷравӣ накард на росту на чап ва аз он чи ба он амр карда шуда буд ба диданаш таҷовуз накард.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/818
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/818
18. Ҳамоно дид Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам, шаби Меъроҷ, порае аз оёти бузург, (яъне, ҷаннат ва дӯзахро, ки далолат ба қудрати Аллоҳ мекунад)(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/818
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/818
19. Оё эй мушрикон, он маъбудонеро, ки ибодаташон мекунед: Лот ва Узоро дидаед?
20. Ва Манот, он бути саввуми дигарро? Оё фоида ё зараре овард, то шарики Аллоҳ гардад?
21. Оё шуморо писар бошад, ки ба он розиед ва Аллоҳро духтар, ки дар ин сурат онро барои худ розӣ нестед?
22. Ин тақсими ситамкорона аст.
23. Ин бутҳо чизе нестанд(1) ҷуз номҳое, ки худ ва падаронатон аз рӯи ҳавову ҳаваси ботилатон ба онҳо додаед. Ва Аллоҳ таъоло ҳеҷ далеле барои тасдиқи даъвои шумо нафиристодааст.
Танҳо он мушрикон аз паи гумону нафси хеш мераванд ва ҳол он ки аз ҷониби Аллоҳ бар забони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам роҳнамоияшон кардаанд, пас ба онҳо фоидае накард.(2)
____________________
1. Яъне, соҳиби сифатҳои камол нестанд. 2. Тафсири Табарӣ 22/528
Танҳо он мушрикон аз паи гумону нафси хеш мераванд ва ҳол он ки аз ҷониби Аллоҳ бар забони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам роҳнамоияшон кардаанд, пас ба онҳо фоидае накард.(2)
____________________
1. Яъне, соҳиби сифатҳои камол нестанд. 2. Тафсири Табарӣ 22/528
24. Оё ҳар чиро, ки одамӣ орзу кунад, аз шафоъати ин маъбудон ё ғайраш барояш ҳосил аст? (Ҳаргиз не).
25. Оре, ҳам охират ва ҳам дунё аз они Аллоҳ аст.
26. Ва чӣ бисёр фариштагони олиҳиммат дар осмонанд, ки шафоъаташон ҳеҷ фоидае надиҳад, магар аз он пас, ки Аллоҳ барои ҳар касе, ки бихоҳад ва писандад иҷозат диҳад.
27. Ҳароина, аз кофирони араб онон, ки ба охират имон надоранд ва барои он рӯз амал намекунанд, албатта, фариштагонро ба номҳои занона номгузорӣ мекунанд.(1)
____________________
1. Яъне, аз рӯи эътиқоди ботилашон, ки фариштагон духтарони Аллоҳанд.
____________________
1. Яъне, аз рӯи эътиқоди ботилашон, ки фариштагон духтарони Аллоҳанд.
28. Ва онҳоро ба он чӣ мегӯянд, ҳеҷ донише нест. Танҳо аз гумони худ пайравӣ мекунанд ва ҳароина, гумон барои шинохти ҳақиқат кофӣ нест!
29. Пас, ту низ рӯй гардон аз касе, ки аз сухани Мо (Қуръон) рӯй мегардонад ва ҷуз зиндагии дунявӣ чизи дигареро намеҷӯяд.
30. Ниҳояти донишашон ҳамин аст. Ҳароина, Парвардигори ту ба он касе, ки аз роҳи Ӯ гумроҳ мешавад оё ба роҳи ҳидоят (Ислом) меравад, донотар аст.(1)
____________________
1. Ин оят ҳушдори сахт аст барои гунаҳгороне, ки саркашӣ мекунанд аз амал кардан ба Қуръону суннат ва насиби дунявиро аз насиби охират бартар медонанд.
____________________
1. Ин оят ҳушдори сахт аст барои гунаҳгороне, ки саркашӣ мекунанд аз амал кардан ба Қуръону суннат ва насиби дунявиро аз насиби охират бартар медонанд.
31. Аз они Аллоҳ аст ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст, то бадкоронро дар баробари аъмолашон ҷазо диҳад ва некӯкоронро ба кирдори некашон подош (ҷаннат) диҳад.
32. Онҳо касонеанд, ки аз гуноҳони бузургу беҳаёгиҳо парҳез мекунанд, ҷуз
он ки гуноҳи хурде(1) аз онҳо сар занад, бидонанд, ки ҳароина, омурзиши Парвардигори ту васеъ аст ва Ӯ ба аҳволи шумо он гоҳ ки аз замин биёфарид падаратон Одамро ва он гоҳ ки дар шиками модаратон пинҳон будед, огоҳтар аст. Хештанро бегуноҳ надонед ва худро таъриф накунед ба парҳезгорӣ. Ӯ ба парҳезгорон донотар аст!(2)
____________________
1. Яъне, он гуноҳҳое, ки кунандааш бар ондавомат намекунад, ё бар он маломат карда мешавад. Пас касе, ки воҷиботро ба ҷой орад ва муҳаррамотро тарк кунад, Аллоҳ гуноҳҳои сағираашро мебахшад. 2. Тафсири Табарӣ 22/540
он ки гуноҳи хурде(1) аз онҳо сар занад, бидонанд, ки ҳароина, омурзиши Парвардигори ту васеъ аст ва Ӯ ба аҳволи шумо он гоҳ ки аз замин биёфарид падаратон Одамро ва он гоҳ ки дар шиками модаратон пинҳон будед, огоҳтар аст. Хештанро бегуноҳ надонед ва худро таъриф накунед ба парҳезгорӣ. Ӯ ба парҳезгорон донотар аст!(2)
____________________
1. Яъне, он гуноҳҳое, ки кунандааш бар ондавомат намекунад, ё бар он маломат карда мешавад. Пас касе, ки воҷиботро ба ҷой орад ва муҳаррамотро тарк кунад, Аллоҳ гуноҳҳои сағираашро мебахшад. 2. Тафсири Табарӣ 22/540
33. Оё дидӣ эй Паёмбар ҳоли зишти касеро, ки аз тоъати Аллоҳ рӯй гардонидааст?
34. Ва каме аз моли худ доду баъд аз он бозистод ва сангдил шуд.
35. Оё касе, ки аз хайр кардани молаш боз истод, ӯ илми ғайбро медонад ва ҳама чизро мебинад?(1) (Ҳаргиз на, балки ин
ба сабаби мумсикӣ ва сахтдилии ӯст).
____________________
1. Яъне, агар молашро диҳад, кам мешавад, пас ӯ онро мебинад.
ба сабаби мумсикӣ ва сахтдилии ӯст).
____________________
1. Яъне, агар молашро диҳад, кам мешавад, пас ӯ онро мебинад.
36. Ё ба он чӣ дар саҳифаҳои (Тавроти) Мӯсо омада, хабар дода нашудааст.
37. Ё аз саҳифаҳои Иброҳим, ки ба он чи амр карда шуда буд. Иброҳим ба ҳамааш, вафо кард ва расонид?
38. Яке аз муҳимтарин аҳкоме, ки дар саҳифаҳои Мӯсо ва Иброҳим омадааст, ин аст, ки ҳеҷ кас бори гуноҳи дигареро бар дӯш намегирад.
39. Ва ин ки: барои мардум подоше ҷуз он чӣ худ касб кардаанд, чизи дигаре нест.
40. Ва тамоми саъю кӯшиши инсон дар рӯзи қиёмат дида мешавад. Ва ҷудо карда мешавад некиҳояш аз бадиҳояш.
41. Сипас инсон ҷазои пурра дода мешавад бар тамоми амалҳояш.
42. Ва ҳароина, эй Паёмбар поёни роҳи бозгашти ҳама ба сӯйи Парвардигори туст.
43. Ва ҳароина, Ӯ таъоло касеро, ки хоҳад дар дунё механдонаду хурсанд мекунад ва касеро, ки хоҳад мегирёнаду ғамгин месозад.
44.Ва ҳароина, Ӯ таъоло касеро, ки ирода кунад аз халқаш мемиронад ва касеро, ки ирода кунад зинда мекунад. (Пас Ӯ таъоло ягонааст дар зинда кардан ва миронидан).
45.Ва ҳароина, Ӯ таъоло, ки ҷуфтҳои нар ва модаро аз инсон ва ҳайвонот офаридааст,
46. аз нутфа, он гоҳ ки дар бачадони зан рехта мешавад.
47. Ва ҳароина, бар ӯҳдаи Ӯст зинда гардонидани дубора. Ва он дар рӯзи қиёмат хоҳад шуд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/822
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/822
48. Ва ҳароина, Ӯ таъолост, ки касеро, ки хоҳад аз халқаш, ба мол сарватманд мегардонад ва онҳоро ба он розӣ мегардонад.
49. Ва ҳароина, Ӯст Парвардигори ситораи Шиъро(2).
____________________
1. Ситораи "Шиъро": Ситораи дурахшонест, ки баъзе аз аҳли ҷоҳилият онро дар баробари Аллоҳ таъоло парастиш мекарданд. Тафсири Табарӣ 22/55
____________________
1. Ситораи "Шиъро": Ситораи дурахшонест, ки баъзе аз аҳли ҷоҳилият онро дар баробари Аллоҳ таъоло парастиш мекарданд. Тафсири Табарӣ 22/55
50. Ва ҳароина, Ӯст, ки Оди нахустин, қавми Ҳудро ҳалок кард.
51. Ва Самуд аз қавми Солеҳро ҳалок кард ва аз онҳо ҳеҷ боқӣ нагузошт.
52. Ва низ пеш аз онҳо қавми Нӯҳро, ки ҳароина, ситамкортару саркаштар буданд, ҳалок кард.
ﭿﮀ
ﰴ
53. Ва низ шаҳри Мӯътафикаро (қавми Лутро) нобуд кард.
54. Пас онҳоро ба он чӣ сазовор буданд аз азоби сангин ва дарднок пӯшонид.
55. Пас, ба кадом як аз неъматҳои Парвардигорат эй инсони нобовар шак
мекунӣ?
мекунӣ?
56. Ин Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам бимдиҳандаи барҳақест монанди бимдиҳандагони пешин. Пас паёмбари навпайдо шуда нест.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/822
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/822
ﮑﮒ
ﰸ
57. Қиёмат наздик гардидааст. Ҳеҷ касе ба ҷуз Аллоҳ таъоло онро дафъ карда наметавонад.
58. Касе ба ҷуз Аллоҳ таъоло ошкоркунандаи он нест ва надонад вақти воқеъ шудани қиёматро.
59. Оё эй мушрикон, аз ин Қуръон таъаҷҷуб мекунед, ки рост бошад?
60. Ва масхаракунон ба Қуръон механдеду ва аз тарси азоб гиря намекунед?
ﮤﮥ
ﰼ
61. Ва шумо дар ғафлат мондаед.
62. Пас, Аллоҳро саҷда кунед ва Ӯро танҳо бо ихлос бипарастед ва тамоми корҳоятонро ба Ӯ таслим кунед!(1)
____________________
1. Баъди хондани ин оят, саҷда бояд кард.
____________________
1. Баъди хондани ин оят, саҷда бояд кард.