ﰏ
surah.translation
.
من تأليف:
فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام
.
ﰡ
Касоне аз аҳли китоб ва мушрикон, ки кофир шуданд, [аз оини куфр] даст барнамедоранд, то ин ки барои онон далели равшане биёяд
Паёмбаре аз сӯи Аллоҳ таоло [биёяд], ки саҳифаҳои покро бихонад
Ва дар он [саҳифаҳо] навиштаҳое устувор [ва дуруст] аст
Ва касоне, ки ба онон китоб дода шуд, [аз ҷумлаи яҳудиён ва масеҳиён] пароканда нашуданд, [ва ихтилоф накарданд] магар баъд аз он ки далели равшан барои онон омад
Ва эшон фармон наёфтанд, ҷуз ин ки Аллоҳро бипарастанд, дар ҳоле ки дини худро барои ӯ холис гардонанд [ва аз ширку бутпарастӣ] ба тавҳид рӯ оваранд; ва намоз барпо доранд ва закот бипардозанд; ва ин аст оини ростин ва мустақим
Бе гумон, касоне аз аҳли китоб ва мушрикон, ки кофир шуданд, ҷовидона дар оташи ҷаҳаннам хоҳанд монд. Онон бадтарин офаридагон ҳастанд
Ҳамоно касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, онон беҳтарини офаридагон ҳастанд
Подоши эшон назди Парвардигорашон боғҳои [биҳишти] ҷовидон аст, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорист; ҳамеша дар он хоҳанд монд; Аллоҳ таоло аз [аъмоли] онҳо хушнуд аст ва онон [низ] аз [подоши] Ӯ хушнуданд; ва ин [мақом ва подош] барои касест, ки аз Парвардигораш битарсад