ﯦ
ترجمة معاني سورة الحديد
باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية
.
من تأليف:
خوجه ميروف خوجه مير
.
ﰡ
1. Аллоҳро ба покӣ ёд мекунад, ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст аз ҷамиъи махлуқоташ ва Ӯ бар халқаш пирӯзманд ва дар тадбири корашон ҳаким аст!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\165
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\165
2.Фармонравоии осмонҳову замин аз они Ӯст. Зинда мекунад ва мемиронад ва Ӯ бар ҳар чиз тавоност. Он чи хост шуд ва он чи нахост нашуд.
3.Ӯст аввалин пеш аз ҳама чиз ва Ӯст охирин баъд аз ҳама чиз ва Ӯст ошкор пайдо аст, ки болотар аз Ӯ чизе нест ва Ӯст пинҳон нопайдо аст, ки пинҳонтар аз Ӯ чизе нест ва Ӯ ба ҳама чиз доност. Ва чизе дар осмон ва замин бар Ӯ пӯшида намемонад!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\837
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\837
4. Ӯст, ки осмонҳову заминро ва он чи миёни онҳост дар шаш рӯз офарид. Сипас ба арши Худ ва болои ҳамаи халқаш истиво(1) ёфт. Ҳар чизеро, ки дар замин фурӯ меравад аз дона ва борон ва чизеро, ки аз замин берун меояд аз наботот ва зироатҳо ва ҳар чизеро, ки аз осмон фурӯ меояд аз борон ва ҳар чизеро, ки ба осмон боло меравад, аз фариштагон ва амалҳои бандагон медонад. Ва ҳар ҷо, ки бошед, бо илми Худ ҳамроҳи шумост ва ба ҳар коре, ки мекунед, биност ва бар он амалҳои неке, ки мекунед шуморо подош медиҳад!(2)
____________________
1. Ин сифат лоиқ ба ҷалол ва азаматии Ӯ мекунад ва сифатҳои Ӯ ба ҳеҷ махлуқоташ монандӣ надорад. Баёни ин сифат дар сураи Аъроф ояти 54 зикр шуд. 2. Тафсири Табарӣ 23\169
____________________
1. Ин сифат лоиқ ба ҷалол ва азаматии Ӯ мекунад ва сифатҳои Ӯ ба ҳеҷ махлуқоташ монандӣ надорад. Баёни ин сифат дар сураи Аъроф ояти 54 зикр шуд. 2. Тафсири Табарӣ 23\169
5. Фармонравоии осмонҳову замин аз они Ӯст ва ҳамаи корҳо ба сӯи Аллоҳ боз мегардад ва мувофиқи амалҳояшон бандагонашро подош медиҳад.
6. Шабро аз вақташ кам карда дар рӯз дохил мекунад ва рӯзро меафзояд ва рӯзро аз вақташ кам карда дар шаб дохил мекунад ва шабро меафзояд. Ва Аллоҳ ба ҳар чӣ дар дилҳост, аз нек ё бад огоҳ аст.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\171
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\171
7. Ба Аллоҳу паёмбараш Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам имон биёваред ва аз он чи ки Аллоҳ шуморо дар он ҷонишин сохтааст аз молҳоятон, дар роҳи Ӯ харҷ кунед. Пас эй одамон, касоне аз шумо, ки имон овардаанд ва аз молҳояшон дар роҳи Аллоҳ харҷ кардаанд, барояшон савоби бузургест.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\838
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\838
8. Ва шуморо чи шудааст, ки ба Аллоҳ имон намеоваред ва ба шариъати Ӯ амал намекунед ва ҳол он ки паёмбар шуморо ба он даъват мекунад, ки ба Парвардигоратон имон биёваред ва агар мӯъмин бошед, ба ростӣ Аллоҳ аз шумо паймонатонро гирифтааст?
9. Ӯст он Аллоҳе, ки бар бандаи худ Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам оёти равшанро аз Қуръон нозил мекунад, то шуморо аз торикии куфр ба рӯшноии имон берун оварад. Ва ҳароина, Аллоҳ ба шумо дар берун оварданатон аз торикӣ ба сӯи рӯшноӣ, ҳатман, мушфиқу меҳрубон аст ва шуморо ба некӯтарин савоб подош медиҳад.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\838
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\838
10. Ва чаро дар роҳи Аллоҳ нафақа намеқунед ва ҳол он ки аз они Аллоҳ аст мероси осмонҳову замин? Аз миёни шумо онон, ки пеш аз фатҳ шудани Макка нафақа кардаанд ва ба куффор ҷанг кардаанд, бо онон, ки баъд аз фатҳ нафақа кардаанд ва ба куффор ҷанг кардаанд, дар аҷру савоб баробар нестанд. Дараҷаҳои онон (гурӯҳи аввал) болотар аст, аз онҳое, ки баъд аз фатҳ ҷанг ва нафақа кардаанд. Ва Аллоҳ ҳар як аз ду гурӯҳро ваъдаи нек (ҷаннат) медиҳад. Ва Аллоҳ ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст ва чизе бар Ӯ пӯшида нест.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\177
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\177
11. Кист, ки Аллоҳро қарзи некӯ (яъне, дар роҳи Аллоҳ садақаи бе миннат) диҳад, ба он умед, ки то аҷру савоби онро барояш чандон баробар зиёд кунад ва ӯро подоши некӯ бошад ва он ҷаннат аст?(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 8\14
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 8\14
12. Рӯзе, ки мардони мӯъмину занони мӯъминро мебинӣ, ки нурашон пешопеши онон дар самти росташон меравад. Дар он рӯз шуморо башорат бод ба биҳиштҳое, ки дар он дарёҳо равон аст ва дар он ҷовидон хоҳед монд ва ин комёбии бузургест барои шумо дар охират.
13. Рӯзе мардони мунофиқу занони мунофиқ ба касоне, ки имон овардаанд, мегӯянд: «Ба мо нигоҳ кунед, то аз нуратон равшанӣ гирем!» Фариштагон барояшон тамасхӯрона гӯянд: «Ба ақиб ба дунё бозгардед ва аз он ҷо нур биталабед!» Онгоҳ миёни онҳо деворе зада мешавад, ки бар он девор даре бошад, даруни он ки рӯ ба мӯъминон аст раҳмат бошаду беруни он ки рӯ ба мунофиқон аст, азоб аст.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\839
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\839
14. Ва мунофиқон онҳоро (яъне, мӯъминонро) нидо диҳанд, ки оё мо дар дунё бо шумо ҳамроҳ набудем ва мисли шумо ибодат мекардем? Мӯъминон барояшон мегӯянд: «Бале, аммо шумо худро ба нифоқу маъсият дар бало афкандед ва ба марги паёмбар ва нобудии мусалмонон интизорӣ кардед ва ба рӯзи аз нав зинда шудани баъди мурдан дар шак будед ва орзуҳои дунё шуморо бифирефт, то он гоҳ ки фармони Аллоҳ (аҷал) даррасид ва фиребгарии шайтон дар фармонбардорӣ ба Аллоҳ фиребатон дод.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\186
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\186
15. Пас имрӯз аз ҳеҷ яке аз шумо мунофиқон фидяе (ивазе) гирифта намешавад, то худро аз азоби Аллоҳ наҷот диҳад ва на фидя гирифта мешавад аз касоне, ки кофир шуданд. "Ҷойгоҳатон оташ аст. Оташ ёвар ва сарпарасти шумост ва чи бад саранҷомест!»(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 8\19
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 8\19
16. Оё барои он касоне, ки имон ба Аллоҳ ва расулаш овардаанд, вақти он нарасидааст, ки дилҳояшон дар баробари ёди Аллоҳ ва шунидани сухани ҳақ (Қуръон), ки нозил шудааст, нарм гардад? Ва низ монанди касоне (яъне, яҳуду насоро) набошанд, ки пеш аз ин Қуръон ба онҳо китоб дода шудаааст ва рӯзгор бар онҳо дароз омад, каломи Аллоҳро табдил доданд, онгоҳ дилҳояшон сахт шуд ва бисёре аз онҳо фосиқонанд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 8\37. Ин оят далел аст бар ин ки мӯъминон дар шунидани каломи Аллоҳ фурӯтан бошанд ва низ аз мушобиҳат ба яҳуду насоро дар ҳазар бошанд, зеро ки боиси сахтдилӣ ва берун омадан аз тоъати Аллоҳ мешаванд.
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 8\37. Ин оят далел аст бар ин ки мӯъминон дар шунидани каломи Аллоҳ фурӯтан бошанд ва низ аз мушобиҳат ба яҳуду насоро дар ҳазар бошанд, зеро ки боиси сахтдилӣ ва берун омадан аз тоъати Аллоҳ мешаванд.
17. Бидонед, ки ҳароина, Аллоҳ ба борон заминро пас аз мурданаш зинда мекунад. Инчунин қодир ҳаст бар зинда гардондани мурдаҳо дар рӯзи қиёмат ва қодир ҳаст дилҳои сахтро нарм гардонад. Ба таҳқиқ, Мо оётро бароятон ба равшанӣ баён кардем, то ин ки шумо хирад варзед!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\190
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\190
18. Ҳароина, Аллоҳ ба мардони садақадиҳанда ва занони садақадиҳанда ва онҳое, ки ба нияти холис ба Аллоҳ қарзи некӯ медиҳанд, чандон баробар зиёд барояшон подош дода мешавад ва онон подоши гаронқадр доранд ва он ҷаннат аст.(3)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\840
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\840
19. Ва касоне, ки ба Аллоҳ ва паёмбаронаш имон овардаанд ва миёни ҳеҷ яке аз паёмбаронаш фарқе наниҳоданд, онҳо сиддиқонанд(1).
Ва шаҳидон дар назди Парвардигорашон ҳастанд. Барои онҳост подошашон ва нурашон рӯзи қиёмат.
Ва онҳое, ки кофир шуданд ва оёти Моро дурӯғ шумориданд, на барояшон подош ва на нур аст, балки онҳо соҳибони ҷаҳаннаманд.
____________________
1. Сиддиқон он касонеанд, ки имонашон ба он чи ки паёмбарон овардаанд комил шудааст ҳам дар эътиқод, ҳам дар қавл ва ҳам дар амал.
Ва шаҳидон дар назди Парвардигорашон ҳастанд. Барои онҳост подошашон ва нурашон рӯзи қиёмат.
Ва онҳое, ки кофир шуданд ва оёти Моро дурӯғ шумориданд, на барояшон подош ва на нур аст, балки онҳо соҳибони ҷаҳаннаманд.
____________________
1. Сиддиқон он касонеанд, ки имонашон ба он чи ки паёмбарон овардаанд комил шудааст ҳам дар эътиқод, ҳам дар қавл ва ҳам дар амал.
20. Бидонед, ки эй мардум, дар ҳақиқат зиндагии инҷаҳонӣ бозиву беҳудагист, ки ба он баданҳо бозӣ мекунанд ва дилҳо саргарм мешаванд ва ороиш аст, ки худро ба он зиннат медиҳанд ва миёни шумо фахр кардану афзунҷӯӣ дар молҳову фарзандон ба монанди боронест, ки рӯиданиҳояш кишоварзонро дар тааҷҷуб оварад. Сипас он гиёҳ пажмурда мешавад, пас мебинӣ, ки зард гаштааст, сипас хасу хошок шудааст ва дар охират барои кофирон азоби сахт аст ва барои ахли имон омурзиши Аллоҳ ва хушнудии Ӯст. Ва зиндагии дунё барои касе, ки охираташро фаромӯш кардааст, ҷуз матоъе фиребанда чизи дигаре нест.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 8\24
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 8\24
21. Эй мардум, барои расидан ба сабабҳои омӯрзиши Парвардигоратон ба воситаи тавбаи насуҳ ва дурӣ аз гуноҳ ва ба биҳиште, ки васеъии он монанди васеъии осмонҳову замин аст, бар якдигар мусобиқа кунед.
Ин биҳишт барои касоне муҳайё шудааст, ки ба Аллоҳу паёмбаронаш имон овардаанд. Ин бахшоишест аз ҷониби Аллоҳ, ки ба ҳар кас бихоҳад медиҳад ва Аллоҳ соҳиби бахшоише бузург аст. (Ин оят далел аст; ки бе бахшоиш ва раҳмати Аллоҳ ва амали солеҳ ҳеҷ кас ба биҳишт ворид намешавад.)
Ин биҳишт барои касоне муҳайё шудааст, ки ба Аллоҳу паёмбаронаш имон овардаанд. Ин бахшоишест аз ҷониби Аллоҳ, ки ба ҳар кас бихоҳад медиҳад ва Аллоҳ соҳиби бахшоише бузург аст. (Ин оят далел аст; ки бе бахшоиш ва раҳмати Аллоҳ ва амали солеҳ ҳеҷ кас ба биҳишт ворид намешавад.)
22. Ҳеҷ мусибате дар замин ва на дар ҷонатон нарасад, магар пеш аз он ки онро биёварем дар китобе (Лавҳи Маҳфуз) навишта шудааст. Бегумон ин амр бар Аллоҳ осон аст!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\842
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\842
23. Ин бар он хотир аст, ки то бар он чӣ ки дар дунё аз дастатон меравад, андӯҳгин мабошед ва ба он чӣ ба дастатон меояд, шодмонӣ накунед. (Яъне, фахр ва такаббур накунед) Ва Аллоҳ ҳеҷ мутакаббири худситояндаро дӯст надорад:
24. Онҳо (мутакаббирон), ки дар адои закоти молҳои худ бухл меварзанд ва дар роҳи Аллоҳ онҳоро харҷ намекунанд ва мардумро ба бухл мефармоянд. Ва ҳар кӣ аз тоъати Аллоҳ рӯй мегардонад, ба ҷуз худ касеро зарар намерасонад. Пас бидонад, ки бегумон Аллоҳ аз тамоми халқаш бениёз
ва сутудааст. Ӯрост тамоми сифатҳои накӯ.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\842
ва сутудааст. Ӯрост тамоми сифатҳои накӯ.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\842
25. Ҳамоно Мо паёмбаронамонро бо далелҳои равшан фиристодем ва бо онҳо китобро ба аҳкому шариъатҳояш ва тарозуро низ нозил кардем, то мардум байни якдигар ба адолат амал кунанд ва оҳанро, ки дар он нерӯи сахт ва манфиъатҳои дигаре барои мардум ҳаст, фурӯ фиристодем, то Аллоҳ бидонад ва бубинад дар олами воқеъ чӣ касе нодида Ӯро ва паёмбаронашро ёрӣ мекунад. Албатта, Аллоҳ тавоно аст, нотавон карда намешавад, пирӯзманд аст, мағлуб карда намешавад(1)!
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 8\41
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 8\41
26. Ва ҳамоно Мо Нӯҳу Иброҳимро ба сӯи қавмашон ба паёмбарӣ фиристодем ва дар миёни фарзандонашон нубувват ва китоб ниҳодем. Пас аз миёни онҳо баъзеашон ҳидоятёфтагон буданд, вале бисёре аз онҳо фосиқанд.(1)
____________________
1. Яъне, аз тоъати Аллоҳ хориҷ шудаанд. Тафсири Табарӣ 23\202
____________________
1. Яъне, аз тоъати Аллоҳ хориҷ шудаанд. Тафсири Табарӣ 23\202
27. Боз аз паи онҳо Нӯҳу Иброҳим паёмбарони худро фиристодем. Ва Исо ибни Марямро аз паси онҳо фиристодем ва ба ӯ Инҷилро додем ва дар дили пайравонаш меҳрубонию бахшииш қарор додем.
Ва раҳбонияте(1), ки худ ӯро пайдо карда буданд.
Мо онро барояшон фарз накарда будем, аммо дар он хушнудии Аллоҳ меҷӯстанд, вале ҳаққи онро ба ҷо нагузориданд. Мо аз миёни онҳо касонеро, ки имон
ба Аллоҳу паёмбаронаш оварда буданд, мувофиқ ба имонашон подош додем, вале бисёре аз онҳо фосиқонанд.(2)
____________________
1. Ибодатест, ки худ онро ба вуҷуд оварданд ва онро бар худ воҷиб карданд ва худро бар он лозим донистанд. Монанди гӯшанишини, тарки издивоҷ, тарки дунё ва ғайра. 2. Яъне, аз тоъати Аллоҳ хориҷ шудаанд ва ба паёмбар Муҳаммад саллаллоху алайҳи ва саллам имон наёвардаанд Тафсири Саъдӣ 1\842
Ва раҳбонияте(1), ки худ ӯро пайдо карда буданд.
Мо онро барояшон фарз накарда будем, аммо дар он хушнудии Аллоҳ меҷӯстанд, вале ҳаққи онро ба ҷо нагузориданд. Мо аз миёни онҳо касонеро, ки имон
ба Аллоҳу паёмбаронаш оварда буданд, мувофиқ ба имонашон подош додем, вале бисёре аз онҳо фосиқонанд.(2)
____________________
1. Ибодатест, ки худ онро ба вуҷуд оварданд ва онро бар худ воҷиб карданд ва худро бар он лозим донистанд. Монанди гӯшанишини, тарки издивоҷ, тарки дунё ва ғайра. 2. Яъне, аз тоъати Аллоҳ хориҷ шудаанд ва ба паёмбар Муҳаммад саллаллоху алайҳи ва саллам имон наёвардаанд Тафсири Саъдӣ 1\842
28. Эй касоне, ки ба Аллоҳ имон овардаед, аз Аллоҳ битарсед бо ба ҷо овардани амрҳояш ва дур будан
аз манъкардаҳояш ва ба паёмбараш имон биёваред, то шуморо аз раҳмати хеш ду баробар музд бидиҳад. Ва шуморо нуре ато кунад, то ба он роҳ равед ва барои шумо гуноҳонатонро меомӯрзад. Ва Аллоҳ бо бандагонаш омӯрзандаву меҳрубон аст,(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\209
аз манъкардаҳояш ва ба паёмбараш имон биёваред, то шуморо аз раҳмати хеш ду баробар музд бидиҳад. Ва шуморо нуре ато кунад, то ба он роҳ равед ва барои шумо гуноҳонатонро меомӯрзад. Ва Аллоҳ бо бандагонаш омӯрзандаву меҳрубон аст,(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\209
29. то аҳли китоб (онон, ки ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам имон наовардаанд), бидонанд, ки онҳо бар чизе аз фазли Аллоҳ қодир нестанд ва ҳароина, ин фазл ва ато ба дасти Ӯст, ки ба ҳар кӣ хоҳад, арзонӣ медорад ва Аллоҳ дорои бахшоиши азиме аст!