ﯶ
                    surah.translation
            .
            
    
                                    من تأليف: 
                                            فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام
                                                            .
                                                
            ﰡ
                                                                                                                
                                    ﭑﭒ
                                    ﰀ
                                                                        
                    Эй ҷомабахудпечида!
                                                                        Шабро – ҷуз андаке – ба по хез [ва ибодат кун]
                                                                        Нимае аз онро ё андаке аз он кам кун
                                                                        Ё андаке бар [нисфи] он биафзо ва Қуръонро бо тартил [-у тааммул] бихон
                                                                        Яқинан Мо ба зудӣ сухане сангин бар ту нозил хоҳем кард
                                                                        Бе гумон, шабзиндадорӣ [бар нафс] душвор аст ва барои гуфтор [ва ниёиш] муносибтар ва устувортар аст
                                                                        Ва яқинан ту дар рӯз машғулияти бисёр дорӣ
                                                                        Ва номи Парвардигоратро ёд кун ва танҳо ба Ӯ дил бибанд
                                                                        [Ҳамон] Парвардигори машриқу мағриб, ки маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест. Пас, Ӯро корсоз [-у нигаҳбони худ] баргузин
                                                                        Ва бар он чи [мушрикон] мегӯянд, шикебо бош ва ба шеваи наку [ва шоиста] аз онон дурӣ кун
                                                                        Ва маро бо ин такзибкунандагони бархурдор аз неъмат вогузор ва ба онон каме муҳлат деҳ
                                                                        Бе гумон, назди Мо қайд [-у бандҳо]-и сангин ва [оташи] дузах аст
                                                                        Ва таоме гулугир ва азобе дарднок
                                                                        Рӯзе, ки замину кӯҳҳо ба ларза дарояд ва кӯҳҳо [муталошӣ шаванд ва] ҳамчун тӯдаи реги нарм [равон] гарданд
                                                                        Яқинан, Мо паёмбаре ба сӯйи шумо фиристодем, ки бар шумо шоҳид [ва гувоҳ] аст, ҳамон гуна ки ба сӯйи Фиръавн паёмбаре фиристодем
                                                                        Он гоҳ Фиръавн аз он паёмбар нофармонӣ [ва бо ӯ мухолифат] кард ва Мо ӯро ба сахтӣ муҷозот кардем
                                                                        Пас, агар кофир шавед, чи гуна худро [аз азоб] дар амон медоред, [дар] рӯзе, ки кӯдаконро пир мекунад?
                                                                        [Дар он рӯз] Осмон шикофта мешавад [ва] ваъдаи Ӯ, ҳатман, ба вуқуъ мепайвандад.
                                                                        Бе гумон, ин [оёт] панд [-у ҳушдоре] аст, то ҳар ки бихоҳад, ба сӯи Парвардигори худ роҳе дар пеш гирад
                                                                        [Эй паёмбар] Яқинан Парвардигорат медонад, ки ту ва гурӯҳе аз онҳо, ки бо ту ҳастанд, наздики ду савуми шаб [аз cе ду ҳиссаи шаб] ва [ё] нисф [ё] як савум [сеяк]-и онро ба [намоз] бармехезед. Ва Аллоҳ таоло шабу рӯзро андозагирӣ мекунад. [Ӯ] Медонад, ки шумо наметавонед шумориши онро [дақиқ] муҳосиба кунед, пас, шуморо бахшид. Пас, акнун ҳар чи [барои шумо] муяссар бошад, аз Қуръон бихонед. [Аллоҳ таоло] Медонад, ки бархе аз шумо бемор хоҳанд шуд ва гурӯҳе [дигар] барои ба даст овардани фазлу неъмати Аллоҳ таоло дар замин сафар мекунанд ва гурӯҳе [низ] дар роҳи Аллоҳ таоло ҷиҳод мекунанд, пас, он чи муяссар бошад, аз он бихонед ва намоз барпо доред ва закот диҳед ва ба Аллоҳ таоло қарзи наку диҳед ва [бидонед, ки] он чи аз корҳои хайр пешопеш барои худ мефиристед, [онро] назди Аллоҳ таоло ба беҳтарин ваҷҳ ва бузургтарин подош хоҳед ёфт ва аз Аллоҳ таоло омурзиш бихоҳед, ки ҳамоно Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст