ترجمة معاني سورة طه باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي .
من تأليف: فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام .

То, ҳо
[Эй паёмбар, мо] Қуръонро бар ту нозил накардем, то дар ранҷ бияфтӣ
[Онро нафиристодем] Магар он ки панде бошад, барои ҳар ки [аз азоби илоҳӣ] метарсад
[Ин Қуръон] Фуруфиристодае аст аз ҷониби он ки замину осмонҳои баландро офаридааст
[Парвардигори] Раҳмон [онгуна ки шоистаи Ӯ аст ва бидуни он ки мӯҳтоҷ ба Арш бошад] бар Арш қарор гирифт
Он чи дар осмонҳо ва замин ва он чи миёни онҳост ва он чи зери хок [пинҳон] аст, [ҳамагӣ] аз они Ӯст
Ва агар сухан ошкор бигӯӣ [ё онро пинҳон дорӣ], яқинан, Ӯ [рози] ниҳон ва [ҳатто] ниҳонтар [аз он]-ро низ медонад
Аллоҳ таоло аст, ки ҳеҷ маъбуде [бар ҳақ] ҷуз Ӯ нест [ва] накутарин номҳо аз они Ӯст
[Эй паёмбар] Оё хабари Мӯсо ба ту расидааст?
Он гоҳ ки оташеро [аз дур] диду ба хонаводааш гуфт: «[Лаҳзае] Диранг кунед [ки] ман оташе дидаам. Шояд шуълае аз он бароятон биёварам ё канори он оташ роҳнамое биёбам»
Пас, чун назди он [оташ] омад, нидо дода шуд, ки: «Эй Мӯсо
Ба ростӣ, ман Парвардигорат ҳастам; пас, [барои муноҷот бо Парвардигор] кафшҳоятро даровар [ки] дар ҳақиқат, ту дар сарзамини муқаддаси «Туво» ҳастӣ
Ва ман туро [ба паёмбарӣ] баргузидам; пас, ба он чи ваҳй мешавад, гӯш фаро дор
Бе тардид, манам «Аллоҳ таоло», ки ҳеҷ маъбуде [бар ҳаққе] ҷуз ман нест; пас, маро бипараст ва барои ёди ман намоз бар по дор
Яқинан, қиёмат омаданӣ аст; [вале] мехоҳам [вақти] онро пинҳон дорам, то ба ҳар касе дар баробари [кор ва] талоше, ки мекунад, подош дода шавад
Пас, мабодо касе, ки ба он имон надорад ва аз ҳавасҳояш пайравӣ мекунад, туро аз [накукорӣ ва омодагӣ барои] он боздорад, ки ҳалок мешавӣ
Ва, эй Мӯсо, он чист ба [дасти] ростат?»
Ӯ гуфт: «Ин асои ман аст; бар он такя мекунам ва бо он барои гӯсфандонам [барги дарахтонро] фуру мерезам ва бо он корҳои дигаре [низ] дорам [ки бароварда мекунам]
[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Эй Мӯсо, онро бияфкан»
Пас, [Мӯсо] онро [бар замин] афканд ва ногаҳон [табдил ба] море шуд, ки ба суръат мехазид
[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Онро бигир ва натарс. Ба зудӣ онро ба шакли аввалаш бозмегардонем
Ва дастро дар бағал кун, то бидуни ҳеҷ газанде [ба унвони] муъҷизае дигар сафед [-у дурахшон] берун ояд
[Ҳадаф аз ироаи ду муъҷиза ин буд], ки бархе аз нишонаҳои бузурги хешро нишонат диҳем
[Инак] Ба сӯйи Фиръавн бирав [ки] бе тардид, [куфр варзида ва] саркашӣ кардааст»
[Мӯсо] Гуфт: «Парвардигоро, бар [ҳавсала ва] шикебоиям бияфзо
Ва корамро бароям осон гардон
Ва гиреҳ аз забонам боз кун
То суханамро дарёбанд
Ва барои ман ёваре аз [афроди] хонадонам қарор бидеҳ
Ҳорун-бародарамро
Пуштамро бо ӯ устувор соз
Ва ӯро дар кори [рисолати] ман шарик кун
Туро бисёр ба покӣ биситоем
ва бисёр ёдат кунем
Бе тардид, Ту ба [ҳоли] мо биноӣ»
[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Эй Мӯсо, хостаат ба ту дода шуд
Дар ҳақиқат, мо [пештар] як бори дигар [низ] бар ту миннат ниҳода будем
Он гоҳ ки он чиро, ки [бояд дар бораи ҳифозат аз ту] илҳом мешуд, ба модарат илҳом кардем
Ки: «ӯро дар сандуқе бигзор ва он [сандуқ]-ро ба дарё [рӯди Нил] бияндоз, то дарё ӯро ба соҳил бияфканад [ва] душмани Ман ва душмани ӯ онро [аз об] бигирад; ва бар ту аз ҷониби хеш муҳре [дар дилҳо] афкандам ва [ҳимоятат кардам] таҳти назар парвариш ёбӣ
Он гоҳ ки хоҳарат [дар канори руд ҳамроҳ бо сандуқи ту] роҳ мерафт ва [ба касоне, ки туро аз об гирифтанд] гуфт: «Мехоҳед шахсеро нишонатон диҳам, ки сарпарастии ӯро ба уҳда бигирад?» Пас, туро ба модарат бозгардонидем, то чашмаш [ба дидорат] равшан гардад ва андуҳгин набошад; ва [баъдҳо] ту шахсе [қибтӣ]-ро куштӣ ва Мо аз андӯҳ [ва муҷозоти қатл] наҷотат додем ва туро борҳо озмудем. Пас [аз он] чанд сол байни мардуми Мадян ба сар бурдӣ; он гоҳ, эй Мӯсо, бар [тибқи] тақдири [илоҳӣ ва дар замони муқаррар ба ин ҷо] омадӣ
Ва туро барои худам баргузидам [то паёмамро ба мардум бирасонӣ]
[Инак] Ту ва бародарат бо нишонаҳои [қудрату ягонагии] Ман равона шавед ва дар [даъвати ҳақ ва] ёд кардани Ман сустӣ наварзед
Ба сӯйи Фиръавн биравед, ки ӯ [куфр варзида ва] саркашӣ кардааст
Пас, ба нармӣ бо ӯ сухан бигӯед; бошад, ки панд гирад ё [аз азоби илоҳӣ] битарсад [ва тавба кунад]
[Мӯсо ва Ҳорун] гуфтанд: «Парвардигоро, мо бимнокем, ки бар мо пешдастӣ намояд [ва пеш аз поёни даъват муҷозотамон кунад] ё [дар баробари сухани ҳақ] саркашӣ кунад»
[Аллоҳ таоло] фармуд: «Натарсед [ки] яқинан, Ман ҳамроҳатон ҳастам [ва ҳама чизро] мешунавам ва мебинам
Пас, ба сӯи ӯ биравед ва бигӯед: «Мо фиристодагони Парвардигорат ҳастем. Бани Исроилро ҳамроҳи мо бифирист ва [таҳқиру] озорашон накун. Ба ростӣ, ки Мо барои ту аз ҷониби Парвардигорат нишонаҳои равшане овардаем; ва саломатӣ [аз азоби илоҳӣ] бар касест, ки аз ҳидоят пайравӣ кунад
Дар ҳақиқат, ба мо ваҳй шудааст, ки азоби [дузах] бар касест, ки [оёт ва муъҷизотро] дурӯғ ангошт ва [аз даъвати паёмбараш] рӯй гардонд»
[Фиръавн] Гуфт: «Эй Мӯсо, Парвардигори шумо кист?»
[Мӯсо] гуфт: «Парвардигори мо касест, ки ба ҳар чизе офариниши [зоҳир ва вижагиҳои муносиби] ӯро бахшида ва сипас [онро] ҳидоят намудааст»
[Фиръавн] Гуфт: «Пас, ҳол [ва сарнавишти наслҳои гузашта [ки кофир будаанд] чист?»
[Мӯсо] Гуфт: «Дониши он дар китобе [Лавҳи Маҳфуз] назди Парвардигори ман [сабт] аст. Парвардигорам на иштибоҳ мекунад ва на фаромӯш менамояд
Он [маъбуде], ки заминро бароятон [ҳамчун] гаҳворае [маҳалли осоиш] қарор дод ва дар он роҳҳое эҷод кард ва аз осмон обе фуру фиристод ва ба василаи он анвои гуногуни гиёҳонро [аз замин] берун овардем
[Ҳам худ аз он] Бихӯред ва [ҳам] чаҳорпоёнатонро бичаронед. Бе тардид, дар ин [умур] барои хирадмандон нишонаҳое [аз қудрати илоҳӣ] аст
Шуморо аз он [хок] офаридем ва ба он бозмегардонем ва бори дигар [дар қиёмат] аз он берун меоварем
Ва ба ростӣ, [Мо] ҳамаи нишонаҳои [қудрати] худро ба ӯ нишон додем; вале [ҳамаро] дурӯғ пиндошт ва [даъвати ҳақро] напазируфт
[Он гоҳ] Гуфт: «Эй Мӯсо, оё назди мо омадӣ, ки бо ҷодуят моро аз сарзаминамон берун кунӣ?
Пас, яқинан, мо низ ҷодуе монанди он бароят меоварем; пас, дар маконе, ки [фосилааш аз ҳар ду тараф] яксон бошад, ваъдагоҳе миёни Мо ва худ таъйин кун, ки на Мо аз он хилоф кунем ва на ту
[Мӯсо] гуфт: «Ваъдагоҳи шумо рӯзи ид бошад, ки [ҳамаи] мардум пеш аз зуҳр ҷамъ мешаванд»
Он гоҳ Фиръавн бозгашт ва [тамоми] найрангу ҳилаи хешро ҷамъ кард ва [ҳамроҳи ҷодугаронаш ба маҳалли мавриди назар] омад
Мӯсо ба онон гуфт: «Вой бар шумо! Бар Аллоҳ таоло дурӯғ набандед, ки бо азобе [сахт] нобудатон месозад; ва яқинан, ҳар ки [бо фиреб додани мардум бар Аллоҳ таоло] дурӯғ баст, зиёнкор гашт»
Пас, [ҷодугарон пас аз ҳушдори Мӯсо] дар корашон миёни худ ихтилоф карданд ва пинҳонӣ гуфтугӯ карданд
[Бархе аз онон] Гуфтанд: «Ин ду [нафар] ҳатман, ҷодугаранд [ва] бо ҷодуи хеш мехоҳанд шуморо аз сарзаминатон берун кунанд ва оин [ва роҳу расм]-и бартари шуморо аз миён бардоранд
Пас, [ҳамаи] найранги хешро фароҳам кунед [ва ба кор бандед]; сипас дар як саф [барои мубориза] ба пеш оед. Бе тардид, ҳар ки имрӯз [бар душман] чира шавад, пирӯз [ва комёб] гаштааст
[Ҷодугарон] гуфтанд: «Эй Мӯсо, оё ту [он чиро бо худ дорӣ] меафканӣ ё [мо] нахустин касе бошем, ки меафканад?»
[Мӯсо] Гуфт: «[На] балки шумо бияфканед». Пас, ногоҳ ресмонҳо ва чӯбдастҳои онон аз ҷодуяшон чунон ба назараш расид, ки гӯӣ ба шитоб мехазанд
Пас, Мӯсо дар дилаш тарсе эҳсос кард
Гуфтем: «Натарс, [ки] ту, ҳатман, [пирӯз ва] бартарӣ
Ва он чиро, ки дар дасти рости худ дорӣ, бияфкан, то [тамоми] он чиро, ки сохтаанд, бибалъад. Бе тардид, он чи онон сохтаанд, фақат найранги ҷодугар аст ва ҷодугар ҳар ҷо, ки бошад [ва ҳар чӣ кунад], пирӯз намегардад»
[Пас, чун Мӯсо асояшро бар замин андохт, ба мори бузурге табдил шуд ва сохтаҳои ононро балъид], он гоҳ ҷодугарон ба саҷда афтоданд [ва] гуфтанд: «Ба Парвардигори Ҳорун ва Мӯсо имон овардем»
[Фиръавн] Гуфт: «Оё пеш аз он ки ба шумо иҷозат диҳам ба ӯ имон овардед? Ҳатман, ӯ бузурги шумост, ки ба шумо ҷодугарӣ омӯхтааст. Пас, ҳатман, дасту пойи шуморо бар акси якдигар [аз чапу рост] қатъ мекунам ва ҳамагиатонро дар танаҳои нахл ба дор меовезам ва он гоҳ хуб хоҳед донист, ки азоб [ва шиканҷаи] кадом яки аз мо сахттар ва пояндатар аст; [ман ё Парвардигори Мӯсо]»
[Ҷодугарон] Гуфтанд: «Ҳаргиз [пайравӣ аз] туро бар ин далоили равшане, ки бароямон омадааст ва [ҳамчунин] бар он ки моро офаридааст, тарҷеҳ намедиҳем; пас, ба ҳар ҳукме, ки мехоҳӣ, ҳукм кун. Ту фақат метавонӣ дар зиндагии ин дунё ҳукм кунӣ
Бе тардид, мо ба Парвардигорамон имон овардем, то гуноҳонамон ва он чиро аз ҷодугарӣ бар мо таҳмил кардаӣ, бибахшояд; ва Аллоҳ таоло беҳтару пояндатар аст»
Ҳар ки дар пешгоҳи Парвардигораш гунаҳкор ҳозир шавад, яқинан, оташи дузах барои ӯст; дар он ҷо на мемирад [ ки раҳоӣ ёбад] ва на [ба хушӣ] зиндагӣ мекунад
Ва ҳар ки муъмин назди ӯ биёяд, дар ҳоле ки корҳои шоиста анҷом дода бошад, пас, инон дараҷоти олӣ доранд
Боғҳои ҷовидони [биҳишт], ки ҷӯйборҳо зери [дарахтони] он ҷорӣ аст. Ҳамеша дар он хоҳанд буд; ва ин аст подоши касе, ки худро [аз олудагиҳои ширку гуноҳ] пок кардааст
Ва ба ростӣ, [Мо] ба Мӯсо ваҳй кардем, ки: «Бандагонамро шабона [аз Миср берун] бибар, сипас барои онон дар дарё роҳе хушк бикшо, ки на аз таъқиб [-и душманон] хоҳӣ тарсид ва на [аз ғарқ шудан дар дарё] бим дорӣ
Он гоҳ Фиръавн бо сипоҳиёнаш ононро дунбол кард ва оби дарё эшонро фуру пӯшонид; чунон пӯшонидане [ки ҳақиқаташро касе ҷуз Аллоҳ таоло намедонад]
Ва [бад-ин сон Фиръавн қавми худро гумроҳ намуд ва ҳидоят накард
Эй Бани Исроил, ба ростӣ, [Мо] шуморо аз [чанги] душманонатон наҷот додем ва дар самти рости [кӯҳи] Тӯр бо шумо ваъда гузоштем [то Тавротро нозил кунем] ва бар шумо манн [ширинӣ] ва салво [бедона] фуру фиристодем
Аз неъматҳои покизае, ки ба шумо рӯзӣ додаем, бихӯред ва дар он зиёдаравӣ накунед, ки хашми Ман бар шумо фуруд меояд; ва ҳар ки хашми ман бар ӯ фуруд ояд, ҳатман, ҳалок мегардад
Ва яқинан, ман омурзандаи касе ҳастам, ки тавба кунад ва имон оварад ва коре шоиста кунад ва он гоҳ бар ҳидоят [-и худ боқӣ] бимонад
Эй Мӯсо, чи чиз муҷиб шуд, ки ҷилавтар аз қавмат [ба сӯйи ваъдагоҳи Тӯр] бишитобӣ?
[Мӯсо] Гуфт: «Парвардигоро, онон ба дунболам меоянд ва ман ба сӯят шитофтам, то [аз ман] хушнуд гардӣ»
[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Пас, [бидон, ки] Мо қавматро пас аз [рафтани] ту озмудем ва Сомирӣ гумроҳашон кард»
Пас, Мӯсо хашмгин [ва] андӯҳнок ба сӯйи қавмаш бозгашт [ва] гуфт: «Эй қавми ман, магар Парвардигоратон [дар бораи нузули Таврот] ваъдаи наку ба шумо надода буд? Оё бар паймони шумо [бо Аллоҳ таоло] замоне тӯлонӣ гузашт [ва ҳамаро аз ёд бурдед] ё хостед, хашме аз [сӯи] Парвардигоратон бар шумо фуруд ояд, ки ваъдаи маро хилоф кардед?»
Онон гуфтанд: «[Мо] Ба ихтиёри худ паймони туро нашикастем, вале борҳои сангине аз зару зеварҳои қавм [-и Фиръавн]-ро, ки бар мо ниҳода буданд, [дар оташ] андохтем ва Сомирӣ низ [он чиро, ки иддао мекард, хоки суми асби Ҷабраил аст, дар оташ] андохт»
Он гоҳ барояшон муҷассамаи гӯсолае сохт, ки садое [ҳамчун садои гӯсола] дошт. Пас, [Сомирӣ ва пайравонаш ба мардум] гуфтанд: «Ин маъбуди шумо ва маъбуди Мӯсо аст, ки онро фаромӯш [ва ин ҷо раҳо] кардааст»
Оё намедиданд, ки [ин гӯсола] ҳеҷ посухе ба онҳо намедиҳад ва ҳеҷ зиёне ва суде барояшон надорад?
Ва дар ҳақиқат, пеш аз он [ки Мӯсо бозгардад] Ҳорун низ ба онҳо гуфта буд: «Эй қавми ман, ҷуз ин нест, ки шумо бо ин гӯсола имтиҳон шудаед ва бе тардид, Парвардигори [ҳақиқии] шумо [Аллоҳи] Раҳмон аст; пас, пайрави ман бошед ва аз фармонам итоат кунед»
[Онон] Гуфтанд: «Мо пайваста бар ин [гӯсолапарастӣ] мемонем, то Мӯсо наздамон бозгардад»
[Вақте Мӯсо бозомад] Гуфт: «Эй Ҳорун, ҳангоме ки дидӣ онон гумроҳ шудаанд,
чи чизе туро аз пайравии ман боздошт [ва чаро ононро тарк накардӣ]? Оё аз фармонам сарпечӣ кардӣ?»
[Ҳорун] Гуфт: «Эй писари модарам, ришу [мӯйи] сарамро нагир. Дар ҳақиқат, тарсидам, ки бигӯӣ, миёни Бани Исроил тафриқа андохтӣ ва сухан [ва супориш]-и маро ба кор набастӣ»
[Мӯсо] Гуфт: «Эй Сомирӣ, ин чи коре аст, ки кардӣ?»
Ӯ гуфт: «Ман чизеро дидам, ки онон надиданд ва муште аз хоки пойи [асби] фиристода [Ҷабраил]-ро бардоштам ва [дар пайкари гӯсола] андохтам ва [ҳавои] нафсам [ин корро] инчунин бароям орост»
[Мӯсо] Гуфт: «Пас, бирав. Бе тардид, баҳраи ту дар зиндагӣ ин аст, ки [чунон матруд шавӣ, ки ба мардум] бигӯӣ: «[Ба ман] Даст назанед»; ва ваъдагоҳе [барои азоб] хоҳӣ дошт, ки ҳаргиз аз он тахаллуф нахоҳад шуд; ва [акнун] ба он маъбуде, ки пайваста дар ибодаташ будӣ, бингар; онро месӯзонем, он гоҳ [ки комилан хокистар шуд,] дар дарё парокандааш месозем»
[Эй мардум] Маъбуди шумо Аллоҳ таоло аст, ки ҳеҷ маъбуде [бар ҳақ] ҷуз Ӯ нест ва илмаш ҳама чизро фаро гирифтааст
[Эй Паёмбар] Ин гуна аз ахбор [ва достонҳои паёмбарони] гузашта бар ту ҳикоят мекунем; ва ба ростӣ, ки [мо] аз ҷониби хеш ба ту Қуръоне [пандомӯз] додаем
Ҳар ки аз он рӯйгардон шавад, яқинан, рӯзи қиёмат бори сангине [аз гуноҳ] бар дӯш хоҳад кашид
Ҷовидона дар он [азоб] хоҳанд монд; ва чи бад аст боре, ки [кофирон] дар қиёмат хоҳанд кашид!
Рӯзе, ки дар «сур» дамида мешавад ва дар он рӯз муҷримонро [ки бисёр тарсидаанд, бо чашму бадани] кабуд ҷамъ мекунем
Байни худ оҳиста сухан мегӯянд: «[Шумо] Беш аз даҳ рӯз [дар дунё] ба сар набурдаед»
Мо ба он чи эшон мегӯянд, донотарем; он гоҳ ки хирадмандтаринашон мегӯяд: «[Шумо] Танҳо як рӯз ба сар бурдаед»
Ва [эй паёмбар] аз ту дар бораи кӯҳҳо [дар қиёмат] мепурсанд; пас, бигӯ: «Парвардигорам ононро сахт муталошӣ [ва пароканда] мекунад
Ва онҳоро софу ҳамвор хоҳад намуд
[Ҳамчун замине] Ки дар он ҳеҷ пастӣ ва баландӣ намебинӣ»
Дар он рӯз [ҳамаи мардум] бидуни ҳеҷ мухолифате аз даъваткунанда [-и илоҳӣ] пайравӣ мекунанд ва садоҳо дар баробари Худои меҳрубон паст мешаванд ва аз ҳеҷ чиз ҷуз садои пойе нахоҳӣ шунид
Дар он рӯз шафоат суд надиҳад, магар онро, ки Худои Раҳмон ба ӯ иҷозат диҳад ва суханашро биписандад
[Аллоҳ таоло] Он чиро, ки инсонҳо [дар охират] дар пеш доранд ва он чиро, ки [дар дунё] пушти сар гузоштаанд, [ҳамаро] медонад, вале дониши онон ӯро фаро намегирад
Ва чеҳраҳо дар баробари [Парвардигори] зиндаи пойдор хор мегардад ва ҳар ки [бори] ситам бардошт, зиён дид
Ва касе, ки аз корҳои шоиста анҷом диҳад ва муъмин бошад, на аз ҳеҷ ситаме меҳаросад ва на аз костан [-и подошаш]
Ва, инчунин, онро Қуръоне [ба забони] арабӣ нозил кардем ва ҳушдорҳои гуногун дар он баён намудем; бошад, ки [аз азоби илоҳӣ] парҳезанд ё [ин китоб] барояшон панде падид оварад
Пас, баландмартаба аст Аллоҳ таоло, ки фармонравои ҳақ аст. Ва дар [хондани] Қуръон – пеш аз он ки ваҳйи он бар ту поён ёбад – шитоб макун; ва бигӯ: «Парвардигоро, бар донишам бияфзо»
Ба ростӣ, пеш аз ин бо Одам паймон бастем [ки аз меваи дарахти мамнуа нахӯрад]; вале [паймонашро] фаромӯш кард ва дар ӯ азме [устувор] наёфтем
Ва [ёд кун аз ҳангоме ки ба фариштагон гуфтем: «Барои Одам саҷда кунед»; пас, [ҳамагӣ] саҷда карданд, магар Иблис, ки сарпечӣ намуд
Пас, гуфтем: «Эй Одам, ин [Иблис] душмани ту ва ҳамсари туст; мабодо шуморо аз биҳишт берун кунад, ки ба сахтӣ меафтӣ
Дар ҳақиқат, ту ин [неъмат]-ро [дар биҳишт] дорӣ, ки на гурусна мешавӣ ва на бараҳна мемонӣ
Ва ин ки дар он ҷо на ташна мешавӣ ва на офтобзада
Пас, шайтон ӯро васваса кард [ва] гуфт: «Эй Одам, оё [мехоҳӣ] дарахти ҷовидонагӣ ва фармонравоии фанонопазирро нишонат диҳам?»
Он гоҳ аз он [дарахти мамнуа] хӯрданд ва шармгоҳашон бар онон намоён шуд ва шурӯъ карданд ба қарор додани барги [дарахтони] биҳишт бар худ [то авраташонро бипӯшонанд]; ва [инчунин буд, ки] Одам аз Парвардигораш сарпечӣ кард ва ба бероҳӣ рафт
Сипас Парвардигораш ӯро баргузид ва тавбаашро пазируфт ва ҳидояташ кард
Фармуд: «[Шумо ду тан хамроҳи Иблис] Ҳамагӣ аз биҳишт фуруд оед, дар ҳоле ки душмани якдигаред. Агар аз [ҷониби] ман раҳнамуде бароятон расид, [бидонед] ҳар ки аз ҳидоятам пайравӣ кунад, на гумроҳ мешавад ва на [аз азоби дузах] ба ранҷ меафтад
Ва касе, ки аз ёди Ман рӯйгардон шавад, яқинан зиндагии сахте хоҳад дошт ва рӯзи қиёмат ӯро нобино бармеангезем
Вай мегӯяд: «Парвардигоро, чаро маро нобино барангехтӣ; ҳол он ки [дар дунё] бино будам?»
[Аллоҳ таоло] Мефармояд: «Ҳамон тавр, ки оёти Мо бар ту омад ва онҳоро ба фаромӯшӣ супурдӣ, имрӯз ту [низ] ба ҳамон сурат фаромӯш мешавӣ»
Ва касеро, ки [дар гумроҳӣ ва гуноҳ] зиёдаравӣ кунад ва ба оёти Парвардигораш имон наоварад, ин гуна кайфар медиҳем; ва ҳатман, азоби охират шадидтар ва пойдортар аст
Оё барои ҳидояташон кофӣ нест, ки [бидонанд] чи наслҳоеро пеш аз онон нобуд кардем, ки [акнун ин мушрикон] дар хонаҳои эшон [наслҳои гузашта] роҳ мераванд? Ба ростӣ, дар ин [нукта] барои хирадмандон нишонаҳое [ибратангез] аст
Ва агар аз сӯйи Парвардигорат сухане [дар бораи итмоми ҳуҷҷат бо мардум] нагузашта буд ва замони муайяне дар кор набуд, ҳатман [азоби илоҳӣ дар ҳамин дунё бар онон] лозим мешуд
Пас [эй Паёмбар,] бар он чӣ мегӯянд, шикебо бош ва Парвардигоратро пеш аз тулуи офтоб [дар намози бомдод] ва пеш аз ғуруб [дар намози аср] ба покӣ ситоиш кун ва соате аз шаб [дар намози хуфтан] ва канораҳои рӯз [дар намози пешин ва шом низ ба ниёиш бипардоз]; бошад, ки [аз подоши илоҳӣ] хушнуд шавӣ
Ва ҳаргиз ба [неъматҳои дунявӣ ва] он чи ки гурӯҳҳое аз онон [мушрикон]-ро аз онҳо баҳраманд сохтаем, чашм надӯз. Инҳо зинати зиндагии дунёст, то ононро бад-он биозмояд; ва рӯзии Парвардигорат беҳтар ва пойдортар аст
Ва хонаводаатро ба намоз фармон бидеҳ ва [худ] бар [анҷоми] он шикебо бош [Мо] Аз ту рӯзӣ намехоҳем, [балки] худ ба ту рӯзӣ медиҳем; ва саранҷоми нек барои [аҳли] парҳез аст
[Мушрикон] гуфтанд: «Чаро [Муҳаммад] муъҷизае аз ҷониби Парвардигораш барои мо намеоварад?» Бигӯ: «Оё [Қуръон ба унвони] далели равшан он чи дар китобҳои пешин аст, барояшон наёмадааст?»
Агар Мо ононро пеш аз он [ки паёмбар ва китоби осмонӣ биёяд] бо азобе ҳалок мекардем, ҳатман, [рӯзи қиёмат мушрикон] мегуфтанд: «Парвардигоро, чаро паёмбаре ба сӯямон нафиристодӣ, то пеш аз он ки хору расво шавем, аз оёти Ту пайравӣ кунем?»
[Эй Паёмбар, ба онон] Бигӯ: «Ҳама мунтазиранд; пас, шумо [низ] мунтазир бошед. Ба зудӣ хоҳед донист, ки раҳравони роҳи рост чи касоне ҳастанд ва ҳидоятёфта кист»