ترجمة معاني سورة الصف باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية .
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1.       Аллоҳро аз он чӣ лоиқ ва сазовори Ӯ нест ба покӣ ёд кардаанд ҳар чӣ дар осмонҳову дар замин аст.
Ва Ӯст пирӯзманд ҳеҷ кас бар Ӯ ғолиб наояд ва дар суханҳову корҳояш бо ҳикмат аст Ӯ!
2.       Эй касоне, ки ба Аллоҳу расулаш имон овардаед, чаро ваъдае медиҳед, ё сухане мегӯед, ки иҷро намекунед?!(1)
____________________
1. Дар ин оят инкор аст бар шахсе, ки гуфтораш хилофи кирдораш аст.
3.       Аллоҳ таъоло сахт ба хашм меояд, ки чизеро бигӯеду ба ҷой наёваред.
4.       Ҳароина, Аллоҳ касонеро, ки дар роҳи Ӯ, саф кашида меҷанганд дӯст дорад чунон саф мекашанд, ки гӯё ки онҳо монанди деворе, ки хиштҳояшонро бо ҳам пайванд дода бошанд.(1)
____________________
1. Дар ин оят бузургии ҷанг бо кофирон ва ҷанговарони Аллоҳ, ки дар муқобили душман саф кашида меҷанганд, баён шудааст. Тафсирӣ Саъдӣ 1/858
5.       Ва баён кун ба қавмат эй Паёмбар, ҳангоме ки Мӯсо (алайҳис салом) ба қавми худ гуфт: «Эй қавми ман, чаро маро ба сухану кирдоратон меозоред, ҳол он ки медонед, ки ҳароина, ман паёмбари Аллоҳ фиристодашуда ба сӯи шумо ҳастам?» Чун дидаву дониста аз ҳақ рӯй гардониданд ва бар ин ҳолашон давомат карданд, Аллоҳ низ дилҳояшонро аз қабули ҳақ бигардонид.(1) Ва Аллоҳ мардуми нофармонро ҳидоят намекунад.
____________________
1. Ин уқубат ва ҷазое буд, ки худашон барои худ ихтиёр карда буданд. Тафсири Саъдӣ 1/859
6.       Ва баён кун ба қавмат эй Паёмбар, ҳангоме, ки Исо писари Марям ба қавмаш гуфт: «Эй бани Исроил, ҳароина, ман паёмбари Аллоҳ фиристодашуда ба сӯи шумо ҳастам. Тавротеро, ки пеш аз ман будааст, тасдиқ мекунам ва ба паёмбаре, ки баъд аз ман меояд ва номаш Аҳмад(1) аст, хушхабаратон медиҳам». Чун он Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо оёти равшани худ омад, гуфтанд: «Ин чизе,
ки овардаӣ ба мо ҷодуи ошкорест!»
____________________
1. Яъне, Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам.
7.       Кист ситамкортару душмантар аз он кас, ки ба Аллоҳ дурӯғ мебандад ва дар ибодати Ӯ шариконе меорад, дар ҳоле ки ӯро ба ислом ва ихлос дар ибодати Аллоҳи ягона даъват мекунанд? Ва Аллоҳ гӯруҳи ситамкоронро, ки бар ҷонашон (ба сабаби куфру ширк) ситам карданд, ба сӯи наҷот ҳидоят намекунад.
8.       Мехоҳанд ин золимон нури Илоҳиро (яъне, Қуръонро, ки ба он Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фиристода шудааст,) бо суханҳои дурӯғинашон ботил созанд. Ва Аллоҳ таъоло комилкунандаи нури ҳақ аст, агарчи кофиронро нохуш ояд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/360
9.       Ӯ Зотест, ки паёмбари Худро ба ҳидоят(1) ва дини ҳақ(2) фиристод, то дини Исломро бар ҳамаи динҳо пирӯз гардонад, ҳарчанд мушриконро нохуш ояд.
____________________
1. Қуръон. 2. Ислом
10.   Эй касоне, ки ба Аллоҳу расулаш имон овардаед, оё шуморо ба тиҷорате, ки аз азоби дардовар раҳоиятон диҳад, роҳ бинамоям?
11.   Давомат кунед бар имони Аллоҳу паёмбараш ва дар роҳи Аллоҳ барои пирӯзии динаш бо молу ҷони хеш ҷиҳод кунед. Ин барои шумо аз тиҷорати дунё беҳтар аст, агар (фоида ё зарари чизеро) бидонед.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/362
12.   Эй мӯъминон! Агар иҷро кунед амрҳои Парвардигорро, гуноҳони шуморо меомурзад ва ба биҳиштҳое, ки дар зери дарахтҳояш рӯдҳо ҷорист ва низ хонаҳое хушу покиза дар биҳиштҳои ҷовидон дохил мекунад. Ин пирӯзии бузургест.
13.   Ва неъмати дигаре, ки (эй мӯъминон) дӯсташ медоред: Нусратест аз ҷониби Аллоҳ ва ба пирӯзии наздик, ки он фатҳи Макка аст. Ва мӯъминонро (эй Паёмбар) хабари хуш деҳ ба пирӯзӣ дар дунё ва ба ҷаннат дар охират.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 8/110
14. Эй касоне, ки ба Аллоҳу расулаш имон овардаед, нусратдиҳандагони дини Аллоҳ бошед, ҳамчунон ки ёрони Исо ибни Марям нусратдиҳандагони дини Аллоҳ буданд. Ҳангоме ки Исо ба онҳо гуфт: «Чӣ касоне аз шумо ба ӯҳда мегирад пирӯзӣ ва кӯмаки маро, ки дар он наздикӣ ба Аллоҳ аст?» Ҳавориён гуфтанд: «Мо нусратдиҳандагони дини Аллоҳ ҳастем. Пас, гурӯҳе аз бани Исроил имон оварданд ва гурӯҳе кофир шуданд. Пас Мо, касонеро, ки ба Аллоҳу расулаш имон оварда буданд, бар зидди душманонашон мадад кардем, пас бар онҳо пирӯз шуданд. Ва ин то ба паёмбарӣ мабъус шудани Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам буд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/367