ﯧ
ترجمة معاني سورة المجادلة
باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي
.
من تأليف:
فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام
.
ﰡ
Аллоҳ таоло сухани он занро шунид, ки бо ту дар бораи шавҳараш суҳбат мекард ва ба Аллоҳ таоло шикоят мебурд. Аллоҳ таоло гуфтугӯи шуморо мешунавад, чаро ки Аллоҳ таоло шунавои биност
Касоне аз шумо, ки ҳамсарони хешро [аз лиҳози ҳурмати ҳамбистарӣ ҳамчун] модари худ талаққӣ мекунанд, [бидонанд, ки] он занон ҳаргиз модаронашон нахоҳанд буд; модарони эшон фақат заноне ҳастанд, ки онҳоро ба дунё овардаанд. Онон сухане нописанд ва ноҳақ мегӯянд ва [агар тавба кунанд] Аллоҳ таоло бахшояндаи омурзгор аст
Касоне, ки занонашонро зиҳор мекунанд, сипас аз он чи гуфтаанд, бозмегарданд, бояд пеш аз омезиши ҷинсӣ бо ҳам бардаеро озод кунанд. Ин ҳукмест, ки ба он [панду] андарз дода мешавед ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, огоҳ аст
Пас, касе, ки [бардаеро] наёбад, пеш аз омезиши ҷинсӣ ду моҳ паёпай рӯза бигирад ва касе, ки наметавонад [рӯза бигирад, дар он сурат] бояд шаст мискинро таом диҳад. Ин [каффора] барои он аст, ки ба Аллоҳ таоло ва расулаш имон биёваред ва инҳо ҳудуди [аҳкоми] илоҳӣ аст ва барои кофирон азоби дардноке [дар пеш] аст
Ҳамоно касоне, ки бо Аллоҳ таоло ва расулаш душманӣ мекунанд, хор [-у залил] мешаванд, ҳамон гуна ки пешиниёни онҳо низ хор [-у залил] шуданд ва ба ростӣ, Мо оёти равшане нозил кардем ва барои кофирон азоби хоркунандае [дар пеш] аст
Рӯзе, ки Аллоҳ таоло ҳамаи онҳоро [аз гӯр] бармеангезад, сипас онҳоро аз он чи кардаанд, бохабар месозад, [ҳамон аъмоле, ки] Аллоҳ таоло ҳисоби онро нигаҳ дошта, аммо онҳо фаромӯшаш кардаанд ва Аллоҳ таоло бар ҳама чиз гувоҳ [ва нозир] аст
Магар надидаӣ, ки Аллоҳ таоло он чиро, ки дар осмонҳо ва он чиро, ки дар замин аст, медонад? Ҳеҷ наҷвое миёни се нафар набошад, магар он ки Ӯ чаҳорумини онҳост ва на миёни панҷ нафар, магар он ки Ӯ шашумини онҳост ва на камтар аз ин [адад] на бештар, магар он ки ҳар куҷо бошанд, Ӯ ҳамроҳи онҳост. Сипас рӯзи қиёмат онҳоро аз он чи кардаанд, бохабар месозад. Бе гумон, Аллоҳ таоло ба ҳама чиз доност
[Эй паёмбар,] магар надидаӣ касонеро, ки аз наҷво наҳй шуданд, сипас ба он чӣ аз он наҳй шуда буданд, бозмегарданд ва ба гуноҳ ва таҷовуз ва нофармонӣ аз паёмбар бо ҳам наҷво мекунанд ва ҳангоме ки назди ту меоянд, ба наҷво ба ту дуруд мефиристанд, ки [ҳатто] Аллоҳ таоло бо он [калимот] ба ту дуруду салом нагуфтааст; ва [онҳо] дар дили худ мегӯянд: «Чаро Аллоҳ таоло моро ба [кайфари] он чи мегӯем, азоб намекунад?» Ҷаҳаннам барояшон кофӣ аст, [ки] ба он ворид мешаванд; ва чи бад [саранҷом ва] ҷойгоҳе аст!
Эй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки бо якдигар наҷво мекунед, ба қасди гуноҳ ва таҷовуз ва нофармонӣ аз расул наҷво накунед ва ба некӣ ва парҳезгорӣ наҷво кунед ва аз Аллоҳ таоло битарсед, ки ба сӯи Ӯ ҳашр хоҳед шуд.
Ҷуз ин нест, ки сухани пинҳоне [ки муҷиби гуноҳ ва душманӣ мегардад] аз сӯи шайтон аст, то касонеро, ки имон овардаанд, [бо онҳо гирифтор кунад ва дар натиҷа] андӯҳгин созад ва [ҳол он ки ӯ] ҷуз ба фармони Аллоҳ таоло наметавонад ҳеҷ зараре ба онон бирасонад; пас, муъминон бояд бар Аллоҳ таоло таваккал кунанд
Эй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки ба шумо гуфта шавад: «Дар маҷолис ҷо боз кунед», пас, [ҷо] боз кунед [ки бо ин кор] Аллоҳ таоло барои шумо кушоиш меоварад ва ҳангоме ки гуфта шавад: «Бархезед», пас, бархезед. Аллоҳ таоло мақом [-у дараҷот]-и касоне аз шуморо, ки имон овардаанд ва касонеро, ки илм дода шудаанд, боло мебарад ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, огоҳ аст
Эй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки мехоҳед бо расулуллоҳ наҷво кунед, пеш аз наҷвоятон садақае [дар роҳи Аллоҳ таоло] бидиҳед. Ин [кор] барои шумо беҳтару покизатар аст. Аммо агар чизе наёфтед, бе гумон, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
Оё [аз фақр] тарсидед, ки пеш аз наҷвоятон садақаҳое диҳед? Ҳол ки чунин накардед ва Аллоҳ таоло аз шумо даргузашт, пас, намоз барпо доред ва закот бипардозед, ва аз Аллоҳ таоло ва Паёмбараш итоат кунед ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, огоҳ аст.
[Эй паёмбар] Оё надидӣ касонеро, ки бо қавме дӯстӣ карданд, ки Аллоҳ таоло бар онон хашм [-у ғазаб] кардааст; онҳо на аз шумо ҳастанд ва на аз онон [яҳудиён]; ва ба дурӯғ савганд ёд мекунанд [ки мусулмонанд], дар ҳоле ки худ медонанд [ки мунофиқанд].
Аллоҳ таоло азоби сахте барои онҳо омода кардааст, чаро ки бе гумон, аъмоли баде анҷом медоданд
Онҳо савгандҳои худро сипар [-и бало] қарор доданд ва [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло боздоштанд; пас, азоби хоркунандае [дар пеш] доранд.
Ҳаргиз амволу фарзандонашон чизе аз азоби Аллоҳро аз онҳо дафъ нахоҳад кард. Онҳо аҳл [-и оташ]-и дузаханд ва ҷовидона дар он мемонанд
Рӯзе, ки Аллоҳ таоло ҳамагии онҳоро бармеангезад, он гоҳ онҳо барои Ӯ [низ] савганд ёд мекунанд, ҳамон гуна ки [имрӯз дар дунё] барои шумо савганд ёд мекунанд ва гумон мекунанд, ки бар чизе [судманд] ҳастанд. Огоҳ бошед [ва бидонед], ки онҳо дурӯғгӯёнанд
Шайтон бар онҳо чира шуда ва ёди Аллоҳро аз хотирашон бурдааст. Онҳо ҳизби шайтон ҳастанд ва огоҳ бошед [ва бидонед], ки ҳизби шайтон зиёнкоранд
Бе гумон, касоне, ки бо Аллоҳ таоло ва паёмбараш мухолифат [ва душманӣ] мекунанд, дар зумраи хортарин [афрод]-анд
Аллоҳ таоло муқаррар доштааст, ки «яқинан, ману расулонам пирӯз мешавем». Бе гумон, Аллоҳ таоло неруманди шикастнопазир аст.
[Эй паёмбар] ҳеҷ қавмеро намеёбӣ, ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат имон дошта бошанд ва бо касоне, ки бо Аллоҳу расулаш [душманӣ ва] мухолифат меварзанд, дӯстӣ кунанд; агарчи падаронашон ё фарзандонашон ё бародаронашон ё хешовандонашон бошанд. Онҳо касоне ҳастанд, ки Аллоҳ таоло имонро дар [сафҳаи] дилҳояшон навиштааст ва ба рӯҳе аз ҷониби худ онҳоро тақвият [ва таъйид] намудааст ва онҳоро ба боғҳое [аз биҳишт] ворид мекунад, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорӣ аст, ҷовидона дар он мемонанд. Аллоҳ таоло аз онҳо хушнуд аст ва онҳо [низ] аз Аллоҳ таоло хушнуданд. Онҳо ҳизби Аллоҳ таоло ҳастанд. Огоҳ бошед! Бе тардид, ҳизби Аллоҳ таоло растагоранд