ترجمة معاني سورة المعارج باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية .
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1.       Пурсандае аз мушрикон барои худ ва қавмаш азобе пурсид, ки
2.       бар кофирон рӯзи қиёмат фурӯд хоҳад омад, ки касе онро дафъ натавонад кард.
3.       Аз ҷониби Аллоҳе, ки соҳиби мартабаҳои бузургу олист.
4.       Дар рӯзе, ки миқдораш бо рӯзҳои дунё панҷоҳ ҳазор сол(1) аст, фариштагон ва рӯҳ (Ҷабраил алайҳиссалом) ба сӯи Ӯ боло раванд.
____________________
1. Панҷоҳ ҳазор сол барои кофирон аст, аммо барои мӯьминон ба миқдори як намоз аст. Тафсири Бағавӣ 8/221
5.       Пас, сабр кун эй Паёмбар дар баробари озору азияти онҳо, сабре, ки дар он нолиш ва шикоят нест, ба ғайри Аллоҳ.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/603
6.       Албатта кофирон он рӯзи азобро дур ва воқеънопазир мебинанд.
7.       Ба Мо онро воқеъшаванда ва наздикаш мебинем.
8. Рузе, ки осмон чун миси гудохта гардад.
9. Ва кӯҳҳо чун пашми рангине гарданд, ки бод онҳоро парешон кардааст.
10.Ва ҳеҷ хешованде аз ҳоли хешованди худ напурсад.(1)
____________________
1. Зеро ҳама ба ҳоли худ машғул аст.
11. Якдигарро мебинанд ва мешиносанд, наметавонад касе ба дигаре фоидае расонад. Аз азоби он рӯз кофир орзу мекунад, ки барои наҷоти худ фарзандони худро ба иваз диҳад.
12. ва низ зану бародарашро.
13. ва низ хешонашро, ки ӯро ҷой додаанд.
14. ва низ ҳамаи онҳоеро, ки дар рӯи заминанд аз одамон ва ғайрашон, сипас худро аз азоби Аллоҳ наҷот диҳад.
15. Ҳаргиз на, эй кофир! Ҳеҷ гуна иваз туро аз азоб наҷот намедиҳад. Ҳамоно дӯзах оташест шӯълазананда.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/607
16. Аз сахтии гармиаш пӯсти сар ва соири атрофи баданро меканад.
17.   Мехонад ба худ ин оташи сӯзон ҳар киро, ки дар дунё аз ҳақ рӯй гардонида, тарки итоъати Аллоҳ ва расулаш карда буд.
18.   Ва ҷамъ кард пулу молро, пас захира кард ва адо накард ҳаққи Аллоҳро дар молаш.(1)
____________________
1. Яъне закот ва хайрот надод. Тафсири Табарӣ 23/ 610
19.   Албатта, одамӣ ҳарису бесабр офарида шудааст.
20.   Чун бадӣ ва вазниние ба ӯ расад, беқарорӣ кунад.
21.   Ва чун хубӣ ва осонӣ ба дасташ афтад, бахилӣ мекунад,
22.   магар намозгузороне,
23.   ки намозашонро дар ҳама ҳолат мехонанд ва ягон чизе онҳоро аз намоз машғул намесозад:
24.   Ва онон, ки дар амволашон ҳаққест муъайян (яъне, закот),
25.   барои пурсандаву (гадоён) ва он, ки аз қаноъатмандӣ намепурсад(1).
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/ 617
26.   Ва касоне, ки рӯзи қиёматро тасдиқ мекунанд, пас ба амалҳои солеҳ барои он рӯз тайёрӣ мебинанд.
27.   Ва касоне, ки аз азоби Парвардигорашон тарсонанд,
28.   ки ҳароина аз азоби Парвардигорашон дар амон натавонанд буд.
29.   Ва касоне, ки шармгоҳи худро аз тамоми он чизҳое, ки ҳаром аст, нигаҳ медоранд,
30.   магар барои ҳамсаронашон ё канизонашон, ки дар ин ҳол, албатта, маломате бар онҳо нест.
31.   Пас касе, ки барои қазои шаҳвати худ аз ғайри ҳамсарону канизони худ талаб кунад, пас онҳо, аз ҳад хузаштагонанд.
32.   Ва касоне, ки амонатҳои Аллоҳ ва бандагон ва аҳдҳои ба Аллоҳ ва бандагонро риъоя мекунанд.
33.   Ва касоне, ки шаҳодати худро ба ҳақ бетағйир ва пӯшиш адо мекунанд.
34.   Ва касоне, ки намозҳояшонро дар вақташ мехонанд ва ягон воҷиберо аз он тарк намекунанд.
35.   Инҳое, ки чунин сифатҳои бузуртеро доранд, ҷой дода шудаанд дар биҳиштҳои
гиромӣ мукарраму муъаззаз.
36.   Пас, чист, ки кофирон ба сӯи ту эй Паёмбар мешитобанд?
37.   Даста - даста аз ҷониби чапу рости ту ҷамъ шудаанд, сухан мегӯянду тааҷҷуб мекунанд.
38.   Оё ҳар яке аз он кофирон тамаъ мекунад, ки Аллоҳ таъоло ба биҳишти пурнеъмат дохилаш мекунад?
39.   Ҳаргиз на, ҳеҷ яке аз онҳо ба ҷаннат дохил намешавад. Албатта Мо офаридем онҳоро аз оби манӣ, ки худ медонанд, пас имон наоварданд. Пас чи гуна мушарраф мешаванд ба даромадани ҷаннат?(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/621
40.   Пас, савганд ба Парвардигори машриқи офтобу ситорагон ва мағрибҳояшон, ки Мо, ҳароина тавоноем,
41.   ки ба ҷои онҳо мардуми беҳтар ва мутеътар ба Аллоҳро биёварем ва дар ин кор нотавон нестем ва ҳеҷ кас аз Мо пешдастӣ накунад ва Моро бознадорад, ҳар вақте ки хоҳем иъода кардани онҳоро.
42.   Пас, бигузорашон (мушриконро), то ба беҳудагӣ машғул шаванду ва дар дунёяшон бозӣ кунанд, то ба рӯзи қиёмат бирасанд, ки ваъдаашон додаем ба азоб.
43.   Рӯзе, ки шитобон аз қабрҳо бароянд, чунонки дар дунё назди бутонашон, ки ба ғайри Алдоҳ онҳоро ибодат мекарданд, мешитобанд.
44.   Ваҳшат бар чашмонашон ғолиб шуда аз ҳавлу ҳарос ва ба хорӣ афтодаанд. Ин аст ҳамон рӯзе, ки онҳоро ваъда дода мешуд дар ҳаёти дунё, ки омадани қиёмат ҳақ ва рост аст ва онҳо истеҳзо мекарданду дӯруғ мебароварданд!