ﯿ

ترجمة معاني سورة الإنفطار باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية .
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1.Он гоҳ, ки осмон шикофта мегардад ва низоми он вайрон мешавад
2.ва он гоҳ ки ситорагон фурӯ мерезанд
3.ва он гоҳ, ки дарёҳо ба шиддат равон мешаванд
4.ва он гоҳ, ки қабрҳо зер ва рӯ мегарданд,
5.ҳар кас, ки чӣ чиз пешопеш фиристода ва чӣ чиз бозпас гузоштааст, хоҳад донист.
6.Эй одамӣ(1), чӣ чиз туро нисбат ба Парвардигори каримат мағрур сохтааст?
____________________
1. Эй инсони мункир, ба рӯзи аз нав зинда гардонидани баъд аз миронидан
7.Он кӣ туро биёфарид ва аъзоят дуруст кард, сипас офариниши туро мӯътадил гардонд.
8.Ва ба ҳар шакле, ки хост, туро таркиб кард.
9.       Ҳаргиз чунин нест, ки мегӯед, балки омадани қиёматро дурӯғ мешуморед.
10.   Ва бегумон бар шумо муҳофизоне (фариштагоне) вобаста шудаанд:
11.   нависандагони гиромиқадранд,
12.   он чиро ки мекунед аз нек ё бад, медонанд.
13.   Албатта некӯкорон, ки ҳуқуқи Аллоҳ ва бандагонро баҷо меоранд, дар неъмат хоҳанд буд
14.   ва гуноҳкорон, ки дар ҳуқуқи Аллоҳ ва бандагонаш камбудӣ мекунанд, дар ҷаҳаннаманд!
15.   Дар рӯзи ҷазо (қиёмат) ба ҷаҳаннам дароянд
16.   Онон ҳеҷгоҳ аз он дур намешаванд.
17.   Ту чӣ донӣ, ки бузургии рӯзи ҷазо чист?
18.   Боз ҳам ту чӣ донӣ, ки бузургии рӯзи ҷазо чист?
19.   Рӯзест, ки касе барои каси дигар ҳеҷ коре нафъ натавонад кард ва дар он рӯз фармон, фармони Аллоҳ бошад.