surah.translation .
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1.Бигӯ эй Расул барои онон, ки ба Аллоҳу расулаш имон наёварданд: «Эй кофирон!
2.Ман чизеро, ки шумо мепарастед аз бутҳо ва маъбудони ботили хеш, намепарастам
3.ва шумо низ чизеро, ки ман мепарастам аз маъбуди барҳақ, намепарастед
4.ва ман парастандаи чизе, ки шумо мепарастед, нестам
5.ва шумо парастандаи чизе, ки ман мепарастам, нестед.(1)
____________________
1. Ин оят нозил шуд дар ҳаққи шахсоне, ки Аллоҳ медонист, ки онҳо имон намеоранд
6.Шуморо дини худ, ки ба он пайравӣ доред ва маро дини худ! Ки ғайр аз вай дигар динро талаб надорам.