ﯕ
surah.translation
.
من تأليف:
فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام
.
ﰡ
ﭥ
ﰀ
Ҳо, мим
Нузули [ин] китоб аз сӯйи Аллоҳи шикастнопазири доност
[Парвардигоре, ки] Омурзандаи гуноҳ ва тавбапазир, сахткайфар ва неъматбахш аст. Ҳеҷ маъбуде ба [ҳақ] ҷуз Ӯ нест ва бозгашт [-и ҳама] ба сӯйи Ӯст
Танҳо кофирон ҳастанд, ки дар бораи оёти илоҳӣ муҷодала мекунанд, пас, мабодо рафтуомадашон дар шаҳрҳо [барои тиҷорату баҳрамандиашон аз неъматҳои дунё] туро бифиребад
Пеш аз онон қавми Нуҳ ва пас аз онон низ гурӯҳҳои дигаре [ҳамчун қавми Од ва Самуд ва Лут низ паёмбаронашонро] дурӯғгӯ шумурданд ва ҳар қавме хост паёмбарашро дастгир кунад [ва ба қатл бирасонад]. Онон ба ботил муҷодала карданд, то бад-он васила ҳақро аз миён бардоранд. Ман низ ононро азоб кардам. [Пас, бингаред, ки] азоби Ман чи гуна буд
Ва фармони азоби Парвардигорат дар бораи кофирон инчунин ба таҳаққуқ пайваст, ки онон аҳли оташанд
Фариштагоне, ки Аршро ҳамл мекунанд ва онон, ки гирди он ҳалқа задаанд, Парвардигорашонро ба покӣ меситоянд ва ба Ӯ имон доранд ва [ин гуна] барои аҳли имон омурзиш мехоҳанд: «Парвадигоро, раҳмат ва донишат ҳар чизеро фаро гирифтааст, пас, касонеро, ки тавба карданд ва пайрави роҳи Ту шуданд, биёмурз ва аз азоби дузах нигаҳ дор»
Парвардигоро, онон ва падарон [ва модарон] ва ҳамсарону фарзандони солеҳашонро дар боғҳои ҷовидони биҳишт, ки ваъда додаӣ, дохил кун, ки бе тардид, Ту шикастнопазиру ҳакимӣ
[Бор илоҳо] Ононро аз [кайфари] бадиҳо ҳифз кун ва ҳар киро дар он рӯз аз [кайфари] бадиҳо нигоҳ дорӣ, фарогирифтаи раҳматат қарор додаӣ. Ин ҳамон комёбии бузург аст»
Ва кофиронро [дар дузах] нидо медиҳанд, ки: «Душманӣ ва хашми Аллоҳ таоло сахттар аз душманӣ ва хашми шумо нисбат ба худатон аст, чаро ки ба имон даъват мешудед, вале [бо душманӣ нисбат ба худ ақидаи тавҳидро] инкор мекардед»
Онон [дар посух] мегӯянд: «Парвардигоро, моро ду бор мирондӣ ва ду бор зинда кардӣ, пас, [акнун ки] ба гуноҳони худ эътироф кардем, оё роҳе барои хуруҷ [аз дузах] вуҷуд дорад»?
[Ба онон гуфта мешавад] «Ин [азоб] бад-он сабаб аст, ки чун Аллоҳ таоло ба яктоӣ хонда мешуд, инкор мекардед, вале агар ба Ӯ ширк оварда мешуд, имон меовардед. [Акнун] Доварӣ аз они Аллоҳи баландмартабаи бузург аст»
Ӯст, ки нишонаҳои [тавон ва тадбири] худро ба шумо ироа медиҳад ва бароятон [бо нузули борон] аз осмон рӯзӣ мефиристад, вале танҳо касоне панд мегиранд, ки [холисона ба даргоҳи илоҳӣ] тавба кунанд
[Танҳо] Аллоҳро бо хулуси эътиқод бихонед, ҳарчанд кофирон нохушнуд бошанд
Ӯ дорои дараҷоти рафеъ ва соҳиби Арш аст ва ба сӯйи ҳар як аз бандагонаш, ки бихоҳад, ба фармони хеш ваҳй мефиристад, то [ба онон] дар бораи рӯзи мулоқот ҳушдор диҳад
Он рӯз, ки мардум ҳозир ва намоён мешаванд ва чизе аз онон бар Аллоҳ таоло пӯшида нахоҳад монд [Аллоҳ таоло мефармояд]: «Имрӯз фармонравоӣ аз они кист»? [Он гоҳ худ мефармояд] «Аз они Аллоҳи ягонаи пирӯзманд»
Имрӯз ҳар кас дар баробари он чи кардааст, подош дода мешавад ва ҳеҷ ситаме дар миён нест. Бе гумон, Аллоҳ таоло дар ҳисобрасӣ сареъ аст
Ба онон дар мавриди рӯзи қиёмат [ки бисёр наздик аст] ҳушдор бидеҳ, он гоҳ ки [аз шиддати ваҳшат] ҷонҳо ба гулӯгоҳ мерасад, дар ҳоле ки саршор аз андуҳ шудаанд. [Дар он рӯз] Ситамгарон на дӯсти меҳрубоне доранд ва на шафеъе, ки суханаш пазируфта шавад
[Аллоҳ таоло] Ҳаракоти бади чашмҳо ва он чиро, ки дар дилҳои афрод нуҳуфта аст, [ба хубӣ] медонад
Аллоҳ таоло ба адолат доварӣ мекунад ва маъбудоне, ки [мушрикон] ба ҷойи Аллоҳ таоло ибодат мекунанд, ҳеҷ гуна доварӣ надоранд. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло шунавову биност
Оё мушрикон дар замин гардиш накардаанд, то бубинанд саранҷоми касоне, ки пеш аз онон буданд, чи гуна будааст? Он ақвоми гузашта нерумандтар аз инҳо буданд ва осору биноҳои бештаре дар замин падид оварданд, аммо Аллоҳ таоло ононро ба [сабаби] гуноҳонашон азоб кард, дар ҳоле ки дар баробари [азоби] Аллоҳ таоло ҳеҷ [ёр ва] мудофеъе надоштанд
Ин [кайфар] бад-он сабаб буд, ки Паёмбарашон нишонаҳои равшан барояшон ироа мекарданд, вале онон инкор меварзиданд ва Аллоҳ таоло низ азобашон кард. Бе гумон, Ӯ тавонманди сахткайфар аст
Мо Мӯсоро бо муъҷизоти худ ва далели қотеъ фиристодем
Ба сӯйи Фиръавн ва Ҳомон ва Қорун, вале [онон] гуфтанд: «[Ӯ] Ҷодугаре дурӯғгӯст»
Аммо ҳангоме ки Мӯсо муъҷизоти илоҳӣ ва далоили маҳкамро аз ҷониби Мо бар онон нишондод, [Фиръавн ва ёронаш саркашӣ карданд ва] гуфтанд: «Писарони касонеро, ки ба Мӯсо имон овардаанд, бикушед ва занонашонро [барои канизӣ] зинда нигоҳ доред», вале найранги кофирон маҳкум ба фаност
Фиръавн гуфт: «Бигузоред, то Мӯсоро бикушам ва [чун касеро надорад] ногузир аст Парвардигорашро ба ёрӣ бихонад [ва ман аз вай ҳаросе надорам]. Метарсам, ки ӯ динатонро дигаргун созад ё дар ин сарзамин табоҳӣ ба бор оварад»
Мӯсо гуфт: «Ман аз [шарри] ҳар мутакаббире, ки ба рӯзи ҳисоб бовар надорад, ба Парвардигори хеш ва Парвардигори шумо паноҳ мебарам»
Ва марди муъмине аз хонаводаи Фиръавн, ки имонашро пинҳон медошт, гуфт: «Оё мехоҳед ин мардро [фақат ба хотири ин ҷурм] бикушед, ки мегӯяд: «Парвардигорам Аллоҳ таоло аст» ва [дар таъйиди суханаш низ] далоили равшане аз сӯйи Парвардигратон барои шумо овардааст? Агар дурӯғгӯ бошад, [гуноҳи] дурӯғаш бар уҳдаи худи ӯст ва агар рост гуфта бошад, [дасти кам] бархе аз азобҳое, ки ваъда медиҳад, ба шумо хоҳад расид
Бе тардид, Аллоҳ таоло касеро, ки исрофкору дурӯғгӯст, ҳидоят намекунад. Эй қавми ман, имрӯз фармонравоӣ дар ихтиёри шумост ва дар ин сарзамин султа доред, вале агар сахтгирии Аллоҳ таоло домангирамон шавад, чи касе моро ёрӣ хоҳад кард»? Фиръавн гуфт: «Ман фақат он чиро салоҳ медонам, мегӯям ва шуморо ба роҳи рост ҳидоят мекунам»
Он марди муъмин гуфт: «Эй қавми ман, метарсам азобе ҳамчун азоби ақвоми пешин [ки аз паёмбаронашон сарпечӣ карданд] бар саратон биёяд
Монанди шеваи [азоби] қавми Нуҳ ва Оду Самуд ва касоне ки баъд аз онон буданд, дар ҳоле Аллоҳ таоло ситаме барои бандагонаш намехоҳад
Ва эй қавми ман, бар шумо аз рӯзе метарсам, ки мардум ба фарёд аз якдигар ёрӣ мехоҳанд
[Ҳамон] Рӯзе, ки ҳамагӣ [аз тарс] ба ақиб боз мегардед ва дар баробари [муҷозоти] Аллоҳ таоло ҳеҷ муҳофизе надоред ва ҳар киро Аллоҳ таоло гумроҳ кунад, ҳеҷ ҳидоятгаре нахоҳад дошт
Пеш аз ин низ Юсуф бо далоили равшан наздатон омад, аммо шумо аз он чи бароятон оварда буд, пайваста дар шак будед, то замоне, ки аз дунё рафт [ва бар тардидатон афзуда шуд]. Он гоҳ гуфтед: «Аллоҳ таоло ҳаргиз пас аз вай паёмбареро мабъус нахоҳад кард». Аллоҳ таоло исрофкори бадгумонро ин гуна гумроҳ месозад
Касоне, ки дар мавриди оёти илоҳӣ, бе он ки далеле дошта бошад, ба муҷодала бармехезад, [рафторашон] назди Аллоҳ таоло ва муъминин сахт нописанд аст. Аллоҳ таоло ин гуна бар дили ҳар мутакаббири худкома муҳр [-и ғафлат] мезанад
Фиръавн [ба вазираш] гуфт: «Эй Ҳомон, барои ман бинои баланде бисоз, шояд ба роҳҳое бирасам
Роҳҳое дар осмонҳо [ки маро то Арши илоҳӣ бибарад], то ба маъбуди Мӯсо бингарам [ва аз Ӯ огоҳ шавам], ҳарчанд, ман қатъан ӯро дурӯғгӯ мепиндорам». Бад-ин сон зиштии кирдори Фиръавн [дар назарш] ороста гашт ва аз роҳ [-и ҳақ] бозмонд ва найранги Фиръавн ба зиён ва табоҳӣ анҷомид
Он марди муъмин гуфт: «Эй қавми ман, аз ман пайравӣ кунед, то шуморо ба роҳи рост ҳидоят кунам
Эй қавми ман, ин зиндагии дунё баҳрае [андак ва зудгузар] аст ва охират сарои ҷовидон аст
Ҳар ки кори баде муртакиб шавад, ба таносуби он кайфар хоҳад дид ва мардон ва занони муъмин ва некукор ба биҳишт ворид мешаванд ва дар он ҷо аз неъмати бешумор бархӯрдор хоҳанд шуд
Эй қавми ман, чи шуда, ки ман шуморо ба роҳи наҷот даъват мекунам, вале шумо маро ба оташ фаро мехонед?
Маро даъват мекунед, ки Аллоҳро инкор кунам ва чизеро, ки [дар қудрат] бо Аллоҳ таоло шарик гардонам, ки ҳеҷ иттилое аз он надорам, дар ҳоле ки ман шуморо ба сӯйи [Парвардигори] шикастнопазир ва омурзгор фаро мехонам
Ногузир он чи маро бад-он даъват мекунед, дар дунё ва охират [тавони иҷобати] дуоеро надорад ва бозгашти мо ба пешгоҳи Аллоҳ таоло аст ва исрофкорон [дар куфру гуноҳ] дузахӣ ҳастанд
Ба зудӣ суханони маро ба ёд хоҳед овард ва ман кори худро ба Аллоҳ таоло вогузор мекунам, зеро Аллоҳ таоло нисбат ба [кирдори] бандагон биност»
Пас, Аллоҳ таоло ӯро аз осеби дасисаи онон ҳифз намуд ва азоби сахт домангири фиръавниён шуд
Ҳамон оташе, ки [дар қабрҳояшон] бомдоду шомгоҳ бар он арза мешаванд ва рӯзе, ки қиёмат барпо гардад [фармон мерасад]: «Фиръавниёнро дар сахттарин азоб ворид кунед»
Он гоҳ ки дар оташи дузах кашмакаш [муҷодала] мекунанд, мардумони зердаст ба роҳбарони гумроҳгар мегӯянд: «Мо пайрави шумо будем, оё мумкин аст бахше аз азоби оташро аз мо дур кунед?»
Роҳбарони гумроҳгар мегӯянд: «Бе тардид, ҳамаи мо дар оташ хоҳем буд. Аллоҳ таоло миёни бандагонаш доварӣ кардааст»
Ва касоне, ки дар оташанд, ба нигаҳбонони дузах мегӯянд: «Аз Парвардигоратон бихоҳед, ки барои як рӯз ин азобро аз мо бардорад»
Онон посух медиҳанд: «Магар паёмбаронатон нишонаҳои равшан бар шумо ироа накарданд»? Дузахиён мегӯянд: «Бале». Ва маъмурон мегӯянд: «Пас, [бе натиҷа] дархост кунед, ки дархости кофирон [мардуду] табоҳ аст»
Бе гумон, Мо паёмбарони худ ва аҳли имонро дар зиндагии дунё ва рӯзе, ки гувоҳон [ба шаҳодат] бармехезанд, ёрӣ мекунем
Рӯзе, ки узрхоҳии ситамгарон суде ба ҳолашон нахоҳад дошт. Онон аз раҳмати илоҳӣ ба дуранд ва душвории азоби охиратро [дар пеш] доранд
Мо ба Мӯсо [мақоми] ҳидоят бахшидем ва Бани Исроилро ворисони Таврот қарор додем
[Китобе, ки] Барои хирадмандон ҳидояту панд аст
Пас, [эй паёмбар, бар озори мушрикон] шикебо бош, [ки] яқинан, ваъдаи Аллоҳ таоло рост аст ва барои гуноҳат омурзиш бихоҳ ва Парвардигоратро шомгоҳ ва бомдод ба покӣ ситоиш кун
Касоне, ки дар мавриди оёти илоҳӣ, бе он ки далеле дар ихтиёрашон бошад, ба муҷодала бармехезанд, дар дилҳояшон [ғуруру] такаббурест, ки ҳаргиз бад-он нахоҳанд расид, пас, [аз шарри эшон] ба Аллоҳ таоло паноҳ бибар, ки ба ростӣ, Ӯ шунавову биност
Мусалламан, офариниши осмонҳо ва замин бузургтар аз офариниши инсонҳост [пас, барпо кардани қиёмат барои Аллоҳ таоло душвор нест], вале бештари мардум намедонанд
Ҳаргиз нобино ва бино баробар нестанд, ва муъминони накукор бо бадкорон яксон нахоҳанд буд, [вале] иддаи каме аз шумо панд мепазиред
Ҳеҷ тардиде дар ин нест, ки рӯзи қиёмат фаро мерасад, вале бештари мардум имон намеоваранд
Парвардигоратон фармуд: «Маро бихонед, то [дуои] шуморо иҷобат кунам. Касоне, ки аз ибодати Ман саркашӣ мекунанд, ба зудӣ бо хорӣ ба ҷаҳаннам ворид мешаванд»
Аллоҳ таоло аст, ки шабро бароятон падид овард, то дар он оромиш ёбед ва рӯзро равшанибахш [қарор дод, то ба талош пардозед]. Ба ростӣ, Аллоҳ таоло нисбат ба мардум [лутфу] бахшиш дорад, вале бештари мардум сипос намегузоранд
Ин аст Аллоҳ таоло Парвардигори шумо, [ки] офаринандаи ҳар мавҷуде [аст]. Ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест, пас, чи гуна [аз парастиши Ӯ] мунҳариф мешавед?
Ба ҳамин сурат касоне, ки оёти илоҳиро инкор мекунанд, низ [аз ҳақ] мунҳариф мегарданд
Аллоҳ таоло аст, ки заминро қароргоҳ ва осмонро сарпаноҳатон муқаррар дошт ва шуморо шакле бахшид ва шаклҳоятонро зебо биофарид ва аз неъматҳои покиза ба шумо рӯзӣ дод. Ин аст Аллоҳ таоло – Парвардигори шумо, пас, пурбаракату бузургвор аст Аллоҳ таоло, ки Парвардигори ҷаҳониён аст
Аллоҳ таоло зинда [ва поянда] аст ва маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест, пас, Ӯро бо хулуси эътиқод бихонед. Ситоиш ва сипос махсуси Аллоҳ таоло-Парвардигори ҷаҳониён аст
[Эй паёмбар] Бигӯ: «Ман аз парастиши афроде, ки шумо ба ҷойи Аллоҳ таоло [ба ниёиш] мехонед, наҳй шудаам, зеро нишонаҳои равшане аз ҷониби Парвардигорам ба ман расидааст ва фармон ёфтаам, ки [танҳо] дар баробари Парвардигори ҷаҳониён таслим бошам»
Ӯст, ки шуморо аз хок ва сипас [тайи мароҳили мухталиф] аз нутфа ва он гоҳ хуни баста [ҷанини ибтидоӣ] офарид, сипас шуморо [ба сурати] кӯдаке [ба дунё] меоварад ва имкон медиҳад, то ба ҳадди рушд [ва камоли неру] бирасед. Сипас [солҳо зиндагӣ мекунед, то] солхӯрда мешавед. Бархе аз шумо дучори марги зудрас хоҳанд шуд ва [ба гурӯҳе дигар имкон медиҳад], то ба аҷали муайян бирасед, бошад, ки биандешед
Ӯст, ки зинда мекунад ва мемиронад ва ҳангоме ки чизеро мехоҳад, танҳо ба ӯ мегӯяд: «Мавҷуд шав», пас, [бедиранг] мавҷуд мешавад
Оё надидӣ касоне, ки дар бораи оёти илоҳӣ муҷодала мекунанд, чи гуна [аз роҳи ҳақ] мунҳариф мегарданд?
Касоне, ки китоби [осмонӣ] ва паёми паёмбарони моро дурӯғ шумурданд, ба зудӣ [натиҷаи кирдорашонро] хоҳанд донист
Он гоҳ ки ғул ва занҷир бар гарданашон қарор гирифта ва кашида мешаванд
[Ибтидо] Дар оби ҷӯшомада ва сипас дар оташи дузах афрӯхта мешаванд
Он гоҳ ба эшон гуфта мешавад: «Бутҳое, ки шарики [Аллоҳ таоло] қарор медодед, куҷо ҳастанд?
[Ҳамон маъбудоне, ки] ба ҷойи Аллоҳ таоло [ибодат мекардед]. Онон гӯянд: «Аз [назари] мо нопадид шуданд, гӯӣ мо ҳаргиз пеш аз ин чизеро [ба парастиш] намехондем». Ин гуна Аллоҳ таоло кофиронро гумроҳ мекунад
Ин [азоб] аз он ҷиҳат аст, ки ба ноҳақ дар замин шодмонӣ ва сармастӣ мекардед ва фахр мефурӯхтед
[Акнун] Аз дарҳои ҷаҳаннм ворид шавед ва ҷовидона дар он ҷо бимонед. Ва [ба ростӣ, ки] ҷойгоҳи мутакаббирон чи бад [ҷойгоҳе] аст!
[Эй паёмбар, бар озори мушрикон] Шикебо бош, ки ваъдаи илоҳӣ ҳақ аст ва агар бархе аз муҷозотҳоеро, ки ба онон ваъда додаем, [дар зиндагӣ] ба ту бинамоем ё [пеш аз нузули азоб] ҷони туро бигирем, дар ҳар ҳол ба пешгоҳи мо бозгардонда мешаванд [ва роҳи гурезе аз азоб надоранд]
Пеш аз ту низ паёмбароне фиристодаем, ки [саргузашти] бархе аз эшонро бароят ҳикоят кардаем ва бархе дигарро ҳикоят накардаем ва ҳеҷ расуле наметавонист бидуни фармони илоҳӣ муъҷизае ироа кунад ва он гоҳ ки фармони Аллоҳ таоло [барои подош ва кайфар] фаро расад, ба ҳақ ва адолат доварӣ хоҳад шуд ва ботиландешон зиёнкор хоҳанд буд
Аллоҳ таоло аст, ки чаҳорпоёнро бароятон офарид, то аз бархе барои саворӣ ва аз бархе барои тағзия истифода кунед
Ва барои шумо дар онҳо судҳои дигаре низ ҳаст ва низ барои он ки савор бар онҳо ба мақсаде, ки дар дил доред, бирасед ва бар онҳо ва бар киштиҳо [ба ҳар ҷо ки мехоҳед] мунтақил мешавед
Аллоҳ таоло нишонаҳои [қудрату тадбири] худро ба шумо нишон медиҳад, пас, кадом як аз нишонаҳои илоҳиро инкор мекунед?
Оё мушрикон дар замин гардиш накардаанд, то бубинанд саранҷоми касоне, ки пеш аз онон буданд, чи гуна будааст? Он ақвоми гузашта шуморашон аз инҳо афзунтар буд ва осору биноҳои бештаре дар замин падид оварда буданд, аммо [ ҳангоми нузули азоб] дастовардашон суде ба ҳолашон надошт
Ҳангоме ки паёмбаронашон бо нишонаҳои равшан ба суроғашон омаданд, ба донишу кордонии худ сармаст [ва аз тавҳид рӯйгардон] шуданд ва ҳамон азобе, ки масхарааш мекарданд, домангирашон шуд
Пас, чун азоби Моро диданд, гуфтанд: «Танҳо ба Аллоҳ таоло имон овардем ва маъбудонеро, ки шарики Ӯ қарор дода будем, инкор мекунем»
Аммо имон оварданашон ба ҳангоми мушоҳидаи азоб ҳеҷ суде надошт. Ин суннати илоҳӣ [ки дар ҳангоми азоб тавбаи касе пазируфта намегардад, ҳамвора] дар мавриди бандагони Аллоҳ таоло ҷорӣ будааст ва дар ин ҷо кофирон зиёнкор шуданд