surah.translation .
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1.       Пурбаракат ва бузургвор аст (яъне, хайри Аллоҳ бисёр ва инъомаш бузург аст,) он ки ба дасти Уст мулк ва подшоҳии дунёву охират аз они Уст ва амру қазояш дар ҳар ду ҷаҳон гузарост ва Ӯ бар ҳама чиз тавоност.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\505. Дар ин оят сифати дасти Аллоҳ исбот шудааст ба он гунае, ки лоиқ ба Зоти бузургии Ӯ мекунад.
2.       Он, ки марг ва зиндагиро офарид, то шуморо эй мардум, биёзмояд, ки кадом як аз шумо некӯкирдортар, холистару дурусттар аст ва Ӯст пирӯзманди тавоно, ки Ӯро чизе нотавон нахоҳад кард, бахшанда аст барои касе, ки тавба кардааст.(2)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\875. Ин оят тарғиб мекунад ба итоъаткорӣ ва бим мекунад аз гунаҳкорӣ.
3.       Он, ки ҳафт осмонро табақа-табақа (яъне, болои ҳам) офарид. Дар офариниши Аллоҳи меҳрубон ҳеҷ халал ва камбудие намебинӣ. Бознигар, оё ҳеҷ нуқсоне ва шикофӣ дар он мебинӣ?
4.Сипас бори дигар чашм бигардон, чашми ту дар ҳоле, ки хаста ва нотавон аст ба сӯи ту боз мегардад.
5. Ва ҳароина осмони дунёро ба чароғҳои азим, дурахшанда зиннат додем ва онҳоро барои рондани шайтонҳо (сӯзонанда) қарор додем, зеро шайтонҳо мехоҳанд, ки аз ахбори осмон гӯш диҳанд ва дузданд ва барои онҳо дар охират азоб ва оташи сӯзон омода сохтем, ки ба он чашонда мешаванд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\875
6. Ва барои касоне, ки ба Парвардигорашон кофир шуданд, азоби ҷаҳаннам аст ва барояшон чӣ бад ҷойгаҳе аст.
7. Ҳангоме ки дар он дӯзах андохта шаванд, аз он овозе бениҳоят сахти бад, ваҳшатнок мешунаванд, дар ҳоле ки дӯзах бар он меҷӯшад.
8. Аз шиддати хашм наздик аст, ки дӯзах бар кофирон пора пора шавад, ҳаргоҳ, ки гурӯҳе аз одамон дар он дӯзах андохта мешаванд, фариштагони нигоҳбони он дӯзах аз онҳо мепурсанд: «Оё бимдиҳандае ба суроғи шумо наёмад, ки аз ин азоб шуморо бим намояд?!»(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\510
9.       Гӯянд: «Оре, бимдиҳандае аз назди Аллоҳ ба сӯи мо омад ва моро бим дод, пас мо ӯро дурӯғ шуморидем ва гуфтем, ҳаргиз Аллоҳ чизе бар касе аз одамӣ нозил накардааст, шумо эй Расулон ҷуз дар гумроҳии бузург нестед».(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\510
10.   Ва кофирон гӯянд: «Агар мо дар дунё ба шунавоии қабул мешунидем ё таъаққул (фикр) мекардем, мисли ҳақталабон, имрӯз дар зумраи дӯзахиён набудем.»(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 2\510
11.   Пас онҳо ба гуноҳи худ эътироф карданд ва ба сабаби куфрашон сазовори азоби дӯзах шуданд. Дур бод ахди дӯзах аз раҳмати Аллоҳ.
12.   Бегумон касоне ки ғоибона аз Парвардигорашон метарсанд, ҳатто дар ҳолатҳое, ки гайр аз Аллоҳ касе дигар хабар надорад ва Ӯро ибодат мекунанд
ва нофармонбардорӣ намекунанд, барои онҳо омӯрзиш аз гуноҳҳо ва подоши бузурге (ҷаннат) аст.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\876
13.   Ва гуфтори худро пинҳон доред ё онро ошкор созед, ба ҳар ҳол назди Аллоҳ баробар аст ва чизе аз гуфтору кирдори шумо бар Вай пинҳон намемонад, ҳатто Ӯ ба он чӣ дар дилҳост, огоҳ аст.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\511
14.   Оё касе, ки ҳамаи мавҷудотро офаридааст, халқияти онро хуб ва маҳкам кардааст, пас чӣ гуна аз ҳоли онҳо намедонад? Дар ҳоле, ки Ӯ нозукбину огоҳ аст ба аъмоли бандагонаш.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\876
15.   Ӯ Зотест, ки заминро барои шумо ром ҳамвор ва нарм гардонид, то бар он қарор гиред пас дар гӯшаву канори он роҳ биравед ва аз ризқу рӯзии Ӯ бихӯред ва зинда шудани дубора пас аз марг барои ҳисобу ҷазо ба сӯи Ӯст.(1)
____________________
1. Ин оят ишора бар талаби ризқ ва касб менамояд ва далолат бар он мекунад, ки Адлоҳ маъбуди ягона аст ва Ӯро шарике нест ва низ далолат бар қудрату тавоноии Ӯ ва ба ёд овардани неъматҳояш мекунад ва ба дунё муҳаббат бастанро бим медорад.
16.   Оё эй кофирони Макка, худро аз Зоте, ки дар осмон Аллоҳ аст дар амон медонед, ки фармон диҳад замин шуморо фурӯ барад, пас он ногаҳон ба ларзиш дарояд, то ҳама ҳалок шавед?
17.   Ё худро аз Зоте, ки дар осмон аст, дар амон медонед, ки тундбоде ҳамроҳ бо сангреза бар шумо фиристад? Пас
эй кофирон, ба зудӣ хоҳед донист, ки ҳушдори ман чӣ гуна аст ва он замоне, ки бо чашми худ азобро мушоҳида кардед, донистан ба шумо фоидае надиҳад!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\877. Дар оят улувияти Аллоҳ таъоло исбот шудааст, ба он гунае, ки лоиқ ба Зоти бузургии Ӯ мебошад.
18.   Ва ба ростӣ, касоне ки пеш аз он кофирони Макка буданд, монанди қавми Нуҳ, Од ва Самуд даъвати паёмбаронро дурӯғ шумориданд. Пас азоби Ман дар баробари дурӯғ шумориданашон паёмбаронро чӣ хуна буд!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\515
19.   Оё ин кофирон бехабаранд, ба паррандагоне, ки бар болои сарашон аст, ки гоҳе болҳои худро мекушоянд ва гоҳе фурӯ мебанданд, нигоҳ накарданд?! Ҷуз Аллоҳи
меҳрубон касе онҳоро бар фарози осмон нигоҳ намедорад. Бегумон Ӯ ба ҳар чиз биност.
20.    Ё ба гумони шумо он касе ки худ барои шумо чун сипоҳе аст, ки шуморо дар баробари Аллоҳи меҳрубон ёрӣ мекунад, кист? Кофирон ҷуз дар фиреб ва ғурурашон нестанд.
21.    Ё кист, он Зот, ки ба шумо ризқу рӯзӣ диҳад, агар Ӯ ризқи худро аз шумо боздорад? Балки он кофирон дар саркашӣ ва рамидагӣ аз ҳақ маҳкам пайвастаанд. Яъне, аз ҳақ нафрат ва такаббур меварзанд ва на панд мегиранд ва на пайравӣ мекунанд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\877
22.    Оё касе, ки ба рӯ афтода ҳаракат мекунад ва намедонад куҷо меравад ва чӣ гуна меравад, ба ҳидоят наздиктараст, ё он касе ки истода ба роҳи рост меравад, ки дар он ҳеҷ каҷӣ нест?(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 8\181
23. Бигӯ эй Расул: «Ӯ Зотест, ки шуморо нахустин бор офарид, баъд аз он ки чизе набудед ва дар адам (нестӣ) қарор доштед ва барои шумо гӯш, дод, то ба василаи он бишнавед ва чашмон дод, то ба василаи он бубинед ва дилҳоро қарор дод, то ба василаи онҳо дар махлуқоти Аллоҳ биандешед, аммо шумо эй кофирон андаке сипосгузорӣ мекунед».
24. Бигӯ: «Ӯ Зотест шуморо биёфарид ва дар замин пароканда сохт ва баъд аз ин парокандагӣ барои ҳисобу ҷазо ба сӯи Ӯ гирд оварда мешавед».(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\517
25. Ва кофирон мегӯянд: Эй Муҳаммад ва эй мӯъминон ба мо хабар диҳед ва равшан созед «Агар рост мегӯед ин ваъдаи қиёмат чӣ замонест?»
26. Бигӯ эй Паёмбар барояшон: «Илми қиёмат танҳо назди Аллоҳ аст ва ман фақат ҳушдордиҳандаи ошкор ҳастам ва аз оқибати куфратон шуморо бим медиҳам ва барои шумо он чиро, ки Аллоҳ таъоло маро ба баёни он амр намудааст, баён мекунам».(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\517
27.   Пас чун он кофирон ваъдаи Аллоҳро аз
наздик бинанд, чеҳраи касоне, ки кофир шуданд сиёҳу андӯҳгин мегардад ва ба онҳо сарзаниш карда гуфта мешавад: Ин ҳамон чизест, ки шумо онро дар дунё бо шитоб металабидед.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 8\180
28.   Бигӯ эй Расул барои инҳо кофирон: «Ба ман хабар диҳед, агар Аллоҳ маро ва касоне, ки бо ман ҳастанд, ҳалок кунад, ҳамчунон ки таманно мекунед, ё бар мо раҳмат оварад ва
аҷали моро ба таъхир андозад ва аз азобаш нигоҳ дорад, пас чӣ касе кофиронро аз азоби дарднок паноҳ медиҳад?!»(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\878
29.   Бигӯ: «Ӯ Аллоҳи меҳрубон аст ба Ӯ имон овардем ва ба шариати Ӯ амал кардем ва бар Ӯ дар ҳамаи умури зиндагиамон таваккал кардем, пас эй кофирон ба зудӣ хоҳед донист, чӣ касе дар гумроҳии ошкор аст мо ё шумо?!»(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 8\183
30. Бигу эй Расул барои ин мушрикон: «Ба ман хабар диҳед агар оби нӯшокии шумо дар замин фурӯ равад ва ба ҳеҷ василае дастрасе ёфта натавонед, пас чӣ касе метавонад барои шумо оби равон биёварад?!»(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\520