ﮜ
surah.translation
.
ﰡ
НАҲЛ
Фармони Худованд даррасид, ба шитобаш наталабед. Ӯ пок аст ва аз ҳар чӣ шарики Ӯ месозанд, бартар аст.
Фариштагонро ҳамроҳи ваҳй, ки фармони Ӯст, бар ҳар як аз бандагонаш, ки бихоҳад, поён мефиристад, то бим диҳанд, ки ғайри Ман худое нест, пас аз Ман битарсед.
Осмонҳову заминро ба ҳақ биёфарид, аз ҳар чӣ бо Ӯ шарик месозанд, болотар аст.
Одамиро аз нутфа биёфарид. Ва акнун ӯст, ки ба ошкоро душманӣ мекунад.
Чаҳорпоёнро бароятон биёфарид, шуморо аз онҳо ҳарорату дигар нафъҳост. Ва аз онҳо мехӯред.
Ва чун шабҳангом бозмегардонед ва бомдодон берун мефиристед, нишони зинату обрӯи шумоянд;
Борҳоятонро ба шаҳрҳое, ки бе ранҷи тан ба онҳо натавонед расид, ҳамл мекунанд, зеро Парвардигоратон мушфиқу меҳрубон аст!
Ва аспону уштурону харонро барои он офаридааст, ки саворашон шавед ва низ зинати шумо бошанд. Ва Худо чизҳое офарида, ки шумо намедонед.
Бар Худост, ки роҳи ростро бинамояд. Аз миёни роҳҳо низ роҳест каҷ. Агар Худо мехост, ҳамаи шуморо ҳидоят мекард.
Ӯст, ки аз осмон бароятон борон нозил кард. Аз он менӯшед ва ба он гиёҳ мерӯяд ва чорпоёнро мечаронед.
Ва бо он бароятон киштзор ва зайтуну наҳлҳо ва токистонҳо ва ҳар навъ мева бирӯёнад. Дар ин ибратест барои мардуме, ки меандешанд.
Ва мусаххари (тобеъи) шумо кард шабу рӯзро ва хуршеду моҳро ва ситорагон ҳама фармонбардори амри Ӯ ҳастанд. Дар ин барои онҳо, ки ба ақл дармеёбанд, ибратҳост.
Дар замин чизҳое бо рангҳои гуногун офарид, дар ин ибратест барои мардуме, ки панд мегиранд!
Ӯст, ки дарёро ром кард то аз он гӯшти тоза бихӯред ва зеварҳое берун оред ва худро ба он биёроед ва киштиҳоро бинӣ, ки дарёро мешикофанд ва пеш мераванд то аз фазли Худо рӯзӣ биталабед, шояд, ки шукр гӯед!
Ва бар замин кӯҳҳои бузург афканд, то шуморо наларзонад. Ва ҷӯйҳову роҳҳо падид овард. Шояд ҳидоят шавед!
Ва нишонаҳо ниҳод ва ба ситорагон роҳ меёбанд.
Оё он ки меофаринад, монанди касест, ки намеофаринад? Чаро дарнамеёбед?
Агар бихоҳед неъматҳои Худоро шумор кунед, шумор кардан натавонед. Худо бахшояндаву меҳрубон аст!
Он чиро, ки пинҳон мекунед ё ошкор месозед, Худо ба он огоҳ аст.
Онҳоеро, ки ба ҷои Оллоҳ ба худоӣ мехонанд, наметавонанд чизе биёфаринанд ва худ махлуқанд.
Мурдагонанд, на зиндагон ва надонанд, ки чӣ вақт онҳоро дубора зинда мекунанд.
Худои шумо Худоест якто. Ва онон, ки ба охират имон надоранд, дилҳояшон инкор кунад ва худ кибр кунанд.
Ба ростӣ, ки Худо медонад, ки чӣ дар дил пинҳон медоранд ва чӣ чизро ошкор месозанд ва Ӯ мутакаббиронро дӯст надорад!
? 4 Чун ба онҳо гуфта шавад: «Парвардигоратон чӣ чиз нозил кардааст?» Гӯянд: «Афсонаҳои гузаштагон».
То дар рӯзи қиёмат ҳамаи бори гуноҳи хеш ва бори гуноҳи касонеро, ки ба нодонӣ гумроҳашон карда буданд, бардоранд. Огоҳ бош, ки бори баде бармедоранд!
Пешиниёнашон ҳилла сохтанд. Фармони Худо даррасид ва он биноро аз поя вайрон сохт ва сақф бар сарашон фуруд омад ва аз сӯе, ки нафаҳмиданд, азоб ононро фурӯ гирифт.
Он гоҳ дар рӯзи қиёмат расвояшон созад ва гӯяд: «Бутоне, ки шарики Ман мехондед ва бар сари онҳо бо якдигар ихтилоф мекардед, акнун куҷоянд?» Донишмандон гӯянд: «Имрӯз насиби кофирон хориву азоб аст!
Касоне ҳастанд, ки бар худ ситам раво доштаанд, чун фариштагон ҷонашонро биситонанд, сари таслим фуруд оранд ва гӯянд: «Мо ҳеҷ кори баде намекардем». Оре, Худо аз корҳое, ки мекардед, огоҳ аст.
Аз дарҳои ҷаҳаннам дохил шавед ва то абад дар он ҷо бимонед. Бад ҷойгоҳест ҷойгоҳи гарданкашон!
Аз парҳезгорон пурсанд: «Парвардигори шумо чӣ чиз нозил кардааст?» Гӯянд: «Беҳтаринро». Ба онон, ки дар ин дунё некӣ кунанд, некӣ музд диҳанд ва диёри охират некӯтар аз он аст ва ҷойгоҳи парҳезгорон чӣ ҷойгоҳи хубест!
Ба биҳиштҳои ҷовидон дохил мешаванд. Дар он ҷӯйҳо равон аст. Ҳар чӣ бихоҳанд, барояшон муҳайёст. Худо парҳезгоронро инчунин мукофот медиҳад,
онҳое, ки чун фариштагонашон поксират бимиронанд, мегӯянд: «Салом бар шумо! Ба мукофоти корҳое, ки мекардаед, ба биҳишт дароед».
Оё чашм ба роҳанд, ки фариштагон наздашон биёянд, ё фармони Парвардигорат фаро расад? Гурӯҳе низ, ки пеш аз онҳо буданд, чунин мекарданд ва Худо ба онҳо ситам накард, балки онҳо худ ба худ ситам мекарданд.
Ба ҷазои кирдори бадашон расиданд ва ҳамон чизҳое, ки ба масхара мегирифтанд, бар сарашон омад.
Мушрикон гуфтанд: «Агар Худо мехост, мову падаронамон ҳеҷ чиз ҷуз Ӯро намепарастидем ва он чиро ҳаром кардаем, ҳаром намекардем». Мардуме ҳам, ки пеш аз онҳо буданд, чунин мегуфтанд. Оё паёмбаронро ҷуз таблиғи ошкоро вазифаи дигарест?
Ба миёни ҳар миллате паёмбаре фиристодем, ки Худоро бипарастед ва аз бут дурӣ ҷӯед. Баъзеро Худо ҳидоят кард ва бар баъзе гумроҳӣ муқаррар гашт. Пас дар замин бигардед ва бингаред, ки оқибати кори касоне, ки паёмбаронро ба дурӯғ нисбат медоданд, чӣ гуна будааст.
Ва агар ту ба ҳидояти онҳо ҳарис бошӣ, Худо онро, ки гумроҳ кардааст, ҳидоят намекунад ва ин гумроҳонро ҳеҷ ёридиҳандае нест.
То он ҷо, ки метавонистанд, ба Худо қасам хӯрданд, ки Худо касонеро, ки мемиранд, ба қиёмат зинда намекунад. Оре, ин ваъдаест, ки анҷом додани он бар ӯҳдаи Ӯст, вале бештари мардум намедонанд.
То он чиро ки дар он ихтилоф мекарданд, барояшон ошкор кунад ва кофирон бидонанд, ки дурӯғ мегуфтаанд.
Фармони Мо ба ҳар чизе, ки иродаашро бикунем, ин аст, ки мегӯем: «Мавҷуд шав!» Ва мавҷуд мешавад.
Ба онон, ки мавриди ситам воқеъ шуданд ва дар роҳи Худо муҳоҷират карданд, дар ин ҷаҳон ҷойгоҳе некӯ медиҳем. Ва агар бидонанд, музди охират бузургтар аст,
онон, ки сабр пеша карданд ва бар Парвардигорашон таваккал мекунанд.
Агар худ намедонед, аз аҳли китоб бипурсед, ки Мо пеш аз ту ба пайғамбарӣ нафиристодем, ғайри мардоне, ки ба онҳо ваҳй мефиристодем,
ҳамроҳ бо далоили равшан ва китобҳо ва бар ту низ Қуръонро нозил кардем, то он чиро барси мардум нозил шудааст, барояшон баён кунӣ ва бошад, ки бияндешанд.
Оё онон, ки содиркунандан бадиҳо мешаванд, магар эминанд аз ин, ки замин ба фармони Худо онҳоро фурӯ барад ё азоб аз ҷое, ки намедонанд, бар сарашон фуруд ояд?
Ё ба ҳангоми омадурафт фурӯ гирадашон, чунон ки натавонанд бигурезанд?
Ё аз онон ягон-ягон кам кунад? Албатта Парвардигоратон мушфиқу меҳрубон аст!
Оё ба чизҳое, ки Худо офаридааст, наменигаранд, ки барои саҷда ба даргоҳи Ӯ сояҳояшон аз росту чап ҳаракат доранд ва дар баробари Ӯ хошеъанд (тобеъанд)?
Ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст аз ҷунбандагону фариштагон Худоро саҷда мекунанд ва такаббур намеварзанд.
Аз Парвардигорашон, ки болои онҳост, метарсанд ва ба ҳар чӣ амр шудаанд, ҳамон мекунанд.
Худо гуфт: «Ду худоро мапарастед ва фақат Ӯст Худои якто. Пас аз Ман битарсед?»
Ҳарчи дар осмонҳову замин аст, аз они Ӯст ва парастиш хоси Ӯст. Оё аз ғайри Худо метарсед?
Ҳар неъмате, ки шуморост, аз ҷониби Худованд аст ва чун меҳнате ба шумо расад, ба пешгоҳи Ӯ зорӣ мекунед.
Ва боз чун он меҳнатро ба поён орад, гурӯҳе аз шумо ба Парвардигорашон мушрик мешаванд,
то неъматро, ки ба онҳо додаем, ношукрӣ кунанд, Акнун мутаматтеъ (баҳраманд) шавед, ба зудӣ хоҳед донист!
Он гоҳ аз он чӣ рӯзиашон додаем, насибе барои бутоне, ки ҳеҷ намедонанд, муъайян мекунанд. Ба Худо савганд ба сабаби дурӯғе, ки мебандед, бозхост мешавед!
Барои Худо духтарон коил мешаванд — Ӯ пок аст — ва барои худ ҳар чӣ дӯст доранд.
Ва чун ба якешон муждаи духтар диҳанд, сияҳрӯй шавад ва хашмгин гардад.
Аз шарми ин мужда аз мардум пинҳон мешавад. Оё бо хори нигоҳаш дорад ё дар хок ниҳонаш кунад? Огоҳ бошед, ки бад доварӣ мекунанд.
Сифати бад аз они касонест, ки ба қиёмат имон намеоваранд ва сифати бартар аз они Худованд аст. Ва Ӯст пирӯзманду ҳаким!
Агар Худованд бихоҳад, ки мардумро ба гуноҳашон ҳалок кунад, бар рӯи замин ҳеҷ ҷунбандае боқӣ нагузорад, вале азобашонро то муддате муъайян ба дер меафканад. Ва чун аҷалашон фаро расад, як соъат пасу пеш нашаванд.
Он чиро намеписанданд, ба Худо нисбат кунанд ва забонашон ба дурӯғ гӯяд, ки хубиҳо аз они онҳост, на, бешак насиби онҳо оташ аст ва онҳоро ба шитоб ба сӯи он баранд!
Ба Худо савганд, ки барои мардуме ҳам, ки пеш аз ту будаанд, паёмбароне фиристодаем. Вале шайтон амалҳояшонро дар чашмашон биёрост. Ва дар он рӯз шайтон дӯсташон хоҳад буд ва онҳоро азобе дардовар аст!
Мо ин китобро бар ту нозил кардаем, барои он ки ҳар чиро дар он ихтилоф мекунанд, барояшон баён кунӣ. Ва низ роҳнамову раҳмате барои мӯъминон бошад.
Ва Худо аз осмон борон фиристод ва замини мурдаро бо он зинда кард. Барои мардуме, ки гӯши шунаво доранд, дар ин ибратест!
Барои шумо дар чорпоён пандест. Аз шири холис, ки аз шикамашон, аз миёни саргину хун берун меояд, ба шумо менӯшонем. Шире, ки ба коми нӯшандагонаш гуворост.
Ва аз меваҳои нахлҳову токҳо шаробе мастиовар ва ризқе некӯ ба даст меоваред ва хирадмандонро дар ин ибратест.
Парвардигори ту ба занбӯри асал илҳом дод, ки аз кӯҳҳову дарахтон ва дар биноҳое, ки месозанд, хонаҳое интихоб кун.
Он гоҳ аз ҳар самарае бихӯр ва фармонбардор ба роҳи Парвардигорат бирав. Аз шиками Ӯ шаробе рангоранг берун меояд, ки шифои мардум дар он аст. Ва соҳибони андешаро дар ин ибратест.
Худо шуморо биёфарид, он гоҳ мемиронад ва аз миёни шумо касеро ба пирӣ мерасонад, то ҳар чиро, ки омӯхтааст, аз ёд бибарад, зеро Худо донову тавоност!
Худо рӯзии баъзе аз шуморо аз баъзе дигар афзун кардаст. Пас онон, ки фузунӣ ёфтаанд, аз рӯзии худ ба ғуломони худ намедиҳанд, то ҳама дар рӯзӣ яксон шаванд. Оё неъмати Худоро инкор мекунед?
Худо барои шумо аз миёни худатон ҳамсароне қарор дод ва аз ҳамсаронатон фарзандон ва фарзандзодагон падид овард ва аз чизҳои хушу пок рӯзиятон дод. Оё ҳануз ба ботил имон меоваранд ва неъмати Худоро ношукрӣ мекунанд?
Ғайри Худо чизҳоеро мепарастанд, ки нотавонанд ва ёрои он надоранд, ки аз осмонҳову замин рӯзияшон диҳанд.
Барои Худо мисол наоред; Худо медонад ва шумо намедонед.
Худо ғуломи зархаридеро мисол меорад, ки ҳеҷ қудрате надорад ва касеро, ки аз ҷониби худ ризқи некӯяш додаем ва дар ниҳону ошкоро нафақа мекунад. Оё ин ду баробаранд? Шукр хоси Худост, вале бештарашон нодонанд.
Ва Худо мисоли ду мардро баён мекунад, ки яке лол асту тавони ҳеҷ чиз надорад ва бори дӯши хоҷаи худ аст, ҳар ҷо, ки ӯро бифиристад, ҳеҷ фоидае ҳосил намекунад. Оё ин мард бо он кас, ки мардумро ба адл фармон медиҳад ва худ бар роҳи рост меравад, баробар аст?
Аз они Худост ниҳони осмонҳову замин. Ва фаро расидани қиёмат танҳо як чашм бар ҳам задан ё наздиктар аз он аст. Зеро Худо бар ҳар коре тавоност!
Худо шуморо аз батни модаронатон берун овард ва ҳеҷ намедонистед. Ва бароятон чашму гӯшу дил биёфарид. Шояд шукр гӯед!
Оё он паррандагони ромшуда дар ҷавви (фазои) осмонро намебинанд? Ҳеҷ кас ҷуз Худо онҳоро дар ҳаво нигоҳ натавонад дошт. Ва дар ин барои мардуме, ки имон меоваранд, ибратҳост.
Худо хонаҳоятонро ҷои оромишатон қарор дод ва аз пӯсти чаҳорпоён бароятон хаймаҳо сохт, то ба ҳангоми сафар ва ба ҳангоми муқимӣ аз бардоштани онҳо дар ранҷ наафтед. Ва аз пашму курку мӯяшон то рӯзи қиёмат бароятон асоси хона ва асбоби зиндагӣ сохт.
Худо барои шумо аз чизҳое, ки офаридааст, сояҳо падид овард. Ва дар кӯҳҳо бароятон ғорҳо сохт. Ва ҷомаҳое, ки шуморо аз гармо ҳифз мекунад ва ҷомаҳое, ки дар ҷанг нигаҳдори шумост. Худо неъматҳои худро инчунин бар шумо комил мекунад. Шояд, ки таслими фармони Ӯ шавед.
Агар рӯйгардон шуданд, ҷуз ин нест, ки вазифаи ту таблиғе ошкорост.
Неъматҳои Худоро мешиносанд, без ҳам мункири он мешаванд, зеро бештарашон кофиронанд.
Рӯзе, ки аз ҳар уммате гувоҳе бигирем ва ба кофирон рухсати сухан гуфтан дода нашавад ва узрашон пазируфта нашавад.
Ва ситамкорон азобро бингаранд, азобе, ки ҳеҷ сабукӣ наёбад ва ҳеҷ мӯҳлаташон надиҳанд.
Ва чун мушрикон ононро, ки шарики Худо месохтанд, бубинанд, мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, инҳо шариконе ҳастанд, ки мо ба ҷои Ту онҳоро мехондем». Онон посух мегӯянд, ки шумо дурӯғ мегӯед!
Ва дар ин рӯз ба бандагӣ худро таслими Худо кунанд ва он дурӯғҳо, ки мебофтаанд, нобуд шавад.
Онон, ки кофир шуданд ва дигаронро аз роҳи Худо боздоштанд, ба ҷазои фасоде, ки мекарданд, азобе бар азобашон хоҳем афзуд.
Ва рӯзе бошад, ки аз ҳар уммате шоҳиде аз худашон бар худашон бифиристем ва туро биёварем, то бар онон шаҳодат диҳӣ. Ва мо Қуръонро, ки баёнкунандаи ҳар чизест ва ҳидояту раҳмат ва хушхабар барои мусалмонон аст, бар ту нозил кардаем.
Худо ба адлу эҳсон ва бахшиш ба хешовандон фармон медиҳад. Ва аз фаҳшову зишткорӣ ва ситам наҳй мекунад. Шуморо панд медиҳад, бошад, ки пазирои панд шавед!
Чун бо Худо паймон бастед, ба он вафо кунед ва чун савганд хӯрдед, онро машканед, ки Худоро зомини худ кардаед ва Ӯ медонад, ки чӣ мекунед!
Ва монандн он зан, ки риштаеро, ки маҳкам тофта буд, аз ҳам кушуд ва қитъа-қитъа кард, мабошед, то савгандҳои худро василаи фиреби якдигар созед, ба ин баҳона, ки гурӯҳе бештар аз гурӯҳи дигар аст. Худо шуморо ба он меозмояд ва дар рӯзи қиёмат чизеро, ки дар он ихтилоф мекардед, бароятон баён мекунад.
Агар Худо мехост, ҳамаи шуморо як уммат карда буд, вале ҳар киро бихоҳад, гумроҳ месозад ва ҳар киро бихоҳад, ҳидоят мекунад ва аз ҳар коре, ки мекунед, бозхост мешавед.
Савгандҳои худро василаи фиреби якдигар масозед, то қадамеро, ки устувор сохтаед, билағзад ва ба сабаби рӯйгоронӣ аз роҳи Худо гирифтори бадӣ шавед ва ба азобе бузург гирифтор оед.
Паймони Худоро ба баҳои андак мафурӯшед, зеро агар бидонед, он чӣ дар назди Худост, бароятон беҳтар аст!
Он чӣ назди шумост, фано мешавад ва он чӣ назди Худост, боқӣ мемонад. Ва ононро, ки сабр варзиданд, савобе беҳтар аз кирдорашон хоҳем дод.
Ҳар зану марде, ки коре некӯ анҷом диҳад, агар имон оварда бошад, зиндагии хушу покизае ба ӯ хоҳем дод ва савобе беҳтар аз кирдорашон ато хоҳем кард.
Ва чун Қуръон бихонӣ, аз шайтони раҷим ба Худо паноҳ бубар.
Шайтонро бар касоне, ки имон овардаанд ва бар Худо таваккал мекунанд, ғолибияте нест.
Ғолибияти ӯ танҳо бар касонеет, ки дӯсташ медоранд ва ба Худо ширк меоваранд.
Чун ояеро ҷонишини ояи дигар кунем, Худо беҳтар медонад, ки чӣ чиз нозил кунад. Гуфтанд, ки ту дурӯғ мебофӣ, на, бештаринашон нодонанд!
Бигӯ: «Онро руҳулқудус (Ҷабраил (а)) ба ҳақ аз ҷониби Парвардигорат нозил кардааст, то мӯъминонро устуворӣ ато намояд ва мусалмононро ҳидояту хушхабар бошад».
Медонем, ки мегӯянд: «Ин Қуръонро башаре ба ӯ меомузад». Забони касе, ки ба ӯ нисбат мекунанд, аҷамист, ҳол он ки ин забони арабии равшанест.
Худо касонеро, ки ба оёташ имон намеоваранд, ҳидоят намекунад ва барояшон азобе дардовар муҳайёст.
Касоне дурӯғ мебофанд, ки ба оёти Худо имон надоранд. Инҳ худ дурӯғгӯянд.
Касе, ки пас аз имон ба Худо кофир мешавад, на он ки ӯро ба зур водоштаанд, то изҳори куфр кунад ва ҳол он, кн дилаш ба имони худ оромгирандаву осуда аст, бар онон, ки дари дилро ба рӯи куфр мекушоянд, мавриди хашми Худоянд ва азобе бузург барояшон муҳайёст.
Ва ин ба он сабаб аст, ки инҳо зиндагии дунёро бештар аз зиндагии охират дӯст доранд ва Худо мардуми кофирро ҳидоят намекунад.
Худо бар дилу гӯшҳо ва чашмонашон мӯҳр ниҳодааст ва худ бехабаранд.
Ба ночор дар охират ҳам аз зиёндидагон бошанд,
Сипас Парвардигори ту барои касоне, ки пас аз он ранҷҳо, ки диданд, ҳиҷрат карданд ва ба ҷиҳод рафтанд ва пой фушурданд, бахшояндаву меҳрубон аст.
Рӯзи қиёмат ҳар кас ба дифоъ аз худ ба муҷодала мепардозад ва ҷазои ҳар кас, чунон кӣ хаққи ӯст, дода мешавад ва ба касе ситам раво надоранд.
Худо деҳаеро мисол меорад, ки тинҷу ором буд, рӯзии мардумаш ба фаровонӣ аз ҳар ҷо мерасид, аммо ношукрии неъмати Худо карданд ва Худо ба ҷазои амалҳояшон ба гуруснагиву ваҳшат мубталояшон сохт.
Паёмбаре аз худашон ба наздашон омад, дурӯғ бароварданд ва азоб он ситамкоронро фурӯ гирифт.
Аз ин чизҳои ҳалолу покиза, ки Худо ба шумо рӯзӣ додааст, бихӯред ва агар Худоро мепарастед, шукри неъматашро ба ҷой оваред!
Худо ҳаром кардааст бар шумо мурдору хун ва гӯшти хук ва ҳар чиро ҷуз ба номи Худо забҳ карда бошанд. Аммо касе, ки ночор шавад, ҳар гоҳ бемайлӣ ҷӯяд ва аз ҳад нагузаронад, Худо бахшояндаву меҳрубон аст.
То бар Худо дурӯғ бофед, барои ҳар дурӯғ, ки бар забонатон меояд, нагӯед, ки ин ҳалол асту ин ҳаром. Касоне, ки ба Худованд дурӯғ мебанданд, наҷот намеёбанд!
Андак фоидае мебаранд ва дар иваз ба азобе дардовар гирифтор мешаванд.
Ва бар яҳудиён он чиро, ки пеш аз ин барои ту ҳикоят кардем, ҳаром карда будем. Мо ба онҳо ситам накардаем, онҳо худ ба худ ситам кардаанд.
Парвардигори ту барои касоне, ки аз рӯи нодонӣ кунандаи коре зишт шаванд, сипас тавба кунанд ва ба салоҳ оянд, бахшояндаву меҳрубон аст!
Иброҳим бузургвор марде буд. Ба фармони Худо бар пой истод ва соҳиби дини холис буд. Ва аз мушрикон набуд,
ва шукургузори неъматҳои Ӯ буд, Худовандаш интихобаш кард ва ба роҳи рост ҳидоят кард.
Дар дунё ба ӯ некӣ ато кардем ва дар охират аз солеҳон аст.
Ба ту низ ваҳй кардем, ки аз дини поки Иброҳим пайравӣ кун, ки ӯ аз мушрикон набуд.
Шанбе гирифтанро (бузург доштани шанберо) барои т; асоне, ки дар он ихтилоф карда буданд, фарз кардаанд ва Парвардигори ту дар рӯзи қиёмат дар бораи он чӣ ихтилоф мекарданд, ҳукм хоҳад кард!
Мардумро бо ҳикмату панди некӯ ба роҳи Парвардигорат бихон ва бо беҳтарин тарз бо онон муҷодала кун. Зеро Парвардигори ту ба касоне, ки аз роҳи Ӯ каҷрав шудаанд, огоҳтар аст ва ҳидоятёфтагонро беҳтар мешиносад!
Агар уқубат мекунед, чунон уқубат кунед, ки шуморо уқубат кардаанд. Ва агар сабр кунед, собиронро сабр некӯтар аст.
Сабр кун, ки сабри ту бе тавфиқи Худо нест ва барояшон ғамгин мабош ва аз макрашон дилтангӣ накун,
зеро Худо бо касонест, ки мепарҳезанд ва некӣ мекунанд!