ﯧ
surah.translation
.
من تأليف:
خوجه ميروف خوجه مير
.
ﰡ
1.Ба таҳқиқ Аллоҳ сухани Хавла бинти Саълабаро, ки дар бораи шавҳараш Авс бинни Сомит он чизе, ки аз ӯ содир шуд(1), бо ту гуфтугӯ мекард ва ба Аллоҳ шикоят мекард, шунид. Ва Аллоҳ гуфтугӯи шуморо бегумон мешунавад, Аллоҳ шунавою бино ба ҳама чиз аст! Ҳеч чиз аз Ӯ пӯшида намемонад.
____________________
1. Яъне, Авс бинни Сомит занашро гуфт: «Пушти ту ҳамчун пушти модарам ҳаст». Яъне занашро бар худаш ҳаром гардонд.
____________________
1. Яъне, Авс бинни Сомит занашро гуфт: «Пушти ту ҳамчун пушти модарам ҳаст». Яъне занашро бар худаш ҳаром гардонд.
2.Аз миёни шумо касоне, ки занонашонро зиҳор(1) мекунанд, ҳамоно пеши Аллоҳ гунаҳгоранд ва мухолифати шариъат кардаанд, бидонанд, ки занонашон модаронашон нашаванд, балки ҳамсаронашон ҳастанд. Модаронашон фақат заноне ҳастанд, ки онҳоро зоидаанд. Албатта ин ашхоси зиҳоркунанда сухани дӯруғу нописанде мегӯянд, ки ҳақиқат надорад. Ва ҳароина, Аллоҳ аз баъзе гуноҳони содиршуда даргузаранда ва омӯрзанда аст. Ва он омӯрзиш ба тавбаи насуҳ аст.(2)
____________________
1. Дар ҷоҳилият мард занашро мегуфт: «Ту барои ман ҳамчун модарам ҳастӣ» ё мегуфт: «Пушти ту ҳамчун пушти модарам ҳаст» ва ин дар ҷоҳилият ҳамчун талоқ ба ҳисоб мерафт. Аллоҳ таъоло баён кард, ки ҳеҷ гоҳ зан дар баробари модар ба ҳисоб намеравад ва ин ҳукми зиҳорро бекор кард. Тафсири Табарӣ 23/228 2.Тафсири Саъдӣ 1/843

3. Ва онон, ки бо занони худ зиҳор мекунанд, сипас аз он чӣ гуфтаанд, бозмегарданд, пас озод кардани ғуломе пеш аз он ки зану мард бо якдигар ҳамхобӣ кунанд, воҷиб аст. Ин дарс ва панде аст, ки ба шумо дода мешавад ва Аллоҳ ба он чӣ мекунед, огоҳ аст.
4. Пас ҳар касе, ки ғуломеро барои озод кардан наёбад, воҷиб аст бар вай ду моҳ пай дар пай (бе фосила) пеш аз ҳамхобӣ, рӯза бидорад, пас ҳар кӣ рӯза доштанро ба узри шаръӣ, натавонад, пас бояд шаст мискинро ба серӣ таъом диҳад. Ин ҳукмҳои зиҳоре, ки барои шумо баён кардем ба он сабаб аст, ки ба Аллоҳу паёмбараш имон биёваред ва корҳои давраи ҷоҳилиятро тарк намоед. Ва ин аҳкоми баёншуда ҳадди қонуни муқарраркардаи Аллоҳ аст, пас онро таҷовуз накунед. Ва барои мункирони ин ҳукм азоби дарднок аст!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/234
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/234
5. Ҳароина, касоне, ки бо Аллоҳу паёмбараш мухолифат (зиддият, муқобала) меварзанд, хору залил мешаванд, ҳамчунон ки умматони пешина хор шудаанд. Ва ҳамоно Мо оятҳои возиҳу равшане нозил кардем, ки далолат мекунад бар ин, ки шариъати Аллоҳ ҳақ аст ва мункирони ин оятҳоро азоби хоркунандае аст дар ҷаҳаннам!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/235
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/235
6. Ба ёд ор эй Паёмбар рузи қиёматро, рӯзе, ки Аллоҳ ҳамаи мурдагонро зинда мекунад ва аввалину охиринро дар як замин ҷамъ меоварад, пас хабар медиҳад ба онҳо он амалҳои бад ва некеро, ки анҷом дода буданд. Ёд дошт ва ҳифз кард онҳоро Аллоҳ дар Лавҳи Маҳфуз ва навишт онҳоро дар номаҳои аъмолашон. Ва ҳамоно инҳо онро фаромӯш карданд. Ва Аллоҳ бар ҳама чиз шоҳид аст, чизе аз Ӯ махфи намемонад!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/845
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/845
7. Оё надонистаӣ, ки Аллоҳ ҳар чиро ки дар осмонҳову замин аст, медонад? Се кас бо ҳам наҷво (роз, сухани бади махфӣ) кунанд, Аллоҳ бо илмаш чаҳорумини онҳост ва панҷ кас бошанд, Аллоҳ шашумини онҳост. Ва камтар аз ин, ҳар ҷо ки бошанд ва бештар аз ин, Аллоҳ бо илмаш дар куҷое бошанд, бо онҳост. Чизе аз Ӯ махфӣ намемонад. Сипас ҳамаро дар рӯзи қиёмат ба корҳои баду неке, ки кардаанд, огоҳ мекунад ва ҷазояшон медиҳад. Ҳароина, Аллоҳ бар ҳама чиз огоҳ аст!
8. Оё на нигаристаӣ эй Паёмбар, ба яҳудиёне, ки аз наҷво(1), ки дар нафси мӯъминон шакку шубҳаро меоварад, манъ шуда буданд, боз ҳам ба гуноҳ наҷво мекунанд. Ва бо якдигар пинҳонӣ сухан мегӯянд, сухане, ки дар он гуноҳу душманӣ ва нофармонӣ аз паёмбар аст? Ва чун (эй
Паёмбар) он яҳудиён назди ту барои коре меоянд, ба тавре туро салом мегӯянд, ки Аллоҳ туро ба он тавр салом нагуфтааст(2) ва дар байни худ мегӯянд: Чаро Аллоҳ моро ба он чӣ ба Муҳаммад мегӯем, азоб намекунад, агар ӯ паёмбари барҳақ бошад? Чаҳаннам барояшон кофист. Ба он дохил мешаванд ва ин бад саранҷомест!(3)
____________________
1. Яъне, роз, сухани махфӣ; суханони бадеро, ки дар миёни ҳам ба саргӯшӣ ва розгӯӣ пардохта ва бо чашму абрӯ ишора намуда ва ба ғайбат ва озор додани мӯъминон саъю кӯшиш мекунанд. 2. Яъне, мегуфтанд: Ассому алайка яъне, марг бар ту. 3. Тафсири Бағавӣ 8/55

9. Эй касоне, ки ба Аллоҳу Расулаш имон овардаед, агар бо якдигар наҷво (роз, сухани махфӣ) мекунед, дар боби гуноҳу душманӣ ва нофармонӣ аз паёмбар наҷво (сухан бад) магӯед, балки дар боби некиву парҳезгорӣ наҷво кунед. Ва аз Аллоҳ битарсед бо ба ҷой овардани амрҳояш ва ба парҳез кардан аз манъ кардаҳояш, пас ҳамагон (ба амалҳо ва суханҳоятон) ба сӯи Ӯ бозмегардед ва зуд аст, ки мувофиқи он шуморо ҷазо медиҳад.
10. Ҳароина наҷво (роз гуфтани бад), аз васвасаи шайтон аст(1), ки мехоҳад мӯьминонро ғамгин кунад ва ҳол он ки ҳеҷ зиёне ҷуз ба фармону хоҳиши Аллоҳ ба онҳо намерасонад. Ва мӯъминон бояд, ки бар Аллоҳи ягона таваккал кунанд!
____________________
1. Яъне, онро зиннат медиҳад ва бармеангезад.
____________________
1. Яъне, онро зиннат медиҳад ва бармеангезад.
11. Эй касоне, ки ба Аллоҳу Расулаш имон овардаед, чун шуморо гӯянд, дар маҷлисҳо ҷой васеъ кунед, пас ҷой васеъ кунед,
то Аллоҳ дар дунёву охират барои шумо васеъ кунад.(1) Ва чун гӯянд, ки бархезед, бархезед. Аллоҳ онҳоеро, ки имон овардаанд ва касонеро, ки ахли илм мебошанд ба дараҷаҳои баланди савоб ва мартабаҳои ризвон бардорад ва Аллоҳ таъоло ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст. Аз Ӯ чизе махфӣ намемонад ва мувофиқи он шуморо ҷазо медиҳад)!(2)
____________________
1. Яъне, дар корҳоятон кушоиш диҳад. 2. Дар ин оят баландмартабагии аҳли илм ишора шудааст. Тафсири Саъдӣ 1/846

12. Эй касоне, ки ба Аллоҳу Расулаш имон овардаед, чун бихоҳед, ки бо паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) наҷво кунед (пинҳонӣ сухан гӯед), пеш аз наҷво карданатон садақа бидиҳед ба ҳоҷатмандон. Ин барои шумо аз ҷиҳати савоб беҳтар ва бар дилҳоятон покизатар аст. Ва агар барои садақа чизе наёфтед боке нест, пас ҳамоно Аллоҳ омӯрзандаву меҳрубон аст!
13. Оё тарсидед аз садақа додан, пеш аз рози пинҳонӣ гуфтан бо паёмбар ин, ки камбағал мешавед? Пас чун накардед (яъне садақа надодед) ва Аллоҳ шуморо бахшид
ва рухсат дод шуморо ба садақа надодан, пас намоз бигузоред ва закот бидиҳед ва Аллоҳу паёмбарашро итоъат кунед, ки Аллоҳ ба корҳое мекунед, огоҳ аст ва шуморо мувофиқи он ҷазо медиҳад!
ва рухсат дод шуморо ба садақа надодан, пас намоз бигузоред ва закот бидиҳед ва Аллоҳу паёмбарашро итоъат кунед, ки Аллоҳ ба корҳое мекунед, огоҳ аст ва шуморо мувофиқи он ҷазо медиҳад!
14. Оё надидаӣ он мунофиқонро, ки бо мардуме, ки Аллоҳ бар онҳо хашм гирифта буд, (яҳудиён) дӯстӣ карданд? Инҳо мунофиқон на аз шумоянд ва на аз яҳудиёнанд. Ва қасами бардурӯғ мехӯранд, ки онҳо мусалмонанд ва ту фиристодаи Аллоҳ ҳастӣ ва худ медонанд, ки бардурӯғ савганд мехӯранд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/847
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/847
15. Аллоҳ барои он мунофиқон азоби сахте омода кардааст. Зеро корҳое, ки мекунанд,
(аз нифоқу қасами бардурӯғ) хеле ҳам нописанданд!
(аз нифоқу қасами бардурӯғ) хеле ҳам нописанданд!
16. Сипар гирифтанд мунофиқон савгандҳои дурӯғини худро. Пас ба ин фиребу найранги худ боздоштанд худро ва дигаронро аз роҳи Аллоҳ (Ислом). Пас, барои онҳост азоби хоркунанда дар дӯзах ба сабаби такаббурашон аз имони ба Аллоҳ ва расулаш!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/254
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/254
17. Амволу фарзандонашон барояшон дар баробари азоби Аллоҳ фоидае накунад. Онҳо аҳли ҷаҳаннаманд ва дар он ҷовидонанд, аз он ҷо хориҷ намешаванд.(1)
____________________
1. Ин ҷазои ҳар касе аст, ки аз роҳи Аллоҳ дигаронро боз медорад.
____________________
1. Ин ҷазои ҳар касе аст, ки аз роҳи Аллоҳ дигаронро боз медорад.
18. Рӯзе, ки Аллоҳ ҳамаи мунофиқонро аз қабрҳояшон зинда мекунад, пас ҳамчунон ки дар дунё барои шумо қасам мехӯрданд, барои Ӯ ҳам қасам хоҳанд хӯрд, ки мӯъминанд. Ва мепиндоранд, ки ин қасам дар назди Аллоҳ фоидаашон медиҳад, чуноне, ки дар дунё назди мӯъминон фоидаашон медод. Огоҳ бошед, ки ҳароина, онҳо хеле дурӯғгӯёнанд.
19. Шайтон бар онҳо ғолиб шудааст ҳатто ин, ки амрҳои Аллоҳ ва амал ба тоъати Вайро тарк кардаанд. Онҳо худ ҳизби шайтонанд.
Огоҳ бош, ки ҳизби шайтон дар дунё ва охират зиёнкоронанд!
Огоҳ бош, ки ҳизби шайтон дар дунё ва охират зиёнкоронанд!
20. Ҳароиина, касоне, ки ба амрҳои Аллоҳу паёмбараш мухолифат меварзанд, инҳо аз гӯруҳи хоршудагон ва мағлубшудагонанд дар дунё ва охират.
21. Аллоҳ муқарар кардааст, ки ман ва паёмбаронам пирӯз мешавем. Бегумон Парвардигор тавоною пирӯзманд аст! Ҳеҷ чиз Ӯро оҷиз оварда наметавонад.
22. Гӯруҳеро, ки ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон меоваранд нахоҳӣ ёфт, ки дӯстӣ кунанд бо касоне, ки бо Аллоҳ ва паёмбари Ӯ мухолифат варзиданд. Агар чи онҳо падаронашон ё фарзандонашон ё
бародаронашон ё дигар хешовандонашон бошанд ҳам. Инҳо ҳастанд, ки Аллоҳ дар дилҳояшон имонро андохтааст ва онҳоро бо файзе аз тарафи худ тавоно гардонидааст ва онҳоро ба ҷаннатҳое медарорад, ки аз зери қасрҳо ва дарахтони онҳо дарёҳо равон аст ва ҷовидона дар он ҷо мемонанд. Парвардигор аз онҳо хушнуд аст ва онҳо (низ) аз Ӯ хушнуд ҳастанд. Инҳо лашкарон ва дӯстони Аллоҳанд, огоҳ бош, ки лашкарони Аллоҳ, ҳароина дар дунёву охират наҷотёфтагонанд!