ﯢ
                    surah.translation
            .
            
    
                                    من تأليف: 
                                            فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام
                                                            .
                                                
            ﰡ
Савганд ба ситора, он гоҳ ки нопадид шавад
                                                                        Ки ёри шумо [Муҳаммад] ҳаргиз гумроҳ нашуда ва ба роҳи табоҳе наафтодааст
                                                                        Ва аз рӯйи ҳавои нафс сухан намегӯяд
                                                                        [Ин Қуръон] Ваҳй [-и илоҳӣ] аст, ки [ба ӯ] илқо мешавад. Ин [Қуръон] ҷуз панд барои ҷаҳониён [инсон ва ҷин] нест
                                                                        [Ҷабраил, ки фариштае аст] Пуртавон таълимаш додааст
                                                                        [Ҳамон фариштаи] Хушманзаре, ки [бо чеҳраи ҳақиқиаш дар баробари Паёмбар] истод
                                                                        Дар ҳоле ки ӯ дар уфуқи боло [дар осмон] қарор дошт
                                                                        Сипас [Ҷабраил] наздик шуд; ва наздиктар
                                                                        Пас, [фосилаи ӯ бо Паёмбар] ба андозаи тӯли ду камон камтар буд
                                                                        Он гоҳ [он фариштаи бузургвор] он чиро, ки бояд ба бандаи Аллоҳ таоло ваҳй мекард, ваҳй намуд
                                                                        Он чиро, ки [паёмбар] дид, қалбаш дурӯғ напиндошт
                                                                        Оё бо ӯ дар бораи он чи мебинад, муҷодала мекунед?
                                                                        Дар ҳақиқат, паёмбар як бори дигар низ он фариштаро [ба сурати комил] мушоҳида карда буд
                                                                        Дар канори [дарахти бузург] «Сидрату-л-мунтаҳо» [дар осмони ҳафтум]
                                                                        ки оромишгоҳи биҳишт ҳамон ҷост
                                                                        Он гоҳ ки ҳолате он дарахтро пӯшонида буд
                                                                        Чашми [паёмбар ба чапу рост] мунҳариф нашуд ва [аз ҳад] таҷовуз накард
                                                                        Ба ростӣ, ки ӯ бархе аз бузургтарин нишонаҳои Парвардигорашро [дар он ҷо] мушоҳида кард
                                                                        [Эй мушрикон] Оё «Лот»-у «Уззо»-ро дидаед?
                                                                        Ва «Маннот» он савумин [бути беарзиш]-ро? [Оё ҳеҷ суду зиёне ба шумо мерасонанд?]
                                                                        Оё [иддао мекунед, ки] фарзанди писар барои шумост ва духтар барои Аллоҳ таоло?
                                                                        Дар ин сурат, тақсиме ноодилона аст
                                                                        Ин бутҳо фақат исмҳое [бемаъно] ҳастанд, ки худ ва падаронатон бо онҳо [маъбудҳои дурӯғини худро] ном ниҳодаед ва Аллоҳ таоло ҳеҷ далеле [бар ҳаққонияти ин кор] нозил накардааст. [Мушрикон дар эътиқодоташон] Фақат пайрави гумону хостаҳои дили хешанд; ҳол он ки [муҷиботи] ҳидоят аз ҷониби Парвардигорашон бар онон расидааст
                                                                        Оё инсон ҳар чи [аз шафоати ин маъбудони ботил] орзу кунад, барояш муяссар аст?
                                                                        Дунё ва охират аз они Аллоҳ аст [ва ба ҳар кас, ҳар чиро салоҳ бидонад мебахшад]
                                                                        Чи бисёр фариштагоне, ки дар осмонҳо ҳастанд, ки шафоаташон ба ҳеҷ ваҷҳ судманд нахоҳад буд; магар пас аз он ки Аллоҳ таоло барои ҳар ки бихоҳад ва хушнуд бошад, иҷозат диҳад
                                                                        Касоне, ки ба охират бовар надоранд, бар фариштагони илоҳӣ номи духтар мегузоранд [ва ононро духтарони Аллоҳ таоло медонанд]
                                                                        Онон дар мавриди ин амр [комилан] беиттилоанд [ва] фақат аз ҳадсу гумон пайравӣ мекунанд; дар ҳоле ки барои [шинохти] ҳақиқат гумон кофӣ нест
                                                                        Пас, [эй Паёмбар] ту низ аз касе, ки аз ёди Мо рӯй гардонида ва фақат [лаззатҳои] зиндагии дунёро мехоҳад, рӯй бартоб
                                                                        Ниҳояти дарку фаҳмашон ҳамин аст. Бе тардид, Парвардигорат ба ҳоли касоне, ки аз роҳи Ӯ мунҳариф шудаанд огоҳтар аст; ва низ ба ҳоли роҳёфтагон
                                                                        Ҳар чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ таоло аст, [роҳи хайру шарро ба инсон ироа кард] то бадкоронро дар баробари рафторашон кайфар диҳад ва накукоронро [бо неъматҳои биҳишт] подоши наку ато намояд
                                                                        Ҳамон касоне, ки аз гуноҳони кабира ва корҳои зишту бешармона дурӣ мекунанд; магар лағжишҳои камаҳамият [ва гуноҳони сағира, ки бо тавба ва ибодат бахшида мешаванд], ки омурзиши Парвардигорат густурда аст; аз ҳамон дам, ки шуморо аз замин падид овард ва он гоҳ ки ба сурати ҷанин дар шиками модаронатон будед, ба [табиати] шумо огоҳтар [аз худатон] аст; пас, худситоӣ накунед, ки Ӯ ба ҳоли парҳезкорон донотар аст
                                                                        Оё он касеро, ки [аз ҳақ] рӯй бартофт, дидаӣ?
                                                                        Ва андаке инфоқ кард ва [сипас] худдорӣ намуд
                                                                        Оё илми ғайб дорад ва [ояндаро] мебинад?
                                                                        Оё бохабар нашудааст аз матолиби китоби осмонии Мӯсо
                                                                        ва [таълимоти] Иброҳим, ки ҳаққи [рисолат ва бандагии Мо]-ро ба тамомӣ адо кард?
                                                                        Ки ҳеҷ гунаҳгоре бори гуноҳи дигареро бар дӯш нахоҳад кашид
                                                                        Ва ин ки инсон фақат самараи талош [-у нияти] худро хоҳад дошт
                                                                        Ва ин ки бе гумон талоши ӯ [дар муҳосибаи аъмолаш дар рӯзи қиёмат] манзур хоҳад шуд
                                                                        Он гоҳ подошашро ба тамомӣ хоҳанд дод
                                                                        Ва ин ки бозгашт [-и ҳамаи умур] ба сӯйи Парвардигори туст
                                                                        Ва Ӯст, ки механдонад ва мегирёнад
                                                                        Ва Ӯст, ки мемиронад ва [дар охират] зинда мекунад
                                                                        Ва ҳам Ӯст, ки завҷи нару модаро меофарад,
                                                                        аз нутфае, ки [дар раҳим] рехта мешавад
                                                                        ва падид овардани дубораи онҳо [дар қиёмат низ бар уҳдаи] Аллоҳ таоло аст
                                                                        Ва Ӯст, ки [шуморо] бениёз мекунад ва сармоя мебахшад
                                                                        Ва Ӯст, ки Парвардигори [ситораи] «Шиъро» аст
                                                                        Ва Ӯст, ки қавми Одро дар гузашта ҳалок кард
                                                                        Ва қавми Самудро [низ нобуд кард] ва [ҳеҷ як аз ононро] боқӣ нагузошт
                                                                        Ва қавми Нуҳро, ки ситамгортар ва саркаштар буданд, пеш аз он [ҳалок намуд]
                                                                        
                                                                                                                
                                    ﭿﮀ
                                    ﰴ
                                                                        
                    Ва шаҳрҳои зерурӯшуда [-и қавми Лут]-ро дар ҳам кӯбид
                                                                        Ва ононро [бо азобе фарогир] – чунон ки бояд пӯшонид
                                                                        Ҳол [эй инсон] дар мавриди кадом як аз неъматҳои Парвардигорат тардид раво медорӣ [ва муҷодала мекунӣ]?
                                                                        Ин [паёмбар низ] ҳушдордиҳандаест аз [гурӯҳи] ҳушдордиҳандагони пешин
                                                                        
                                                                                                                
                                    ﮑﮒ
                                    ﰸ
                                                                        
                    Қиёмат наздик мешавад
                                                                        Ва ҳеҷ кас – ҷуз Аллоҳ таоло – наметавонад ошкораш кунад [ва сахтиҳояшро бартараф созад]
                                                                        [Эй мушрикон] Оё аз ин сухан дар шигифтед?
                                                                        Ва дар ҳоли ғафлат ва ғурур [ба оёти Қуръон] механдед ва [аз шунидани ҳушдорҳояш наметарсед ва] ашк намерезед?
                                                                        
                                                                                                                
                                    ﮤﮥ
                                    ﰼ
                                                                        
                    Ва шумо бозикунандагонед
                                                                        Пас, [ҳамагӣ] барои Аллоҳ таоло саҷда кунед ва [танҳо] Ӯро бипарастед