ﮯ
surah.translation
.
من تأليف:
فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام
.
ﰡ
Сипос [ва ситоиш] аз они Аллоҳи офаринандаи осмонҳо ва замин аст; [Парвардигоре, ки] фариштагонро бо болҳои дугона ва сегона ва чаҳоргона, фиристодагон [-и хеш ба сӯйи мардум] қарор дод [ва] ҳар чи бихоҳад дар офариниш меафзояд. Бе тардид, Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност
Ҳар [бахшоиш ва] раҳмате, ки Аллоҳ таоло барои мардумон бикушояд, ҳеҷ боздорандае барояш нест ва ҳар чиро бозгирад, фиристандае пас аз Ӯ вуҷуд надорад; ва Ӯ шикастнопазиру ҳаким аст
Эй мардум, неъмати Аллоҳро бар худ ба ёд оваред. Оё офаринандае ҷуз Аллоҳ таоло ҳаст, ки шуморо аз осмон ва замин рӯзӣ диҳад? Ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ нест. Пас, чи гуна [аз ҳақ] мунҳариф мешавед?
[Эй паёмбар] Агар мушрикон туро дурӯғгӯ меангоранд [ғамгин мабош; зеро] паёмбарони пеш аз туро низ дурӯғгӯ ангоштанд ва [саранҷом ҳамаи] корҳо ба Аллоҳ таоло боз гардонида мешавад
Эй мардум, яқинан, ваъдаи Аллоҳ таоло [дар мавриди қиёмат] ҳақ аст; пас, [ҳушёр бошед, ки лаззатҳои] зиндагии дунё шуморо нафиребад ва шайтон шуморо нисбат ба [таъхир дар азоб ва шикебоӣ] Аллоҳ таоло нафиребад
Бе тардид, шайтон душмани шумост; пас, шумо низ ӯро душман [-и худ] гиред. Ҷуз ин нест, ки ӯ пайравонашро [ба куфр] мехонад, то аз аҳли оташ бошанд
Касоне, ки куфр варзидаанд, азобе сахт [дар пеш] доранд ва касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд омурзиш ва подоше бузург [дар итизор] доранд
Пас, оё касе, ки кирдори зишташ дар назараш ороста гаштааст ва онро неку мебинад [ҳамчун муъмини ҳақиқатбин аст?] пас, бе тардид, Аллоҳ таоло ҳар киро хоҳад гумроҳ месозад ва ҳар киро бихоҳад ҳидоят мекунад; пас, [эй паёмбар] вуҷудатро ба хотири дареғҳо [-и фаровон] бар [гумроҳии] онон табоҳ накун. Бе тардид, Аллоҳ таоло бар он чи мекунанд, огоҳ аст
Аллоҳ таоло аст, ки бодҳоро равон мекунад ва [онҳо низ] абреро бармеангезанд; сипас Мо он [абр]-ро ба сӯйи сарзамине [хушк ва] мурда мефиристем ва ба [василаи] он заминро – пас аз хушкӣ ва хазонаш–зинда мекунем. Барангехтан [-и мурдагон аз қабрҳо низ] чунин аст
Ҳар ки сарбаландӣ [-и дунё ва охиратро] мехоҳад, [бидонад, ки] сарбаландӣ ҳама аз они Аллоҳ таоло аст. Гуфтори пок [ва зикри илоҳӣ] ба сӯяш авҷ мегирад ва кирдори шоистаи он [гуфтор]-ро боло мебарад; ва онон, ки зиштиҳо [ва гуноҳон]-ро дасисачинӣ мекунанд, азоби сахте [дар пеш] доранд ва [нақша ва] найрангашон нобуд мегардад
Ва Аллоҳ таоло [нахустин] шуморо аз хоке офарид ва он гоҳ [фарзандонаш] аз нутфае [падид овард]; сипас шуморо ҷуфтҳо [-и якдигар] қарор дод. Ҳеҷ [ҷондори] модае бордор намешавад ва зоймон намекунад, магар бо дониш [ва огоҳии] Ӯ; ва ҳеҷ [ҷондори] куҳансоле умри тӯлонӣ намекунад ва аз умраш коста намегрдад, магар он ки дар китобе [Лавҳи маҳфуз] сабт аст. Ба ростӣ, ки ин кор барои Аллоҳ таоло осон аст
Ва он ду дарё яксон нестанд: ин яке ширин ва хушгувор аст ва нӯшиданаш гуворост ва он яке шӯру талх аст; ва аз [сайди] ҳар як гӯште тоза мехӯред ва зеваре [ҳамчун марворид ва марҷон аз аъмоқаш] берун меоваред, ки онҳоро бар тан мекунед; ва киштиҳоро дар он дарё мебинӣ, ки [синаи амвоҷро] мешикофанд, то аз бахшоиши он баҳраманд гардед; бошад, ки сипос гузоред
[Аллоҳ таоло] шабро дар рӯз дармеоварад ва рӯзро дар шаб дармеоварад [ва инчунин бар тӯли ҳар яке меафзояд] ва хуршед ва моҳро ба хидмат [-и инсон] гумошт, ки ҳар як то замоне муайян [ дар мадори худ] равон бошанд. Ин аст Аллоҳ таоло–Парвардгори шумо; фармонравоӣ аз они Ӯст ва касонеро, ки ба ҷойи Ӯ мехонед, [дар баробараш чунон фақиранд, ки ҳатто] пусти ҳастаи хурмоеро доро нестанд
Агар ононро бихонед, садоятонро намешунаванд ва [ба фарзи маҳол] агар бишнаванд, посухатонро намедиҳанд ва рӯзи қиёмат аз ширки шумо безорӣ меҷӯянд; ва [эй паёмбар] ҳеҷ кас ҳамчун [Парвардгори] огоҳ туро [аз ҳақоиқ] хабардор намесозад
Эй мардум, [ҳамаи] шумо ба Аллоҳ таоло ниёзмандед ва [танҳо] Аллоҳ таоло аст, ки бениёзи сутуда аст
Ӯ агар бихоҳад, шуморо [аз миён] мебарад ва офаринише ҷадид [ба ҷойи шумо падид] меоварад
Ва [анҷоми] ин кор барои Аллоҳ таоло душвор нест
Ва ҳеҷ гунаҳгоре, бори гуноҳи дигареро ба дӯш намегирад ва агар [шахси] гаронборе, [дигареро] барои ҳамли бори [гуноҳони] хеш фаро бихонад, [чизе аз он бор] бардошта намешавад; ҳарчанд, ки ӯ хешованд [-и наздикаш] бошад. [Эй паёмбар] Ҷуз ин нест, ки ту фақат ба касоне ҳушдор медиҳӣ, ки дар ниҳон аз [муҷозоти] Парвардгорашон метарсанд ва намоз барпо медоранд. Ҳар ки [аз гуноҳон] пок шавад, пас? яқинан танҳо ба суди хеш пок гаштааст ва бозгашт [-и ҳама] ба сӯйи Аллоҳ таоло аст
Ва [кофир ва муъмин баробар нестанд; чунонки] нобино ва бино яксон нестанд
Ва на торикиҳо ва нур
Ва на соя ва боди сӯзон
Ва зиндагон ва мурдагон яксон нестанд. Бе тардид, Аллоҳ таоло [нидои ҳақро] ба гӯши ҳар ки бихоҳад мерасонад ва ту [эй паёмбар] наметавонӣ касонеро, ки дар гӯрҳо ҳастанд, шунаво созӣ
Ту ҷуз бимдиҳандае [беш] нестӣ
Ба ростӣ, Мо туро ба ҳақ башоратдиҳанда ва бимдиҳанда фиристодем ва [дар наслҳои гузашта низ] ҳеҷ уммате набуд, магар он ки миёнашон бимдиҳандае гузашта аст
Ва агар [мушрикон] туро дурӯғгӯ меангоранд, [аҷиб нест; чаро ки] бе тардид, касоне, ки пеш аз онон буданд, [низ] паёмбаронашонро, ки бо далоили равшан ва китобҳои осмонӣ ва китоби равшангар ба суроғашон омаданд, дурӯғгӯ ангоштанд
Он гоҳ [Ман низ] касонеро, ки куфр варзида буданд, нобуд кардам; пас, [бингар, ки] кайфари Ман чи гуна буд
Оё надидаӣ, ки Аллоҳ таоло аз осмон обе нозил кард ва ба [василаи] он [аз дарахтони мухталиф] меваҳое падид овардем, ки рангҳояш гуногун аст ва аз кӯҳҳо [низ рагаҳо ва] роҳҳое сафед ва қирмиз ва комилан сиёҳ [офаридем], ки рангҳояш гуногун аст?
Ва ҳамчунин аз инсонҳо ва ҷунбандагон ва чаҳорпоён [низ махлуқоте офаридем, ки] рангҳояш гуногун аст. Ба ростӣ, аз [миёни] бандагони Аллоҳ таоло, танҳо доноён [ҳастанд, ки ба сифот ва аҳкоми илоҳӣ огоҳӣ доранд ва] аз Ӯ метарсанд. Бе тардид, Аллоҳ таоло шикастнопазири омурзанда аст
Дар ҳақиқат, касоне, ки китоби Аллоҳро мехонанд ва намоз барпо медоранд ва аз он чи ба эшон рӯзӣ додаем, пинҳону ошкор инфоқ мекунанд, ба тиҷорате [пурсуд] умед доранд, ки ҳаргиз зиён [ва касодӣ] надорад
То [Аллоҳ таоло] подошашонро ба тамомӣ бидиҳад ва аз фазли хеш бар [ҳаққи] онон биафзояд. Бе тардид, Ӯ омурзандаи сипосгузор аст
[Эй паёмбар] он чи аз ин китоб ба ту ваҳй кардем ҳақ аст ва он [китобҳои осмонӣ]-ро, ки пештар будааст, тасдиқ мекунад. Бе тардид, Аллоҳ таоло ба [ҳоли] бандагонаш огоҳ ва биност
Онгоҳ ин китоб [Қуръон]-ро ба гурӯҳе аз бандагонамон, ки баргузидем [уммати Муҳаммад] ба мерос додем; пас, [бархе] аз онон дар ҳаққи хеш ситамгоранд ва [бархе дигар] аз онон миёнарав ҳастанд ва [бархе] аз онон ба фармони Аллоҳ таоло дар некиҳо пештозанд. Ин [мусулмонӣ ва баҳрамандӣ аз Қуръон, фазилат ва] бахшоиши бузург аст
[Подошашон] боғҳои ҷовидон [-и биҳиштӣ] аст, ки ба он ворид мешаванд. Дар он ҷо ба дастбандҳое аз тилло ва марворид ороста мегарданд ва либосашон аз ҳарир аст
[Онон пас аз вуруд] мегӯянд: «Сипос [ва ситоиш] аз они Аллоҳ таоло аст, ки андӯҳро аз мо дур кард. Ба ростӣ, ки Парвардигорамон омурзандаи сипосгузор аст
Он [маъбуде], ки аз фазли хеш моро дар ин сарои ҷовид ҷой дод; дар он ҷо ранҷе ба мо намерасад ва дучори хастагӣ [ва касолат] намешавем
Ва барои касоне, ки куфр варзидаанд оташи дузах [дар пеш] аст. На фармон [-и марг] бар онон ҷорӣ мешавад, то бимиранд ва на [чизе] аз азобаш бар онон коста мегардад. Мо ҳар носипосеро чунин ҷазо медиҳем
[Дузахиён] Дар он [оташ] фарёд мезананд: «Парвардигоро, моро [аз ин азоб] берун овар, то ғайр аз он чи [пештар] мекардем, кори шоистае анҷом диҳем». [Ба онон гуфта мешавад] «Оё ба шумо [он қадар фурсат ва] умр надодем, то ҳар ки пандпазир аст, дар он [муддат] панд гирад? Ва [паёмбар низ ба унвони] бимдиҳанда наздатон омад; пас, [ҳоло ки итоат накардед, таъми азобро] бичашед, ки ситамгорон ҳеҷ ёригаре надоранд
Бе тардид, Аллоҳ таоло донои ниҳони осмонҳо ва замин аст [ва] Ӯст, ки ба рози дилҳо доност
Ӯст, ки шуморо дар замин ҷонишин [-и пешиниён] қарор дод; пас, ҳар ки куфр биварзад, куфраш ба зиёни худи ӯст; ва кофиронро куфрашон назди Парвардгорашон ҷуз хашм [ва безорӣ] намеафзояд; ва кофиронро куфрашон ҷуз зиён [ва гуноҳ, чизе] намеафзояд
[Эй паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: «Он маъбудоне, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло мехонед, нишонам диҳед, чи чизе аз заминро офаридаанд? Ё [ҳамроҳи Аллоҳ таоло] дар офариниши осмонҳо ширкат доштаанд? Ё ба онон [мушрикон] китобе додаем ва аз [матолиби] он нишонаи равшане [бар ҳаққонияти худ] доранд?» [Чунин нест] Балки ситамгорон [-и мушрик] ҷуз фиреб, ба якдигар ваъдае намедиҳанд
Ба ростӣ, Аллоҳ таоло, ки осмонҳо ва заминро нигаҳ медорад, то [аз масиру мадори худ] мунҳариф нашаванд ва агар инҳироф ёбанд, пас, аз Ӯ касе онҳоро нигаҳ намедорад. Бе тардид, Аллоҳ таоло ҳамвора бурдбори омурзанда аст
[Кофирон] Бо сахттарин савгандҳояшон ба Аллоҳ таоло савганд ёд карданд, ки агар [паёмбари] бимдиҳандае бар эшон биёяд, аз ҳар уммате роҳёфтатаранд; аммо чун [Муҳаммад ба унвони] бимдиҳандае наздашон омад, ҷуз дурӣ [ва нафрат аз ҳақ чизе] бар онон наафзуд
[Савгандҳояшон содиқона набуд; балки] Аз рӯйи гарданкашӣ дар замин ва найранги зишт [буд] ва найранги зишт, ҷуз домангири соҳибаш намегардад. Пас, оё [кофирон чизе] ҷуз суннати [илоҳӣ ва кайфари] пешиниёнро интизор доранд? Пас, ҳаргиз дар суннати Аллоҳ таоло табдиле намеёбӣ ва ҳаргиз дар суннати Аллоҳ таоло тағйире намеёбӣ
Оё [кофирон] дар замин гардиш накардаанд, то бубинанд саранҷоми касоне, ки пеш аз онон ва нерумандтар аз онон буданд, чи гуна шуд? Ҳеҷ чизе дар осмонҳо ва замин нест, ки Аллоҳро нотавон созад [ва аз ҳавзаи қудраташ берун равад]. Бе тардид, Ӯ ҳамвора донову тавоност
Ва агар Аллоҳ таоло мардумро ба сабаби он чи кардаанд, муҷозот мекард, ҳеҷ ҷунбандаеро бар пушти замин боқӣ намегузошт, аммо [муҳлат медиҳад ва кайфари] ононро то саромади муайяне ба таъхир меандозад; пас, ҳангоме ки аҷалашон [дар қиёмат] фаро расад, яқинан, Аллоҳ таоло ба ҳоли бандагонаш биност.