ﮜ
surah.translation
.
من تأليف:
خوجه ميروف خوجه مير
.
ﰡ
1. (Эй мушрикон, он чи Аллоҳ ба шумо дар рӯзи қиёмат аз азоб ваъда додааст), наздик омад, инак барои вуқӯъи он фармони Аллоҳ даррасид, пас онро бо шитобзадагӣ талаб макунед ва барои расулонаш масхаракунон нагӯед, ки агар рост мегӯед, ки қиёмате ҳаст аз Аллоҳ бихоҳед ҳар чи зудтар азоби онро бинамояд. Ӯ пок аст аз сифатҳое, ки мушрикон дар бораи Ӯ ба забон меронанд ва аз ҳар чӣ, ки шарики Ӯ месозанд, болотар аст.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\164
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\164
2. Фариштагонро ҳамроҳи ваҳй, ки фармони Ӯст, бар ҳар яке аз бандагонаш, ки бихоҳад, фурӯ мефиристад, то бим диҳед бандагони Маро аз шарик овардан ба Ман,
ки ҷуз Ман, ҳеҷ маъбуди барҳақе нест, пас аз Ман битарсед бо адо намудани фарзҳо ва холис Маро ибодат кунед.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\165
ки ҷуз Ман, ҳеҷ маъбуди барҳақе нест, пас аз Ман битарсед бо адо намудани фарзҳо ва холис Маро ибодат кунед.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\165
3. Осмонҳову заминро бар ҳақ биёфарид, аз ҳар чӣ бо Ӯ шарик месозанд, пок аст.(1)
____________________
1. Аллоҳ ба бузургии худ барои бандагонаш ҳуҷҷат меорад, ки Ӯ дар офариниши осмонҳову замин касеро шарик нагирифтааст, инчунин дар ибодаташ касеро шарик нагирифтааст. Пас Ӯ танҳо сазовори ибодат шуда метавонад Тафсири Ибни Касир 4\555
____________________
1. Аллоҳ ба бузургии худ барои бандагонаш ҳуҷҷат меорад, ки Ӯ дар офариниши осмонҳову замин касеро шарик нагирифтааст, инчунин дар ибодаташ касеро шарик нагирифтааст. Пас Ӯ танҳо сазовори ибодат шуда метавонад Тафсири Ибни Касир 4\555
4. Одамиро аз нутфа биёфарид, чун ӯ тавоноӣ ёфт, ба он мағрур мешавад. Пас, он гоҳ ӯ ошкоро хусумат мекунад бо Офаридгори худ, ба монанде, ки мегӯяд: "кӣ устухонҳои пӯсидаро зинда мегардонад?"(1).
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\557
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\557
5. Чаҳорпоёнро (чун гову, бузу, шутуру гӯсфанд) бароятон биёфарид, шуморо аз пашм ва пӯсти онҳо гармӣ дод ва дигар фоидаҳоест чун насл гирифтан ва ширу саворӣ дарёфт кардан. Ва аз гӯшти ҳалоли онҳо мехӯред.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\9
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\9
6. Ва бароятон дар онҳо зебоиву ҳусну ҷамол аст, чун ҳангоми шаб онҳоро аз чарогоҳон бозмегардонед ва бомдодон онҳоро ба саҳро берун меронед,
7. Борҳоятонро ба шаҳрҳое, ки ҷуз ба ранҷи бисёре ба онҳо натавонед расид, ба худ бардошта мебаранд. Ҳамоно
Парвардигоратон мушфиқу меҳрубон аст!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\9
Парвардигоратон мушфиқу меҳрубон аст!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\9
8. Ва аспону уштурону харонро барои он офаридааст, ки саворашон шавед ва низ зиннати шумо бошанд. Ва Аллоҳ чизҳоеро меофарад, ки шумо намедонед.
9. Ҳидояти мардум бар Аллоҳ аст, ки роҳи ростро бинамояд роҳе, ки ба хайру ҳақ мерасад ва он Ислом аст. Аз миёни роҳҳо низ роҳе каҷ ҳаст, ки ба хайр ё ҳақ намерасад ва он роҳи тамоми миллатҳои куфр аст. Агар Аллоҳ мехост, ҳамаи шуморо ҳидоят мекард.
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\11
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\11
10. Ӯ зоте аст, ки аз осмон бароятон борон нозил кард. Аз он менӯшед ва аз он гиёҳ ва дарахт мерӯяд ва чорпоёнро дар он мечаронед.
11. Ва бо он борон бароятон киштзор ва зайтуну хурмоҳо ва ангур ва ҳар навъ мева бирӯёнад. Албатта, дар ин боридани борон ва рӯёнидани гиёҳ ибратест барои мардуме, ки меандешанд.
12.. Ва мусаххару тобе кард шабро барои роҳати шумо ва рӯзро барои дарёфти зиндагиатон ва хуршедро бароятон равшан сохт ва моҳро бароятон партави нур гардонд ва ситорагон ҳама дар осмон фармонбардори амри Ӯ ҳастанд. Албатта, дар ин кори офаридан ва мутеъ сохтан, ки хирадмандон меандешанд, ибоатҳост.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\437
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\437
13. Дар замин чизҳое бо рангҳои гуногун офарид аз чорпоён, дарахтҳо ва меваҳо,(1) ҳамоно дар ин ибратест барои мардуме, ки панд мегиранд!
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\180
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\180
14. Ӯст, ки дарёро мусаххар сохтааст, то аз он гӯшти моҳие, ки сайд мекунед тоза бихӯред ва зеварҳое аз он берун оред ва хештанро бо он биороед ва киштиҳоро бинӣ, ки баҳрро мешикофанд ва пеш мераванд ва меоянд ва саворашон мешавед, то аз фазли Аллоҳ рӯзӣ биталабед, бошад, ки шукр гӯед бар он неъмати бузурге, ки ба шумо арзонӣ кард, пас ғайри Ӯро ибодат макунед!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\182
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\182
15. Ва бар замин кӯҳҳоро устувор ва мустаҳкам қарор дод, то шуморо наларзонад. Ва дарёҳову роҳҳо падид овард. Шояд ҳидоят ёбед!
16. Ва дар рӯз нишонаҳоеро қарор дод чун дарёҳо ва кӯҳҳо ва дар шаб ба василаи ситорагон роҳ меёбанд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\185
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\185
17. Оё он касе, ки меофарад ҳамаи чизҳоро, монанди касест, ки намеофарад?
Оё аз бузургии Аллоҳ панд намегиред, то Ӯро ба ягонагиаш парастиш намоед.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\437
Оё аз бузургии Аллоҳ панд намегиред, то Ӯро ба ягонагиаш парастиш намоед.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\437
18. Агар бихоҳед неъматҳои Аллоҳро шумор кунед, пас аз сабаби бисёр ва гуногун буданаш ҳисобидан натавонед. Албатта, Аллоҳ барои шумо омурзандаву меҳрубон аст ва аз камбудиҳоятон неъматашро аз шумо қатъ намекунад ва шуморо тез ба уқубат намегирад!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\14
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\14
19. Он чиро, ки пинҳон мекунед ва ё ошкор месозед, Аллоҳ ба он огоҳ аст. Ва аз он дар рӯзи қиёмат ҳисобатон хоҳад кард(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\187
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\187
20. Ва онҳоеро, ки ба ҷои Аллоҳ маъбуд мехонанд аз бутон, наметавонанд чизе биёфаринанд ва худ офарида
мешаванд.
мешаванд.
21. Он бутҳоеро, ки мепарастанд мурдаанд ва беҷонанд, намедонанд, ки чи вақт зинда мешаванд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\188
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\188
22. Аллоҳи шумо ягона маъбудест, ки Ӯст сазовори ибодат. Ва онон, ки ба охират имон намеоваранд, дилҳояшон ягонагии Аллоҳро инкоркунандааст ва аз сабаби натарсиданашон аз азоби Парвардигор худашон мутакаббир ҳастанд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\189
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\189
23. Ба ростӣ, ки Аллоҳ медонад, ки чӣ дар ақидаҳо, гуфторҳо ва кирдорҳо пинҳон медоранд ва чӣ чизеро
аз он ошкор месозанд ва Ӯ мутакаббиронро дӯст намедорад ва рӯзи қиёмат
мувофиқи аъмолашон онҳоро ҷазо хоҳад дод!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\189
аз он ошкор месозанд ва Ӯ мутакаббиронро дӯст намедорад ва рӯзи қиёмат
мувофиқи аъмолашон онҳоро ҷазо хоҳад дод!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\189
24. Чун ба онҳое, ки ба охират имон намеоранд аз мушрикон гуфта шавад: «Парвардигоратон чӣ чизҳоеро нозил кардааст?» Ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯянд: «Афсонаҳои гузаштагонро нозил кардааст».(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\438
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\438
25. То дар рӯзи қиёмат ҳамаи бори гуноҳи хеш(1) ва бори гуноҳи касонеро, ки ба нодонӣ гумроҳашон карда буданд, бардоранд. Огоҳ бош, ки чи бори баде бар дӯш мебардоранд!
____________________
1. Ба сабаби имон наоварданашон ба Аллоҳ ва куфр оварданашон ба он чи нозил шудааст ба Муҳаммад салдаллоҳу алайҳи ва саллам. Тафсири Табарӣ 17\190
____________________
1. Ба сабаби имон наоварданашон ба Аллоҳ ва куфр оварданашон ба он чи нозил шудааст ба Муҳаммад салдаллоҳу алайҳи ва саллам. Тафсири Табарӣ 17\190
26. Дар ҳақиқат пеш аз мушрикон ахли куффор низ бар паёмбаронашон ва барои рад кардани он чи аз даъвати ҳақ оварда буданд, ҳилаву найрангҳоро ба кор бурданд. Пас, фармони Аллоҳ даррасид ва он биноҳояшонро аз поя вайрон сохт ва сақф аз болои сарашон фурӯ афтод ва азоби Аллоҳ аз ҷое, ки фикрашро намекарданд, ба онон расид, балки гумони он доштанд, ки комилан дар амонанд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\438
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\438
27. Пас, дар рӯзи қиёмат хорашон месозад ва мефармояд: «Бутоне, ки шарики Ман мехондед ва бар сари онҳо бо якдигар ихтилоф мекардед, акнун куҷоянд то ки аз шумо азобро дур кунанд?» Донишмандони мӯъминон мегӯянд: «Ба ростӣ, имрӯз насиби кофирон хориву ранҷ аст!»(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\16
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\16
28. Касоне ҳастанд, ки бар худ ситам раво доштаанд дар ҳоли куфрашон, чун фариштагон ҷонашонро биситонанд, сари таслим фуруд оранд ва гӯянд: «Мо ҳеҷ кори баде (ширке) намекардем». Фариштагон барояшон гӯянд: Оре, Аллоҳ аз корҳое, ки мекардед, огоҳ аст ва бар он амалҳоятон ҷазоятон хоҳад дод.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\16
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\16
29. Сипас аз дарҳои ҷаҳаннам дохил шавед, дар ҳоле ки дар он ҷо ҷовидона хоҳед
буд. Чи бад аст ҷойгоҳи мутакаббирон!
буд. Чи бад аст ҷойгоҳи мутакаббирон!
30. Ва аз парҳезгороне, ки аз Аллоҳ метарсанд, пурсанд: «Парвардигори шумо бар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам чӣ чиз нозил кардааст», мегӯянд: «Хайр ва хубӣ, ки барои некӯкорон дар ҳамин дунё некӣ аст ва сарои охират беҳтар хоҳад буд ва чи хуб аст сарои парҳезгорон»!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\17
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\17
31. Ба боғҳои биҳишт, ки ба он ворид мешаванд, ҷуйборҳое дар зери дарахтони он равон аст, дар он ҷо ҳар чӣ бихоҳанд, хоҳанд дошт. Аллоҳ инчунин ба парҳезгорон подош медиҳад.
32. Онон, ки фариштагон дар ҳоле ҷонашонро мегиранд, ки бар тақвои Аллоҳ пойдор буданд, мегӯянд: «Салом бар шумо! Ба подоши корҳое, ки мекардаед, ба биҳишт дароед».
33. Оё мунтазиранд, ки фариштагон наздашон биёянд ва дар ҳоли куфрашон ҷонашонро бигиранд, ё фармони Парвардигорат фаро расад ва ба азоб ҳалокашон созад? Гурӯҳе низ, ки пеш аз онҳо буданд, чунин мекарданд, пас Аллоҳ ҳалокашон кард ва Аллоҳ ба онон ситам накард, балки онон худ ба худ ситам мекарданд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\18
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\18
34. Пас, ба ҷазои кирдори бадашон расиданд ва ҳамон чизҳоеро, ки ба масхара мегирифтанд, (яъне азоб) бар сарашон омад.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\439
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\439
35. Мушрикон аз рӯи истеҳзо ва тамасхӯр гуфтанд: «Агар Аллоҳ мехост, мову падаронамон ғайр аз Аллоҳ ҳеҷ чизеро намепарастидем ва он чиро ҳаром кардаем, ҳаром намекардем».(1) Мардуме ҳам, ки пеш аз онҳо буданд, чунин мекарданд
(ва бо ин гуна баҳонаҳо ва ҳаром гардонидани чизҳо мақсадашон қабул накардани ҳақ буд, вале худашон медонистанд, ки ин дар назди Аллоҳ ҳуҷҷат намешавад.)(2) Бар паёмбарон ҷуз таблиғи ошкоро вазифаи дигаре нест.
____________________
1. Ба монанди "баҳира" ва "соиба" ва "васила" ва "ҳом". Тафсири Бағавӣ 5\18. Нигар ба сураи Моида, ояти 103 2. Тафсири Саъдӣ 1\440
(ва бо ин гуна баҳонаҳо ва ҳаром гардонидани чизҳо мақсадашон қабул накардани ҳақ буд, вале худашон медонистанд, ки ин дар назди Аллоҳ ҳуҷҷат намешавад.)(2) Бар паёмбарон ҷуз таблиғи ошкоро вазифаи дигаре нест.
____________________
1. Ба монанди "баҳира" ва "соиба" ва "васила" ва "ҳом". Тафсири Бағавӣ 5\18. Нигар ба сураи Моида, ояти 103 2. Тафсири Саъдӣ 1\440
36. Ва ба таҳқиқ дар миёни ҳар миллате паёмбаре фиристодем, ки Аллоҳро бипарастед ва аз тоғут(1) дурӣ ҷӯед. Баъзеро, ки Аллоҳ ҳидоят кард, ки илман ва амалан пайрави паёмбарон буданд ва бар баъзе гумроҳӣ муқаррар гашт, ки онон пайрави роҳи гумроҳӣ буданд. Пас, дар замин бигардед ва бинед, ки оқибати кори касоне, ки паёмбаронро ба дурӯғ нисбат медоданд, чӣ гуна будааст.(2)
____________________
1. Ҳар чизе, ки ғайр аз Аллоҳ парастиш карда мешавад; аз шайтон, бут, мурдаҳо ва ғайра. 2. Тафсири Саъдӣ 1\440
____________________
1. Ҳар чизе, ки ғайр аз Аллоҳ парастиш карда мешавад; аз шайтон, бут, мурдаҳо ва ғайра. 2. Тафсири Саъдӣ 1\440
37. Ва агар ту ба ҳидояти онҳо ҳарис бошӣ, ҷаҳди худро дар онҳо сарф намоӣ, Аллоҳ онро, ки гумроҳ кардааст, ҳидоят намекунад ва ин гумроҳонро ҳеҷ ёридиҳандае нест, ки аз азоби Аллоҳ наҷоташон диҳад.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\440
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\440
38. Ва ба таври ҷиддӣ ба Аллоҳ қасам хӯрданд, ки Аллоҳ мурдаро рӯзи қиёмат
аз нав зинда намекунад, аммо Аллоҳ ин қасамҳои онҳоро дурӯғ бароварда мегӯяд: Оре, ин ваъдаест (яъне дубора зинда кардани
Аллоҳ мурдагонро), ки бешубҳа, анҷом додани он бар ӯҳдаи Ӯст, вале бештари мардум аз сабаби ҷаҳлашон намедонанд ва мухолифати паёмбарон карда дучори куфр мешаванд.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\571
аз нав зинда намекунад, аммо Аллоҳ ин қасамҳои онҳоро дурӯғ бароварда мегӯяд: Оре, ин ваъдаест (яъне дубора зинда кардани
Аллоҳ мурдагонро), ки бешубҳа, анҷом додани он бар ӯҳдаи Ӯст, вале бештари мардум аз сабаби ҷаҳлашон намедонанд ва мухолифати паёмбарон карда дучори куфр мешаванд.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\571
39. Оре, Аллоҳ ҳама бандагонро зинда мегардонад, то он чиро, ки дар он ихтилоф мекарданд, барояшон ошкор кунад ва ҳамоно кофирон бидонанд, ки ҳақиқатан дурӯғ мегуфтанд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\204
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\204
40. Ҳаргоҳ фармони Мо ба ҳар чизе,(1) ки иродаашро бикунем, ин аст, ки мегӯем: «Мавҷуд шав!», пас мавҷуд мешавад.
____________________
1. Яъне, аз нав зинда гардонидан бар Мо осон аст. Тафсири Бағавӣ 5\19
____________________
1. Яъне, аз нав зинда гардонидан бар Мо осон аст. Тафсири Бағавӣ 5\19
41. Ва ононе, ки мавриди ситам қарор гирифтанд ва дар роҳи Аллоҳ муҳоҷират карданд, дар ин ҷаҳон(1) ҷойгоҳе некӯ медиҳем. Ва агар инҳо, пасмондагон медонистанд, чӣ гуна аҷри охират бузургтар аст, ҳеҷ кас аз муҳоҷират кардан дар роҳи Аллоҳ дар ватанаш боқӣ намемонд.(2)
____________________
1. Дар Мадина. 2. Тафсири Саъдӣ 1\440
____________________
1. Дар Мадина. 2. Тафсири Саъдӣ 1\440
42. Ононе, ки сабр пеша карданд ва бар Парвардигорашон таваккал мекунанд.
43. Ва нафиристодем пеш аз ту эй Расул, магар паёмбаронеро, ки ваҳй фиристодем ба сӯяшон аз мардони башарият буданд на фариштагон. Ва агар худ намедонед эй мушрикони Қурайш, пас аз уламои аҳли китоб бипурсед, ки оё паёмбарон башар буданд?(1)
____________________
1. Аз ин оят чунин қоида бар меояд, ки агар инсон чизеро аз масоили динӣ
Нафаҳмад бояд аз олимони собит қадам дар илм бипурсад. Тафсири Саъдӣ 1/441
____________________
1. Аз ин оят чунин қоида бар меояд, ки агар инсон чизеро аз масоили динӣ
Нафаҳмад бояд аз олимони собит қадам дар илм бипурсад. Тафсири Саъдӣ 1/441
44. Онҳоро ба далелҳои равшан ва китобҳои осмонӣ фиристодем. Ва ба сӯи ту эй Расул, низ Қуръонро нозил кардем, то он чиро барои мардум нозил шудааст, барояшон баён кунӣ ва бошад, ки бияндешанд ва итоат кунанд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\211
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\211
45. Оё он мушрикони араб, ки муртакиби бадиҳо мешаванд, магар эминанд аз ин, ки замин ба фармони Аллоҳ онҳоро
фурӯ барад ё азоб аз ҷое, ки намедонанд, бар сарашон фуруд ояд?
фурӯ барад ё азоб аз ҷое, ки намедонанд, бар сарашон фуруд ояд?
46. Ё ба ҳангоми омаду рафт онҳоро фурӯ бигирад, пас онҳо оҷиз карда наметавонанд Аллоҳро.
47. Ё ин ки дар ҳоли бим ва ҳаросе аз марг, беморӣ, тангдастӣ ва дигар балову мусибатҳо азобашон кунанд? Пас, ҳароина, Парвардигоратон мушфиқу меҳрубон аст, зуд ба уқубат намегирад!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\21
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\21
48. Оё инҳо кофирон чизҳоеро, ки Аллоҳ офаридааст, наменигаранд, ки барои саҷда ба даргоҳи Ӯ сояҳояшон аз росту чап ҳаракат доранд ва дар баробари Ӯ фурӯтан шудаанд.?
49. Ва он чӣ дар осмонҳову замин аст аз ҷунбандагон ва фариштагон Аллоҳро саҷда мекунанд ва онҳо такаббур намеварзанд.
50. Малоикаҳо аз Парвардигорашон, ки дар болои сарашон аст, метарсанд ва ба ҳар чӣ амр шудаанд, ҳамонро мекунанд.(1)
____________________
1. Дар ин оят исботи сифати олӣ ва боло будани Аллоҳ таоло бар ҷамиъи махлуқоташ омадаст.
____________________
1. Дар ин оят исботи сифати олӣ ва боло будани Аллоҳ таоло бар ҷамиъи махлуқоташ омадаст.
51. Аллоҳ ба бандагонаш гуфт: «Ду маъбудро мапарастед ва ҷуз ин нест, ки Ӯ таоло маъбуди ягона. Пас аз Ман битарсед!»
52. Ҳар чӣ дар осмонҳову
замин аст аз фариштагону бандагон, аз они Ӯст ва ҳамеша бо ихлос парастиш кардан хоси Ӯст. Оё аз ғайри Аллоҳ метарсед?(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\23
замин аст аз фариштагону бандагон, аз они Ӯст ва ҳамеша бо ихлос парастиш кардан хоси Ӯст. Оё аз ғайри Аллоҳ метарсед?(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\23
53. Ва ҳар неъмате, аз
саломатӣ, фарохии ризқ ва фарзанд шумо доред, аз ҷониби Аллоҳ аст ва чун ранҷе ба шумо расад аз камбағалӣ, беморӣ ва қаҳтӣ, пас, ба сӯи Ӯ зорӣ ва илтиҷо мекунед.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\442
саломатӣ, фарохии ризқ ва фарзанд шумо доред, аз ҷониби Аллоҳ аст ва чун ранҷе ба шумо расад аз камбағалӣ, беморӣ ва қаҳтӣ, пас, ба сӯи Ӯ зорӣ ва илтиҷо мекунед.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\442
54. Ва боз чун сахтиро аз сари шумо бардорад, гурӯҳе аз шумо ба Парвардигорашон мушрик мешаванд.
55. Бигузор, то неъматеро, ки ба онҳо додаем, ношукрӣ кунанд. Пас, баҳраманд шавед, дар дунё андаке ба зуди хоҳед донист оқибати исён ва куфри худро!(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\577
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\577
56. Ва он гоҳ аз он чӣ рӯзиашон додаем, барои бутоне, ки ҳеҷ фоида ва зараре намерасонанд, ҳиссае муъайян мекунанд. Ба Аллоҳ савганд, ба сабаби дурӯғе, ки мебандед, пурсида мешавед!
57. Ва кофирон барои Аллоҳ духтаронро муқаррар мекунанд, ки Ӯ пок аст ва ниёз ба фарзанд надорад ва барои худ ҳар чӣ дӯст доранд аз писарон, онро муқаррар мекунанд.
58. Ва чун ба якешон муждаи таваллуди духтар диҳанд, сияҳрӯй шавад аз ғаме, ки ба ӯ расидааст ва хашмгин гардад.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\442
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\442
59. Ба хотири ин муждаи бад аз мардум пинҳон мешавад ва ба андеша афтад, ки оё бо хорӣ духтарро нигоҳаш дорад ё зинда дар зери хок қарораш кунад? Огоҳ бошед, ки чи қазовати баде мекарданд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\442
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\442
60. Сифати бад аз они касонест, ки ба қиёмат имон намеоваранд ва сифати бартар ва олӣ аз они Аллоҳ аст. Ва Ӯст пирӯзманду ҳаким!
61. Ва агар Аллоҳ бихоҳад, ки мардумро ба гуноҳашон ҳалок кунад, бар рӯи замин ҳеҷ ҷунбандае боқӣ нагузорад, вале Аллоҳ бо меҳрубониаш ононро то муддате муайян ба таъхир меафканад. Ва чун аҷалашон фаро расад, на соате бозмонанд ва на соате пеш раванд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\26
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\26
62. Ва он чиро намеписанданд барои худашон аз духтарон, ба Аллоҳ нисбат мекунанд ва забонҳояшонро бо дурӯғ пардохта мегӯянд, ки хубиҳо (яъне ҷаннат) аз они онҳост. На, бешак, насиби онҳо дар охират оташ аст ва онҳоро ба шитоб ба сӯи он баранд!
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\26
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\26
63. Ба Аллоҳ савганд чунон ки ба ин уммат паёмбар фиристодаем, барои мардуме ҳам, ки пеш аз ту будаанд, паёмбароне фиристодаем. Ва шайтон аъмоли бадашонро
дар чашмашон биёрост. Пас, имрӯз шайтон дӯст ва ёри онҳо аст ва барои онҳо дар охират азоби дарддиҳанда ҳаст!(1).
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\27
дар чашмашон биёрост. Пас, имрӯз шайтон дӯст ва ёри онҳо аст ва барои онҳо дар охират азоби дарддиҳанда ҳаст!(1).
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\27
64. Мо ин китоб (Қуръон)-ро бар ту нозил кардаем, барои он ки ҳар чиро, ки дар он ихтилоф доранд, барояшон баён кунӣ. Ва низ роҳнамову раҳмате барои мӯъминон бошад.
65. Ва Аллоҳ аз осмон борон фиристод ва замини мурда (хушк)-ро бо он зинда кард. Бегумон барои мардуме, ки гӯши шунаво доранд, дар ин ибратест!
66. Ва бегумон дар вуҷуди чорпоён барои шумо пандест. Аз шири холис, ки аз шикамашон, аз миёни саргину хун, берун меояд, ба шумо менӯшонем. Шире, ки барои нӯшандагон гуворост.
67. Ва бароятон низ ибратест аз меваҳои дарахтони хурмоҳову ангурҳо шароби мастиоваре ва ризқи некӯ ба даст меоваред ва хирадмандонро дар ин ибратест.(1)
____________________
1. Ин оят пеш аз ҳаром шудани арақ (хамр) нозил шуда буд. Тафсири Табарӣ 17\241
____________________
1. Ин оят пеш аз ҳаром шудани арақ (хамр) нозил шуда буд. Тафсири Табарӣ 17\241
68. Парвардигори ту ба занбӯри асал илҳом кард, ки аз кӯҳҳову дарахтон ва дар биноҳое, ки мардум месозанд, лонае интихоб кун.
69. Он гоҳ аз ҳар мева бихӯр ва фармонбардорона ба роҳи Парвардигорат бирав. Аз шикамҳои занбӯрон шаробе (асали) рангоранге (сафед, сурх, зард) берун меояд, ки дар он шифо аст барои мардум. Ҳамоно барои гурӯҳе, ки тафаккур мекунанд, дар ин ибратест.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\30
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\30
70. Ва Аллоҳ шуморо биёфарид, баъд аз он мемиронад шуморо дар синни кудакӣ
ё ҷавонӣ ва аз миёни шумо касеро ба пирӣ мерасонад, то ҳар чиро, ки омӯхтааст, аз ёд бибарад, зеро Аллоҳ донову тавоност!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\30
ё ҷавонӣ ва аз миёни шумо касеро ба пирӣ мерасонад, то ҳар чиро, ки омӯхтааст, аз ёд бибарад, зеро Аллоҳ донову тавоност!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\30
71. Аллоҳ рӯзии баъзе аз
шуморо аз баъзе дигар афзун кардааст.(1) Пас онон, ки ризқу рӯзиашон зиёд шуд, аз рӯзии худ ба зердастони хеш намедиҳанд, то ҳама дар ризқу рӯзӣ баробар шаванд, пас чӣ гуна барои Аллоҳ шариконеро муқаррар менамоянд, ки бо Аллоҳ баробар бошанд. Оё неъмати Аллоҳро инкор мекунанд, агар ба неъмати Аллоҳ иқрор мебуданд, ҳеҷгоҳ барои Ӯ шарик намеоварданд?(2)
____________________
1. Баъзе доро, баъзе камбағал, баъзе шоҳу баъзе гадо. 2. Тафсири Саъдӣ1\444
шуморо аз баъзе дигар афзун кардааст.(1) Пас онон, ки ризқу рӯзиашон зиёд шуд, аз рӯзии худ ба зердастони хеш намедиҳанд, то ҳама дар ризқу рӯзӣ баробар шаванд, пас чӣ гуна барои Аллоҳ шариконеро муқаррар менамоянд, ки бо Аллоҳ баробар бошанд. Оё неъмати Аллоҳро инкор мекунанд, агар ба неъмати Аллоҳ иқрор мебуданд, ҳеҷгоҳ барои Ӯ шарик намеоварданд?(2)
____________________
1. Баъзе доро, баъзе камбағал, баъзе шоҳу баъзе гадо. 2. Тафсири Саъдӣ1\444
72. Аллоҳ барои шумо аз ҷинси худатон занонро офарид то бо онҳо оромиш ёбед ва аз занонатон барои шумо писарону наберагонро офарид, то бароятон хизмат кунанд ва ҳоҷатҳоятонро баробар намоянд ва аз чизҳои ҳалолу пок рӯзиятон дод. Оё ҳанӯз ба ботил (бутон) имон меоваранд ва неъмати Аллоҳро ношукрة мекунанд?(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 5\32
____________________
1. Тафсири Табарӣ 5\32
73. Ва ғайр аз Аллоҳ касонеро мепарастанд, ки барояшон аз осмонҳо борон ва аз замин чизе рӯзӣ дода наметавонанд ва қудрату тавоноӣ надоранд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ1\445
____________________
1. Тафсири Саъдӣ1\445
74. Пас, барои Аллоҳ чизеро мисол (шабеҳ, назир, анбоз) наёваред; Албатта, Аллоҳ медонад ва гувоҳӣ медиҳад ин ки ба ҷуз Ӯ ҳеҷ касеро ибодат карда намешавад ва шумо намедонед ва ба Ӯ шарик меоред.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\588
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\588
75. Аллоҳ баён мекунад ақидаи вайрони мушриконро ба мисоли ғуломеро, ки ҳеҷ қудрате надорад, ки молеро дар роҳи Аллоҳ хайр кунад ва касеро, ки аз назди худ ризқи некӯяш (ҳалол) додаем ва дар пинҳону ошкоро нафақа мекунад. Оё ин ду баробаранд? Сипосу ситойиш хоси Аллоҳ аст, балки бештари мушрикон намедонанд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\261
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\261
76. Ва Аллоҳ мисоли ду марди дигареро баён мекунад, ки яке гунг асту намефаҳмад ва фаҳмонида наметавонад ва бар ҳеҷ чиз қудрате надорад ва ӯ бар хоҷаи худ гарон аст, ҳар ҷо ки ӯро бифиристад, ҳеҷ фоидае ҳосил намекунад. Оё ин мард бо он кас, ки мардумро ба адл фармон медиҳад ва худ бар роҳи рост меравад, баробар аст? (Пас, чӣ гуна байни бутони гунгу кар ва байни Аллоҳи қодиру мунъим баробар медонед).(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\262
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\262
77. Аз они Аллоҳ аст илми ниҳони (ғайб) осмонҳову замин. Ва фаро расидани қиёмат танҳо як чашм барҳам задан (як мижа задан) ё наздиктар аз он аст. Ҳамоно Аллоҳ бар ҳар коре тавоност!
78. Аллоҳ шуморо аз батни модаронатон берун овард ва ҳеҷ чизро намедонистед. Ва бароятон чашму гӯшу дил биёфарид, то ки шукргузорӣ кунед!(1)
____________________
1. Яъне, ақл дод, то неку бадро ҷудо намоед ва биноӣ дод, то бубинед ва якдигарро бишносед ва шунавоӣ дод, то бишунавед овозҳоро. Тафсири Табарӣ 17\265
____________________
1. Яъне, ақл дод, то неку бадро ҷудо намоед ва биноӣ дод, то бубинед ва якдигарро бишносед ва шунавоӣ дод, то бишунавед овозҳоро. Тафсири Табарӣ 17\265
79. Оё инҳо мушрикон он парандагони ромшударо дар фазои осмон намебинанд? Ҳеҷ кас ҷуз Аллоҳ онҳоро дар ҳаво нигоҳ дошта наметавонад. Ҳамоно дар ин парандаи ромшудае, ки дар ҳаво парвоз мекунад барои мардуме, ки имон меоваранд, ибратҳост.
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\266
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\266
80. Ва Аллоҳ хонаҳоятонро ҷои оромишатон қарор дод ва дар он аз гармию хунукӣ шуморо муҳофизат намуд ва аз пӯсти чаҳорпоён бароятон чодарҳо сохт, ки ба ҳангоми сафар ва ҳангоми иқомат сабукашон меёбед ва аз бардоштани онҳо дар ранҷ намеафтед. Ва аз пашми гӯсфанд ва пашми шутур ва мӯйи буз то рӯзи қиёмат бароятон асоси хона ва асбоби зиндагӣ сохт.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\446
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\446
81. Ва Аллоҳ барои шумо аз чизҳое, ки офаридааст мисли дарахтон ва дигар чизҳо, сояҳо падид овард. Ва дар кӯҳҳо бароятон ғорҳо сохт. Ва ҷомаҳо аз пахтаю пашм, ки шуморо аз гармӣ ва хунукӣ ҳифз мекунад ва либосҳое (зиреҳҳо), ки дар ҷанг нигаҳдори шумост. Аллоҳ неъматҳои худро инчунин бар шумо комил мекунад. Бошад ки таслими фармони Ӯ шавед ва дар ибодати Ӯ чизеро шарик наоред.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\270
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\270
82. Пас, агар аз тоати Ӯ рӯй гардонанд, ҷуз ин нест, ки вазифаи ту таблиғи ошкор аст, аммо ҳидоят аз тарафи Мост, эй Расул.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\446
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\446
83. Инҳо мушрикон неъматҳои Аллоҳро мешиносанд ва он ба паёмбарӣ фиристода шудани Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст, боз ҳам мункири нубуввати он мешаванд, зеро бисёрии онҳо кофиронанд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\36
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\36
84. Хабар деҳ, эй Муҳаммад, барояшон, ки рӯзе қиёмат фаро мерасад аз ҳар уммате паёмбарашро бар қавми худ гувоҳе бигирем, сипас ба кофирон рухсати сухан гуфтан дода нашавад, то узри худ баён кунанд ва узрашон пазируфта нашавад.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\446
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\446
85. Ва чун ситамкорон (яъне кофирон) азоби дӯзахро бингаранд, локин азобашон аз онон сабук намешавад ва онон мӯҳлат намеёбанд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\36
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\36
86. Ва чун мушрикон рӯзи қиёмат маъбудони худро, ки шарики Аллоҳ месохтанд, бубинанд, мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, инҳо шарикони мо ҳастанд, ки мо ба ҷои Ту онҳоро ибодат мекардем». Маъбудонашон дар ҷавоб мегӯянд, ки шумо дурӯғ мегӯед!(1)
____________________
1. Яъне, шуморо ба ин амр накардаем ва дар гумони он набудем, ки мо шоистаи парастиш ҳастем, пас худро маломат кунед. Тафсири Саъдӣ 1\446
____________________
1. Яъне, шуморо ба ин амр накардаем ва дар гумони он набудем, ки мо шоистаи парастиш ҳастем, пас худро маломат кунед. Тафсири Саъдӣ 1\446
87. Ва дар ин рӯз ҳамаи мушрикон баъд аз такаббур ва саркашиҳои дунявӣ ба бандагӣ хештанро таслими Аллоҳ мекунанд ва он дурӯғҳо, ки мебофтанд, нобуд шавад.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\276
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\276
88. Онон, ки кофир шуданд (ва паёмбарии туро, эй Муҳаммад, инкор намуданд) ва дигаронро аз роҳи Аллоҳ боздоштанд, ба ҷазои фасоде, ки мекарданд, азобе бар азобашон хоҳем афзуд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\276
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\276
89. Ва рӯзе бошад, ки аз ҳар уммате гувоҳе аз худашон бар худашон бифиристем ва туро бар онон (қавмат ва умматонат) гувоҳ мегирем. Ва мо Қуръонро, ки баёнкунандаи ҳар чизест аз ҳалолу ҳаром, савобу азоб, ҳидояту раҳмат ва муждаест барои мусалмонон, бар ту нозил кардаем.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\278
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\278
90. Ҳамоно Аллоҳ дар ин китоб бар адлу инсоф эҳсон ба мардум ва бахшиш ба хешовандон, силаи раҳм фармон медиҳад. Ва аз фаҳшову зишткорӣ аз гуфтору кирдори бад ва он чи дар шариат писандида нашудааст ва аз ситам кибру зулм, бозмедорад. Шуморо панд медиҳад, бошад ки панд бигиред.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\39
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\39
91. Чун бо Аллоҳ аҳду паймон бастед ё ки бо мардум, пас агар он аҳду паймонатон мухолифи китоби Аллоҳ ва суннати паёмбар набошад, ба он вафо кунед ва чун савганд хӯрдед баъди таъкид сохтан, онро нашиканед, ки шумо Аллоҳро бар худатон нигаҳбон гардонидаед ва ҳамоно Аллоҳ медонад, ки чӣ мекунед. Ва ҳар касеро мувофиқи ният ва мақсадаш ҷазо хоҳад дод!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\447
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\447
92. Ва дар аҳду паймонҳои худ мабошед, монанди он зан, ки риштаеро, ки маҳкам тофта буд, аз ҳам кушод ва пора-пора кард ва савгандҳои худро василаи фиреби якдигар насозед, то гурӯҳе аз гурӯҳе афзунтар шавад.(1) Ба дурустӣ, ки Аллоҳ шуморо ба он меозмояд ва албатта, дар рӯзи қиёмат чизеро, ки дар он ихтилоф мекардед, бароятон баён мекунад.(2)
____________________
1. Яъне, барои фоидаи дунё, то молу чизҳои зиёда ба даст орад. 2. Тафсири Бағаввӣ 5\40
____________________
1. Яъне, барои фоидаи дунё, то молу чизҳои зиёда ба даст орад. 2. Тафсири Бағаввӣ 5\40
93. Агар Аллоҳ мехост, ҳамаи шуморо як уммат (яъне бар миллати ислом) карда буд, вале ҳар киро бихоҳад, бо адолаташ гумроҳ месозад ва ҳар киро бихоҳад, аз фазли худ тавфиқу ҳидоят мекунад ва албатта, аз ҳар коре, ки мекунед, рӯзи қиёмат ҳатман пурсида мешавед.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\40
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\40
94. Савгандҳои худро василаи фиреби якдигар масозед, то қадамеро, ки устувор сохтаед, билағжад ва ба сабаби рӯйгардониатон аз роҳи Аллоҳ ба гирифтори бад дучор шавед ва ба азоби бузург гирифтор оед.
95. Паймони Аллоҳро ба баҳои андак барои моли дунё мафурӯшед, бегумон агар бидонед, он чи дар назди Аллоҳ аст, аз савоб бароятон беҳтар аст!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\41
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\41
96. Он чи назди шумост, дар дунё фано мешавад ва он чи назди Аллоҳ аст, боқӣ мемонад. Ва ҳамоно ононро, ки сабр варзиданд бар вафо кардан дар осудаҳолию сахтӣ, подоши беҳтар аз кирдорашон хоҳем дод.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\41
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\41
97. Ҳар зану марде, ки кори некӯ анҷом диҳад, агар ба Аллоҳ ва расули Ӯ имон оварда бошад, зиндагии хушу покизае (яъне, ризқи ҳалолу пок) ба ӯ хоҳем дод агарчанде молу мулки каме ҳам дошта бошад ва дар охират подоши беҳтар аз кирдорашон ато хоҳем кард.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\601
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\601
98. Ва чун эй мӯъмин, хоҳӣ ки Қуръон бихонӣ, пас аз шайтони раҷим, ки аз раҳмати Аллоҳ ронда шудааст, ба Аллоҳ паноҳ бубар.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\42
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\42
99. Албатта, шайтонро бар касоне, ки имон оварданд ва бар Аллоҳ таваккал мекунанд, ғолибияте нест.(1)
____________________
1. Яъне, шайтон бар онҳо ғолиб шуда наметавонад, ки онҳоро бар гуноҳе барад, ки омурзида нашавад. Тафсири Бағавӣ 5\43
____________________
1. Яъне, шайтон бар онҳо ғолиб шуда наметавонад, ки онҳоро бар гуноҳе барад, ки омурзида нашавад. Тафсири Бағавӣ 5\43
100. Ҳамоно ғолибияти ӯ танҳо бар касонест, ки дӯсташ медоранд ва ӯро итоат мекунанд ва аз фармонаш берун намеоянд ва касоне,
ки ба Аллоҳ ширк меоваранд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\43
ки ба Аллоҳ ширк меоваранд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\43
101. Ва чун оятеро ба ҷои ояти дигар ҷойгир кунем, Аллоҳ беҳтар медонад, ки чи чизеро барои бандагонаш хубӣ меорад ва медонад дар чи чиз ҳукмашро тағйир диҳад. Мушрикон мегӯянд: Эй Муҳаммад, ба дурустӣ, ки ту бар Аллоҳ дурӯғ мебандӣ, балки бештари онҳо намедонанд!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\43
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\43
102. Бигӯ: «Он Қуръонро Руҳулқудс (Ҷабраил) ба ҳақу ростӣ аз ҷониби Парвардигорат нозил кардааст, то мӯъминонро устувор созад ва ҳидояту башорате бошад барои мусалмонон».(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\603
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\603
103. Ва ба ростӣ медонем, ки мушрикон мегӯянд: «Ин Қуръонро башаре ба ӯ меомӯзонад». Забони касе,(1) ки ба ӯ нисбат медиҳанд, ғайри арабист, ҳол он ки ин
Қуръон бо забони арабии равшанест, ки ҳатто шумо арабҳо ҳам дар фасоҳати он ҳайрон ва аз сохтани як сурааш нотавон ва дармондаед.(2)
____________________
1. Яъне, ишора ба марди аҷамие мекунанд, ки насронӣ буд, ҳол он ки вай арабиро хуб намедонист, магар чизе андаке ба қадри ҷавоб додан. Гӯё Паёмбар аз ӯ хабар гирифта ба онҳо мегӯяд. Тафсири Ибни Касир 4\604 2. Тафсири Ибни Касир 4\603
Қуръон бо забони арабии равшанест, ки ҳатто шумо арабҳо ҳам дар фасоҳати он ҳайрон ва аз сохтани як сурааш нотавон ва дармондаед.(2)
____________________
1. Яъне, ишора ба марди аҷамие мекунанд, ки насронӣ буд, ҳол он ки вай арабиро хуб намедонист, магар чизе андаке ба қадри ҷавоб додан. Гӯё Паёмбар аз ӯ хабар гирифта ба онҳо мегӯяд. Тафсири Ибни Касир 4\604 2. Тафсири Ибни Касир 4\603
104. Бегумон Аллоҳ касонеро, ки ба оёташ имон намеоваранд, ҳидоят намекунад ва барояшон азоби дардоваре муҳайёст.
105. Ҳақиқатан касоне, ки дурӯғ мебофанд, ба оёти Аллоҳ имон надоранд ва инҳо худ дурӯғгӯянд. Аммо Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба оёти Аллоҳ имон дорад ва фармонбардори Парвардигораш аст, маҳол аст, ки ӯ дурӯғ бофад.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\450
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\450
106. Ҳамоно дурӯғ мебофад ба Аллоҳ касе, ки ба ихтиёри худ, пас аз имон оварданаш ба Аллоҳ кофир мешавад, магар он ки ӯро ба зӯрӣ маҷбур карда шавад, то изҳори куфр кунад ва ҳол он ки дилаш ба имони хеш оромгирандаву осуда аст. Вале онон, ки дари дилро ба рӯи куфр мекушоянд, (яъне розӣ ҳастанд) мавриди хашми Аллоҳанд ва барояшон азоби бузург аст.
107. Ва ин хашми Аллоҳ ва азоби бузург ба он сабаб аст, ки ин мушрикон зиндагии дунёро бештар аз зиндагии охират дӯст доранд ва Аллоҳ мардуми кофирро ҳидоят намекунад.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\305
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\305
108. Онҳо касоне ҳастанд, ки Аллоҳ бар дилу гӯшҳо ва чашмонашон мӯҳр ниҳодааст ва онҳо аз азоби Аллоҳ бехабаранд, пас имон намеоранд ва ҳидоят намеёбанд.
109. Шак нест, ки дар охират ҳам аз зиёндидагон бошанд.(1)
____________________
1. Яъне, ҳалокшавандаанд. Тафсири Табарӣ 17\306
____________________
1. Яъне, ҳалокшавандаанд. Тафсири Табарӣ 17\306
110. Сипас Парвардигори ту эй Муҳаммад, барои касоне, ки пас аз ранҷ кашидан ҳиҷрат карданд ва баъд аз он ба ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ рафтанд ва дар баробари сахтиҳо сабр ва шикебоӣ варзиданд, албатта, Парвардигорат баъд аз ин ҳама машаққатҳо омурзандаву меҳрубон аст.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\47
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\47
111. Ба ёд ор барояшон эй Паёмбар, ки рӯзи қиёмат ҳар кас барои дифои худ ба муҷодала мепардозад(1) ва ба ҳар шахс ҷазои он чи кардааст, ба пуррагӣ дода шавад ва онҳо ситам карда нашаванд.(2)
____________________
1. Ҳуҷҷат меорад. 2. Тафсири Бағавӣ 5\48
____________________
1. Ҳуҷҷат меорад. 2. Тафсири Бағавӣ 5\48
112. Аллоҳ деҳаеро (яъне, Маккаро) мисол меорад, ки амну ором буд, ризқи мардумаш ба фаровонӣ аз ҳар ҷо мерасид, аммо ношукрии неъмати Аллоҳ карданд (яъне оёти Аллоҳро инкор карданд ва ба расулаш имон наоварданд) ва Аллоҳ ба ҷазои аъмолашон ба гуруснагӣ ва хавф аз лашкарҳои паёмбар саллаллоху алайҳи ва саллам мубталояшон сохт.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\311
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\311
113. Аллоҳ таоло ба аҳли Макка, Паёмбареро аз худашон ба наздашон фиристод, ки ӯ Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам буд, насабу ростӣ ва амонаташро медонистанд, вале он чиро ки барояшон овард, қабулаш накарданд, дурӯғгӯяш номиданд, пас
азоби сахт ва гуруснагию хавф он ситамкоронро фаро гирифт.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\312
азоби сахт ва гуруснагию хавф он ситамкоронро фаро гирифт.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\312
114. Пас, эй мӯъминон, аз ин чизҳои ҳалолу покизае, ки Аллоҳ ба шумо рӯзӣ додааст, бихӯред ва шукри неъматашро ба ҷой оваред, агар Аллоҳро мепарастед ва Ӯро дар он чи ки амр ва наҳй мекунад, итоат мекардед!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\312
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\312
115. Аллоҳ ҳаром кардааст бар шумо моли худмурдаву хун ва гӯшти хук ва ҳар чиро, ки дар вақти забҳ бо номи ғайри Аллоҳ забҳ кунанд. Аммо касе, ки ночор шавад, ба хотири ҳифзи ҷон аз чизи ҳаром бихӯрад, дар ҳоле ки ситамгор набошад ва аз ҳад таҷовуз накунад, пас Аллоҳ таоло омурзандаву меҳрубон аст.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\451
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\451
116. Ва чизеро ки забони шумо ба дурӯғ баёни ҳукми он мекунад, нагӯед, ки ин ҳалол аст ва ин ҳаром аст, то бар Аллоҳ дурӯғро бандед. Албатта, касоне, ки ба Аллоҳ дурӯғ мебанданд, наҷот намеёбанд на дар дунё ва на дар охират!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\451
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\451
117. Чизи андакест дар дунё ва дар охират барояшон азоби дардовар аст.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\50
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\50
118. Ба Мо бар яхудиён он чиро, ки пеш аз ин барои ту эй Паёмбар ҳикоят кардем, ҳаром карда будем.(1) Мо ба онҳо ситам накардаем, онон худ ба хештан ситам кардаанд.
____________________
1. Яъне, ҳар ҳайвон ва парандаи соҳибнохунеро ва аз гову гӯсфанд чарбаи он ҳар дуро, ҷуз он чӣ бар пушти онҳост ё бар чарби рӯдаи онҳост, ё ба устухонашон часпида бошад. Тафсири Табарӣ 17\315
____________________
1. Яъне, ҳар ҳайвон ва парандаи соҳибнохунеро ва аз гову гӯсфанд чарбаи он ҳар дуро, ҷуз он чӣ бар пушти онҳост ё бар чарби рӯдаи онҳост, ё ба устухонашон часпида бошад. Тафсири Табарӣ 17\315
119. Пас, бегумон Парвардигори ту барои касоне, ки аз рӯи нодонӣ анҷомдиҳандаи кори зиште шаванд, сипас тавба кунанд аз гуноҳони худ ва ислоҳ шаванд ва ба он чи ки Аллоҳ дӯст медорад ва розӣ аст, амал намоянд, ҳамоно Парвардигори ту баъд аз тавбаашон барои онҳо омурзандаву меҳрубон аст!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\316
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\316
120. Дар ҳақиқат Иброҳим пешвои аҳли ҳидоят итоаткунанда ва фармонбари Аллоҳ ва соҳиби дини ҳаниф (ҳақгаро) буд. Ва аз мушрикон набуд.
121. Ва шукргузори неъматҳои Ӯ буд, Аллоҳ ӯро ба паёмбарӣ баргузид ва ба роҳи рост ҳидоят кард.(1)
____________________
1. Яъне, ба дини Ислом, на дини яҳуд ва насоро. Тафсири Табарӣ 17\316
____________________
1. Яъне, ба дини Ислом, на дини яҳуд ва насоро. Тафсири Табарӣ 17\316
122. Ва бинобар итоати Парвардигораш ва шукргузории неъматаш ва ихлос дар ибодаташ,(1) дар дунё ба ӯ некӣ иноят кардем ва албатта, ӯ дар охират низ аз ҷумлаи солеҳон хоҳад буд.
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\319
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\319
123. Сипас эй Паёмбар, ба
ту низ ваҳй кардем, ки ба дини ҳанифи Иброҳим пайравӣ кун, ки ӯ мусалмон буд ва аз мушрикон набуд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\51
ту низ ваҳй кардем, ки ба дини ҳанифи Иброҳим пайравӣ кун, ки ӯ мусалмон буд ва аз мушрикон набуд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\51
124. Ҳамоно бузург доштани рӯзи шанбе воҷиб гардид барои яҳудиҳое, ки дар он ихтилоф карда буданд. Албатта, Парвардигори ту дар рӯзи қиёмат дар бораи он чи ихтилоф мекарданд, ҳукм хоҳад кард!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\52
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\52
125. Мардумро бо ҳикмат (Қуръону суннат) ва панду насиҳати некӯ ба роҳи Парвардигорат даъват кун ва бо беҳтарин тарз бо онон гуфтугӯ кун.(1) Бегумон Парвардигори ту ба ҳоли касоне, ки аз роҳи Ӯ гумроҳ мешаванд, огоҳтар аст ва Ӯ ба роҳёфтагон донотар аст.
____________________
1. Яъне, аз хусумату азияташон рӯй гардон ва дар расонидани рисолати ҳақ камбудӣ макун. Тафсири Ибни Касир 4\613
____________________
1. Яъне, аз хусумату азияташон рӯй гардон ва дар расонидани рисолати ҳақ камбудӣ макун. Тафсири Ибни Касир 4\613
126. Ва агар хоҳед, ки интиқом (қасос) кунед, пас, чунон интиқом кунед, ки шуморо интиқом кардаанд. Ва агар сабр кунед, собиронро сабр некӯтар аст.
127. Эй паёмбар! Сабр кун, ки сабри ту ҷуз ба тавфиқи Аллоҳ нест ва барояшон (яъне барои имон наёвардани кофирон, ки туро мухолифат мекунанд) ғамгин мабош ва аз макру душманиашон дилтангӣ нанамоӣ.
128.Бегумон Аллоҳ бо ҳамроҳи касоне аст, ки парҳез мекунанд ва онон
некӯкоронанд!(1)
____________________
1. Яъне, бо нусрат ва мададаш.Тафсири Ибни Касир 4\615
некӯкоронанд!(1)
____________________
1. Яъне, бо нусрат ва мададаш.Тафсири Ибни Касир 4\615