ﯭ
ترجمة معاني سورة التغابن
باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية
.
من تأليف:
خوجه ميروف خوجه مير
.
ﰡ
1. Аллоҳро тасбеҳ мегӯянд(1) ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст. Фармонравоӣ ва ҳокимият аз они Ӯст ва сипос ва ситоиши некӯ сазовори Ӯст ва Ӯ ба ҳар чизе тавоност!
____________________
1. Яъне, Аллоҳро ба поки ёд мекунанд аз ҳар он чи ки лоиқ ба зоти поки Ӯ нест.
____________________
1. Яъне, Аллоҳро ба поки ёд мекунанд аз ҳар он чи ки лоиқ ба зоти поки Ӯ нест.
2. Ӯст, ки шуморо биёфарид. Баъзе аз шумо ба Илоҳи бар ҳақ будани Ӯ кофиранд ва баъзе мӯъминанд ва ба шариъати Ӯ амалкунандаанд. Ва ҳамаи корҳое, ки мекунед, мебинад ва ҳеҷ чиз аз он бар Ӯ пинҳон намемонад ва дар баробари амалҳоятон ҷазодиҳандааст!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\416
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\416
3. Осмонҳову заминро барҳақ ва ба ҳикмати расо биёфарид ва шуморо тасвир кард ва некӯ тасвир кард. Ва оқибати бозгашти ҳама дар рӯзи қиёмат ба сӯи Ӯст!
4. Эй мардум! Ҳар чиро дар осмонҳову замин аст, Аллоҳ таъоло медонад ва низ медонад ба он чӣ пинҳон медоред байни якдигар ё ошкор месозед. Ва Аллоҳ ба ҳар чӣ дар дилҳо мегузарад ва пинҳондошта мешавад, доно аст!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\866
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\866
5. Оё эй мушрикон шуморо хабари касоне, ки аз ин пеш кофир шуда буданд, нарасидааст? Уқубати ногувори амалашонро дар дунё чашиданд ва барояшон дар охират азоби дардовар аст.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 8\148
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 8\148
6.Ин азоби дардноке, ки дар дунё дучорашон шуд, ба сабаби он буд, ки ҳароина, паёмбаронашон бо далелҳои равшан бар онон фиристода шуданд: Ва онҳо бо тааҷҷуб ва инкор гуфтанд: «Оё монанди мо одамиён моро ҳидоят мекунанд?» Пас, ба Аллоҳ кофир шуданд ва рисолати расулонашро инкор карданд ва аз ҳақ рӯй гардониданд ва онро қабул накарданд ва Аллоҳ бениёз аз имон ва итоъати онҳо буд ва ҳамеша Аллоҳ бениёз аст
ва сазовори ситоиш аст дар гуфтору корҳо ва сифоташ.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\418
ва сазовори ситоиш аст дар гуфтору корҳо ва сифоташ.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\418
7. Онон, ки кофир шуданд, пиндоштанд, ки онҳо ҳаргиз баъд аз мурданашон зинда карда намешаванд. Бигӯ барояшон эй Расул: «оре, ба Парвардигорам савганд, ки шуморо, ҳатман, баъд аз мурданатон зинда хоҳад кард. Сипас ба он чӣ дар дунё кардаед, ҳатман, огоҳ сохта мешавед. Ва ин бар Аллоҳ осон аст».
8.Пас, эй мушрикон ба Аллоҳу паёмбараш ва ин нур, Қуръон, ки нозил кардем, имон биёваред. Ва Аллоҳ ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст! Пас чизе аз суханон ва афъолатон бар Ӯ пӯшида намемонад ва рӯзи қиёмат дар баробари амалҳоятон ҷазоятон хоҳад дод.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\419.
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\419.
9. Рӯзе, ки ҳамаи шуморо барои рӯзи ҷамъ (рӯзи қиёмат, ки аввалин то охирин) гирд оварад, он рӯз, рӯзи тағобун(1) аст. Ва ҳар
кӣ ба Аллоҳ имон биёварад ва кори шоиста кунад, гуноҳонашро мебахшад ва ба биҳиштҳое, ки дар қасрҳои онҳо дарёҳо ҷорист, дохил кунад. Он ҷо ҷовидона хоҳад буд. Ин комёбии бузургест, ки ҳеҷ комёбии дигаре бо он баробар наметавонад шуд!(2)
____________________
1. Яъне, рӯзест, ки мӯъмин ва кофир аз ҳам ҷудо мешаванд, пас дар он рӯз мӯъминон кофирон ва фосиқонро зиён мерасонанд, сипас аҳли имон ба раҳмати Аллоҳ ба биҳишт медароянд ва аҳли куфр ба адли Аллоҳ ба дӯзах медароянд. 2. Тафсири Табарӣ 23\420.
кӣ ба Аллоҳ имон биёварад ва кори шоиста кунад, гуноҳонашро мебахшад ва ба биҳиштҳое, ки дар қасрҳои онҳо дарёҳо ҷорист, дохил кунад. Он ҷо ҷовидона хоҳад буд. Ин комёбии бузургест, ки ҳеҷ комёбии дигаре бо он баробар наметавонад шуд!(2)
____________________
1. Яъне, рӯзест, ки мӯъмин ва кофир аз ҳам ҷудо мешаванд, пас дар он рӯз мӯъминон кофирон ва фосиқонро зиён мерасонанд, сипас аҳли имон ба раҳмати Аллоҳ ба биҳишт медароянд ва аҳли куфр ба адли Аллоҳ ба дӯзах медароянд. 2. Тафсири Табарӣ 23\420.
10. Ва онон, ки ба ягонагии Аллоҳ куфр варзиданд ва оёти Моро, ки паёмбарон ба далелҳои равшан овардаанд, дурӯғ шумориданд, он гурӯҳ аз аҳли оташанд. Дар он ҷовидонаанд ва ҷаҳаннам чи бад саранҷомест!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\420.
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\420.
11. Ҳеҷ мусибате ҷуз ба фармони Аллоҳ ва қазову қадараш ба касе намерасад. Ва ҳар кӣ ба Аллоҳ имон биёварад, Аллоҳ дилашро ба таслими амраш ва хушнудӣ ба қазову қадараш ва ба беҳтарин гуфтору кирдор
ва аҳвол ҳидоят мекунад. Зеро асли ҳидоят дил аст ва аъзои бадан тобеъи он аст. Ва Аллоҳ ба ҳар чизе доност ва чизе аз Ӯ пинҳон намемонад(1)!
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\867.
ва аҳвол ҳидоят мекунад. Зеро асли ҳидоят дил аст ва аъзои бадан тобеъи он аст. Ва Аллоҳ ба ҳар чизе доност ва чизе аз Ӯ пинҳон намемонад(1)!
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\867.
12. Эй мардум, Аллоҳро итоъат кунед дар он чи ба шумо фармудааст ва аз он чи шуморо манъ кардааст ва паёмбарро итоъат кунед дар он чи ба шумо аз ҷониби Парвардигоратон овардааст. Пас, агар аз тоъати Аллоҳ ва расулаш шумо рӯй гардонед, пас, ҳароина, ба фиристодаи Мо зараре нест аз рӯй гардонидани шумо, зеро барои ӯ ҳеҷ вазифае ҷуз расонидани паёми ошкор нест.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\867.
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\867.
13. Аллоҳи яктост, ки ҳеҷ Аллоҳе барҳақ ҷуз Ӯ нест. Пас, мӯъминон бояд дар ҳамаи кори зиндагиашон бар Аллоҳи якто таваккал кунанд.
14. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед, ҳароина, баъзе аз занону фарзандонатон душмани шумо ҳастанд, ки шуморо аз роҳи Аллоҳ бозмедоранд ва аз тоъаташ суст мегардонанд. Аз онҳо ҳазар кунед ва онҳоро итоъат макунед. Ва агар афв кунед ва чашм бипӯшеду гуноҳашонро пӯшида доред, ҳароина, Аллоҳ омурзандаву меҳрубон аст гуноҳони шуморо меомӯрзад, зеро Ӯ бисёр бахшанда ва дорои раҳмати васеъ аст!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\425
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\425
15. Чуз ин нест, ки амволу авлоди шумо озмоише ҳастанд. Ва ҳол он ки савоби бузург назди Аллоҳ аст барои касе, ки тоъати Ӯро бар тоъати дигарон муқаддам дошта бошад ва ҳаққи Аллоҳро дар молаш адо намуда бошад.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\426
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\426
16. То тавонед, эй мӯъминон саъю кӯшиш ва тавони тоқати худро дар тақвои Аллоҳ сарф намоед ва аз Аллоҳ битарсед ва ба Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи
ва саллам бо тадаббур ва тафаккур гӯш фаро доред ва дар амру наҳяш итоъат кунед ва аз он чи Аллоҳ рӯзӣ додааст шуморо ба манфиъати худ аз молатон хайр кунед. Ва онон, ки аз бухли нафси хеш дар амон мондаанд, растагоронд ба ҳар хайре ва дастёфтагонанд ба ҳар матлубе.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\868
ва саллам бо тадаббур ва тафаккур гӯш фаро доред ва дар амру наҳяш итоъат кунед ва аз он чи Аллоҳ рӯзӣ додааст шуморо ба манфиъати худ аз молатон хайр кунед. Ва онон, ки аз бухли нафси хеш дар амон мондаанд, растагоронд ба ҳар хайре ва дастёфтагонанд ба ҳар матлубе.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\868
17. Агар ба нияти холис ба Аллоҳ қарзи некӯ садақа диҳед, бароятон савоби онро дучанд мегардонад. Ва шуморо меомӯрзад, ки Ӯ шукркунанда қадршинос аз хайри кам ва савоби бисёр медиҳад ва бурдбор аст осиёнро зуд ба азобаш намегирад(1).
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 8\141
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 8\141
18. Ӯ таъоло донои ҳар ниҳону ошкор аст, пирӯзманд бар ҳама чиз, ғолиб аст ва дар гуфтору корҳояш бо ҳикмат аст!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\428
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\428