كُنتُمۡ خَيۡرَ أُمَّةٍ أُخۡرِجَتۡ لِلنَّاسِ تَأۡمُرُونَ بِٱلۡمَعۡرُوفِ وَتَنۡهَوۡنَ عَنِ ٱلۡمُنكَرِ وَتُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِۗ وَلَوۡ ءَامَنَ أَهۡلُ ٱلۡكِتَٰبِ لَكَانَ خَيۡرࣰا لَّهُمۚ مِّنۡهُمُ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ وَأَكۡثَرُهُمُ ٱلۡفَٰسِقُونَ ١١٠
Al-Imran 3:110
سورة آل عمران
Medinan
Verse: 110/200
Page 64
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
[Эй уммати Муҳаммад] Шумо беҳтарин уммате ҳастед, ки барои мардум падидор шудаед: Ба кори нек фармон медиҳед ва аз кори нописанд бозмедоред ва ба Аллоҳ таоло имон доред; ва агар аҳли китоб [низ] имон меоварданд, ҳатман, барояшон беҳтар буд; бархе аз онон муъминанд ва [аммо] бештарашон [фосиқу] нофармонанд -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
110. Шумо, -эй умматони Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам- беҳтарин уммате ҳастед аз миёни мардум ба вуҷудомада, ки амр ба маъруф ва наҳӣ аз мункар мекунед ва ба Аллоҳ имон доред, ки амалатон онро қавӣ мекунад. Агар аҳли китоб (яҳуду насоро) низ имон биёваранд (ба монанди шумо ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва ба он чи ки овардааст аз назди Аллоҳ,) барояшон беҳтар аст дар дунёву охират. Баъзе аз онҳо мӯъминанд (ва ба рисолати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам бовар мекунанд,) вале бисёрашон фосиқонанду аз дини Аллоҳ берунанд. (1)
1. Тафсири Табарӣ 7/107 -
Tajik - Tajik translation
Шумо беҳтарин уммате ҳастед аз миёни мардум падидомада, ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунед ва ба Худо имон доред. Агар аҳли китоб низ имон биёваранд, барояшон беҳтар аст. Баъзе аз онҳо мӯъминанд, вале бештарин фосиқонанд.
Al-Imran 3:110
Loading the recitation…
0:00