فَرِحِينَ بِمَآ ءَاتَىٰهُمُ ٱللَّهُ مِن فَضۡلِهِۦ وَيَسۡتَبۡشِرُونَ بِٱلَّذِينَ لَمۡ يَلۡحَقُواْ بِهِم مِّنۡ خَلۡفِهِمۡ أَلَّا خَوۡفٌ عَلَيۡهِمۡ وَلَا هُمۡ يَحۡزَنُونَ ١٧٠
Al-Imran 3:170
سورة آل عمران
Medinan
Verse: 170/200
Page 72
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Онон ба он чи Аллоҳ таоло аз фазли худ ба эшон додааст, шодмонанд ва барои [саранҷоми неки] касоне, ки [роҳи] ононро пай гирифтаанд ва [ҳанӯз] ба онон напайвастаанд, шодӣ мекунанд; чаро ки [ҳеҷ як аз] эшон тарсу андӯҳе нахоҳанд дошт -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
170. Ба он чи Аллоҳ аз фазл ва бахшиши худ ба онҳо додааст, шодмон ҳастанд ва бо он неъматҳо чашмонашон равшан шудааст ва шодмон ва хушҳол ҳастанд, чун он неъматҳо зебо ва фаровон ва бисёр лазиз ва гуворо ҳастанд. Ва якдигарро ба расидани бародароне, ки дар паи ононанд ва ҳанӯз ба онҳо напайвастаанд башорат медиҳанд, ки онҳо ҳамон чизеро хоҳанд ёфт, ки онҳо ёфтаанд. Мужда медиҳанд, ки тарсе бар онҳо нест ва андӯҳгин намешаванд.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1/156 -
Tajik - Tajik translation
Аз фазилате, ки Худо насибашон кардааст, шодмонанд. Ва барои онҳо, ки дар паяшон ҳастанд ва ҳанӯз ба онҳо напайвастаанд, хушдиланд, ки биме бар онҳо нест ва андӯҳгин намешаванд!
Al-Imran 3:170
Loading the recitation…
0:00