مَّا كَانَ عَلَى ٱلنَّبِيِّ مِنۡ حَرَجࣲ فِيمَا فَرَضَ ٱللَّهُ لَهُۥۖ سُنَّةَ ٱللَّهِ فِي ٱلَّذِينَ خَلَوۡاْ مِن قَبۡلُۚ وَكَانَ أَمۡرُ ٱللَّهِ قَدَرࣰا مَّقۡدُورًا ٣٨
AlAhzab 33:38
سورة الأحزاب
Medinan
Verse: 38/73
Page 423
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Бар Паёмбар, дар мавриди он чи Аллоҳ таоло барояш муқаррар [ва ҳалол] доштааст, ҳеҷ гуна гуноҳе вуҷуд надорад. [Ин кор] Суннати илоҳӣ аст [ва] дар бораи касоне [паёмбароне], ки пеш аз ин будаанд [низ сидқ мекунад]; ва фармони Аллоҳ таоло ҳамвора дақиқ ва ҳисобшуда аст -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
38. Бар паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар анҷом додани он чи ки Аллоҳ бар ӯ ҳалол кардааст(1), ҳараҷе (гуноҳе) нест, ҳамчунон ки Аллоҳ барои паёмбарони гузашта низ чунин суннате ниҳода буд ва фармони Аллоҳ ҳисобшуда ва дақиқ аст, бояд ҳатман иҷро шавад.(2)
1. Яъне, издивоҷ кардан занро баъди талоқи зани писархондаш. 2. Тафсири Саъдӣ 1\666 -
Tajik - Tajik translation
Бар паёмбар дар анҷом додани он чӣ Худо ба ӯ муқаррар кардааст, ҳараҷе (гуноҳе) нест, ҳамчунон ки Худо барои паёмбарони пешин низ чунин суннате ниҳода буд ва фармони Худо фармонест бе ҳеҷ зиёдаву нуқсон.
AlAhzab 33:38
Loading the recitation…
0:00