إِذۡ يَقُولُ ٱلۡمُنَٰفِقُونَ وَٱلَّذِينَ فِي قُلُوبِهِم مَّرَضٌ غَرَّ هَٰٓؤُلَآءِ دِينُهُمۡۗ وَمَن يَتَوَكَّلۡ عَلَى ٱللَّهِ فَإِنَّ ٱللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمࣱ ٤٩
Al-Anfal 8:49
سورة الأنفال
Medinan
Verse: 49/75
Page 183
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ва [ба ёд оваред] ҳангоме ки мунофиқон ва касоне, ки дар дилҳояшон беморӣ буд, мегуфтанд: «Ин муъминонро динашон фирефта аст» ва ҳар ки бар Аллоҳ таоло таваккал кунад, пас, [осудахотир бошад, чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло шикастнопазири ҳаким аст -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
49. Ба ёд оред, вақте ки аҳли ширк ва мунофиқон ва он касоне, ки дар дил беморие доранд, ҳол он ки медиданд, ки мусалмонон андакеанд ва душманонашон бисёр, гуфтанд: «Дини инҳо (яъне мусалмонон) фирефта аст». Ва инҳо (мунофиқон) дарк накарданд, ки ҳар кас, ки
ба Аллоҳ таваккал кунад ва ба ваъдаи Ӯ шак накунад, Аллоҳ ӯро хор накунад, ба дурустӣ, ки Аллоҳ тавоно аст ва ҳеҷ нерӯе наметавонад Ӯро шикаст диҳад ва дар он чи тақдир карда иҷро намудааст, бо ҳикмат мебошад! (1)
1. Тафсири Саъдӣ 1/322 -
Tajik - Tajik translation
Мунофиқон ва он касоне, ки дар дил беморие доранд, гуфтанд: «Инҳоро динашон фирефта аст». Ва ҳар кас, ки ба Худо таваккул кунад, ӯро пирӯзманд ва ҳаким хоҳад ёфт!
Al-Anfal 8:49
Loading the recitation…
0:00