وَقَالَ إِنَّمَا ٱتَّخَذۡتُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ أَوۡثَٰنࣰا مَّوَدَّةَ بَيۡنِكُمۡ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۖ ثُمَّ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ يَكۡفُرُ بَعۡضُكُم بِبَعۡضࣲ وَيَلۡعَنُ بَعۡضُكُم بَعۡضࣰا وَمَأۡوَىٰكُمُ ٱلنَّارُ وَمَا لَكُم مِّن نَّٰصِرِينَ ٢٥
Al-'Ankabut 29:25
سورة العنكبوت
Meccan
Verse: 25/69
Page 399
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ва [Иброҳим] гуфт: «Шумо ба ҷойи Аллоҳ таоло бутҳое барои худ баргузидаед, ки [мояи дӯстӣ ва] муҳаббат миёни шумо дар зиндагии дунё бошад. Он гоҳ рӯзи қиёмат мункири якдигар мешавед ва ҳамдигарро лаънат мекунед ва ҷойгоҳатон оташ аст ва ҳеҷ ёригаре нахоҳед дошт» -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
25. Гуфт Иброҳим: «Ҳароина, шумо бутонеро ба ҷои Аллоҳи якто маъбуди худ гирифтаед, то дар ин зиндагонии дунё миёнатон дӯстӣ бошад, вале дар рӯзи қиёмат мункири якдигар мешавед ва якдигарро лаънат мекунед ва ҷоятон дар оташ аст ва ҳеҷ ёваре надоред. -
Tajik - Tajik translation
Гуфт: «Шумо бутонеро ба ҷои Худои якто ба худоӣ гирифтаед то дар ин зиндагонии дунё миёнатон дӯстӣ бошад, вале дар рӯзи қиёмат мункири якдигар мешавед ва якдигарро лаънат мекунед ва ҷоятон дар оташ аст ва ҳеҷ ёваре надоред.
Al-'Ankabut 29:25
Loading the recitation…
0:00