وَكَذَٰلِكَ أَنزَلۡنَآ إِلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَۚ فَٱلَّذِينَ ءَاتَيۡنَٰهُمُ ٱلۡكِتَٰبَ يُؤۡمِنُونَ بِهِۦۖ وَمِنۡ هَٰٓؤُلَآءِ مَن يُؤۡمِنُ بِهِۦۚ وَمَا يَجۡحَدُ بِـَٔايَٰتِنَآ إِلَّا ٱلۡكَٰفِرُونَ ٤٧
Al-'Ankabut 29:47
سورة العنكبوت
Meccan
Verse: 47/69
Page 402
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ва бад-ин гуна [ки ба паёмбарони пешин китоби осмонӣ фурӯ фиристодем] ин китобро [низ] бар ту нозил кардем, пас, касоне, ки [пеш аз ту] ба онон китоб [-и осмонӣ] додем, ба ин [Қуръон низ] имон меоваранд ва аз инон [мушрикон] касоне ҳастанд, ки ба он имон меоваранд ва ҷуз кофирон [касе] оёти Моро инкор намекунад -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
47. Чунонки китобҳои собиқро пеш аз ту фуруд овардем ҳамчунон ин китоби Қуръонро бар ту нозил кардем. Пас, аҳли Китоб ба он имон меоваранд ва аз ин арабҳои Қурайш ва ғайри онҳо низ касе ҳаст, ки ба он имон меоварад ва ҷуз кофирон касе оёти Қуръони Моро инкор намекунад.(1)
1. Тафсири Табарӣ 20\50 -
Tajik - Tajik translation
Ҳамчунон ин китобро бар ту нозил кардем ва аҳли китоб ба он имон меоваранд ва аз инҳо низ касоне ба он имон меоваранд ва ғайри кофирон касе оёти Моро инкор намекунад.
Al-'Ankabut 29:47
Loading the recitation…
0:00