إِنَّ ٱلَّذِينَ تَدۡعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ عِبَادٌ أَمۡثَالُكُمۡۖ فَٱدۡعُوهُمۡ فَلۡيَسۡتَجِيبُواْ لَكُمۡ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ ١٩٤
Al-A'raf 7:194
سورة الأعراف
Meccan
Verse: 194/206
Page 175
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Бе гумон, онҳое, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло мехонед, офаридагоне ҳамчун шумо ҳастанд [аммо ҷомид ва берӯҳ], пас, онҳоро [дар сахтиҳо] бихонед. Агар рост мегӯед, бояд посухатонро бидиҳанд -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
194. Эй мушрикон, онҳоеро, ки ғайр аз Аллоҳ мехонед, бандагоне чун шумоянд. Агар рост мегӯед, ки онҳо чизеро аз ибодат сазовор мешаванд, пас онҳоро бихонед, бояд дуъои шуморо иҷобат кунанд!
Ва агар шуморо иҷобат карданд ва талаботи шуморо ба ҷо оварданд, рост гуфтаед, вагарна дар ин даъвоятон дурӯғгӯ ҳастед ва бузургтарин дурӯғро ба Аллоҳ нисбат медиҳед. (1)
1. Тафсири Табарӣ 13/321 ва тафсири Саъдӣ 1/312 -
Tajik - Tajik translation
Онҳое, ки ҷуз Оллоҳ ба худоӣ мехонед, бандагоне чун шумоянд. Агар рост мегӯед, онҳоро бихонед, бояд шуморо иҷобат кунанд!
Al-A'raf 7:194
Loading the recitation…
0:00