إِنَّمَا حَرَّمَ عَلَيۡكُمُ ٱلۡمَيۡتَةَ وَٱلدَّمَ وَلَحۡمَ ٱلۡخِنزِيرِ وَمَآ أُهِلَّ بِهِۦ لِغَيۡرِ ٱللَّهِۖ فَمَنِ ٱضۡطُرَّ غَيۡرَ بَاغࣲ وَلَا عَادࣲ فَلَآ إِثۡمَ عَلَيۡهِۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورࣱ رَّحِيمٌ ١٧٣
Al-Baqarah 2:173
سورة البقرة
Medinan
Verse: 173/286
Page 26
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
[Аллоҳ таоло] Танҳо мурдор ва хуну гӯшти хук ва он чиро, ки [ҳангоми забҳ] номи ғайри Аллоҳ таоло бар он бурда шавад, бар шумо ҳаром кардааст. Пас, ҳар ки [ барои ҳифзи ҷони худ ба хӯрдани онҳо] ночор шавад [ва] саркашу зиёдахоҳ набошад, бар ӯ гуноҳе нест. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло омурзандаву меҳрубон аст -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
173. Албатта Аллоҳ бар шумо ҳаром гардонидааст, он чизеро ки бар шумо зарар меорад, ба монанди худмурда, хун ва гӯшти хук ва он чиро, ки дар вақти забҳ номи ғайри Аллоҳ бар он бихонанд. Ва аз фазлу раҳмати Аллоҳ аст бар шумо, ки мубоҳ гардонид хӯрдани чизҳои ҳаромшударо, ҳангоме ки маҷбур шавад, ба қадри зарурат ва аз ҳад нагузаронад, пас бар вай
гуноҳе нест. Ба дурустӣ, Аллоҳ омурзанда ва бахшоянда аст! -
Tajik - Tajik translation
Ҷуз ин нест, ки мурдору хунро ва гӯшти хукро ва он чиро, ки ба ҳангоми забҳ номи ғайри Худо бар он бихонанд, бар шумо ҳаром кард. Аммо касе, ки ночор шавад, ҳар гоҳ ки бемайли ҷӯяд ва аз ҳад нагузаронад, гуноҳе анҷом надода аст, ки Худо омурзанда ва бахшоянда аст!
Al-Baqarah 2:173
Loading the recitation…
0:00