Al-Jathiya 45:26

سورة الجاثية

Meccan Verse: 26/37 Page 501

قُلِ ٱللَّهُ يُحۡيِيكُمۡ ثُمَّ يُمِيتُكُمۡ ثُمَّ يَجۡمَعُكُمۡ إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ لَا رَيۡبَ فِيهِ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ ٢٦

  1. Arifi

    الترجمة الطاجيكية - عارفي

    [Эй Паёмбар, ба онон] бигӯ: «Аллоҳ таоло аст, ки шуморо ҳаёт мебахшад ва марг медиҳад. Он гоҳ шуморо дар рӯзи қиёмат, ки ҳеҷ тардид дар он нест, ҷамъ мекунад, вале бештари мардум [ин ҳақиқатро] намедонанд»
  2. Тоҷикӣ translation

    الترجمة الطاجيكية

    26.      Бигӯ эй Расул барои ин мушрикони мункир ба рӯзи баъс: «Аллоҳест, ки шуморо дар дунё зинда мекунад, пас мемиронад ва сипас ҳамаро дар рӯзи қиёмат, ки шакке дар он нест, гирд меоварад. Вале бештари мардум ин ҳақиқатро намедонанд, аз ин рӯ дар зинда шудани баъд аз марг шак мекунанд!(1)»
    1. Тафсири Ибни Касир 7\270
  3. Tajik - Tajik translation


    Бигӯ: «Худост, ки шуморо зинда мекунад, пас мемиранад ва сипас ҳамаро дар рӯзи қиёмат, — ки шаке дар он нест, — ҷамъ меоварад. Вале бештари мардум намедонанд!»

Read the whole surah Arabic tafsir