وَقُلِ ٱلۡحَقُّ مِن رَّبِّكُمۡۖ فَمَن شَآءَ فَلۡيُؤۡمِن وَمَن شَآءَ فَلۡيَكۡفُرۡۚ إِنَّآ أَعۡتَدۡنَا لِلظَّٰلِمِينَ نَارًا أَحَاطَ بِهِمۡ سُرَادِقُهَاۚ وَإِن يَسۡتَغِيثُواْ يُغَاثُواْ بِمَآءࣲ كَٱلۡمُهۡلِ يَشۡوِي ٱلۡوُجُوهَۚ بِئۡسَ ٱلشَّرَابُ وَسَآءَتۡ مُرۡتَفَقًا ٢٩
Al-Kahf 18:29
سورة الكهف
Meccan
Verse: 29/110
Page 297
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
[Эй паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: «[Ин Қуръон сухани] Ҳақ аст аз ҷониби Парвардигоратон; пас, ҳар ки мехоҳад, имон оварад ва ҳар ки мехоҳад, кофир шавад». Мо барои ситамгорон оташе омода кардаем, ки саропардаҳояш ононро аз ҳар сӯ фаро мегирад; ва агар [дар талаби об] фарёдрасе биҷӯянд, бо обе ҳамчун миси гудохта ба фарёдашон мерасанд; [обе, ки ҳарораташ] чеҳраҳоро бирён мекунад. Чи бад нушиданӣ ва чи бад ҷойгаҳе аст! -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
29. Эй Паёмбар, ба он ғофилон бигӯ: «Ин сухани ҳақ аз ҷониби Парвардигори шумост. Ҳар кӣ бихоҳад, имон биёварад ва ҳар кӣ бихоҳад, кофир шавад».
Мо барои кофирон оташе
омода кардаем, ки он аз ҳар тараф онҳоро дар бар мегирад ва чун ба истиғоса (додхоҳӣ) об хоҳанд аз ташнагӣ, аз обе чун миси гудохта бихӯронандашон, ки аз ҳарораташ чеҳраҳо кабоб мешавад, чӣ оби баде ва чӣ оромгоҳи бадест!(1)
1. Дар ин оят ҳушдор ва ваиди сахтест барои аҳли куфр. Тафсири Табарӣ. 18/19. -
Tajik - Tajik translation
Бигӯ: «Ин сухани ҳақ аз ҷониби Парвардигори шумост. Ҳар кӣ бихоҳад, имон биёварад ва ҳар кӣ бихоҳад, кофир шавад». Мо барои кофирон, оташе, ки лаҳиби (шӯълаи) он ҳамаро дар бар мегирад, омода кардаем ва чун ба истиғоса (додхоҳӣ) об хоҳанд, аз обе чун миси гудохта, ки аз ҳарораташ чеҳраҳо кабоб мешавад, бихӯронандашон, чӣ оби баде ва чӣ оромгоҳе бад!
Al-Kahf 18:29
Loading the recitation…
0:00