فَمَن لَّمۡ يَجِدۡ فَصِيَامُ شَهۡرَيۡنِ مُتَتَابِعَيۡنِ مِن قَبۡلِ أَن يَتَمَآسَّاۖ فَمَن لَّمۡ يَسۡتَطِعۡ فَإِطۡعَامُ سِتِّينَ مِسۡكِينࣰاۚ ذَٰلِكَ لِتُؤۡمِنُواْ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦۚ وَتِلۡكَ حُدُودُ ٱللَّهِۗ وَلِلۡكَٰفِرِينَ عَذَابٌ أَلِيمٌ ٤
Al-Mujadilah 58:4
سورة المجادلة
Medinan
Verse: 4/22
Page 542
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Пас, касе, ки [бардаеро] наёбад, пеш аз омезиши ҷинсӣ ду моҳ паёпай рӯза бигирад ва касе, ки наметавонад [рӯза бигирад, дар он сурат] бояд шаст мискинро таом диҳад. Ин [каффора] барои он аст, ки ба Аллоҳ таоло ва расулаш имон биёваред ва инҳо ҳудуди [аҳкоми] илоҳӣ аст ва барои кофирон азоби дардноке [дар пеш] аст -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
4. Пас ҳар касе, ки ғуломеро барои озод кардан наёбад, воҷиб аст бар вай ду моҳ пай дар пай (бе фосила) пеш аз ҳамхобӣ, рӯза бидорад, пас ҳар кӣ рӯза доштанро ба узри шаръӣ, натавонад, пас бояд шаст мискинро ба серӣ таъом диҳад. Ин ҳукмҳои зиҳоре, ки барои шумо баён кардем ба он сабаб аст, ки ба Аллоҳу паёмбараш имон биёваред ва корҳои давраи ҷоҳилиятро тарк намоед. Ва ин аҳкоми баёншуда ҳадди қонуни муқарраркардаи Аллоҳ аст, пас онро таҷовуз накунед. Ва барои мункирони ин ҳукм азоби дарднок аст!(1)
1. Тафсири Табарӣ 23/234 -
Tajik - Tajik translation
Аммо касоне, ки ғуломе наёбанд, пеш аз он ки бо якдигар тамос ёбанд, бояд ду моҳ пай дар пай рӯза бидоранд. Ва он кӣ натавонад, бояд шаст мискинро таъом диҳад. Ва ин ба он сабаб аст, ки ба Худову паёмбараш имон биёваред. Инҳо, ҳудуди Худост. Ва барои кофирон азобест дардовар!
Al-Mujadilah 58:4
Loading the recitation…
0:00