وَأَقۡسَمُواْ بِٱللَّهِ جَهۡدَ أَيۡمَٰنِهِمۡ لَا يَبۡعَثُ ٱللَّهُ مَن يَمُوتُۚ بَلَىٰ وَعۡدًا عَلَيۡهِ حَقࣰّا وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ ٣٨
An-Nahl 16:38
سورة النحل
Meccan
Verse: 38/128
Page 271
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
[Мушрикон] Бо сахттарин савгандҳояшон ба Аллоҳ таоло савганд хӯрданд, ки: «Аллоҳ таоло касеро, ки мемирад, барнамеангезад». Оре, ин [барангехтани мурдагон] ваъдаест, ки бар ҳақ бар уҳдаи Ӯст, вале бештари мардум намедонанд -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
38. Ва ба таври ҷиддӣ ба Аллоҳ қасам хӯрданд, ки Аллоҳ мурдаро рӯзи қиёмат
аз нав зинда намекунад, аммо Аллоҳ ин қасамҳои онҳоро дурӯғ бароварда мегӯяд: Оре, ин ваъдаест (яъне дубора зинда кардани
Аллоҳ мурдагонро), ки бешубҳа, анҷом додани он бар ӯҳдаи Ӯст, вале бештари мардум аз сабаби ҷаҳлашон намедонанд ва мухолифати паёмбарон карда дучори куфр мешаванд.(1)
1. Тафсири Ибни Касир 4\571 -
Tajik - Tajik translation
То он ҷо, ки метавонистанд, ба Худо қасам хӯрданд, ки Худо касонеро, ки мемиранд, ба қиёмат зинда намекунад. Оре, ин ваъдаест, ки анҷом додани он бар ӯҳдаи Ӯст, вале бештари мардум намедонанд.
An-Nahl 16:38
Loading the recitation…
0:00