ٱلَّذِينَ يَتَّخِذُونَ ٱلۡكَٰفِرِينَ أَوۡلِيَآءَ مِن دُونِ ٱلۡمُؤۡمِنِينَۚ أَيَبۡتَغُونَ عِندَهُمُ ٱلۡعِزَّةَ فَإِنَّ ٱلۡعِزَّةَ لِلَّهِ جَمِيعࣰا ١٣٩
An-Nisa' 4:139
سورة النساء
Medinan
Verse: 139/176
Page 100
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
[Ҳамон] Касоне, ки кофиронро ба ҷойи муъминон ба дӯстӣ бармегузинанд. Оё сарбаландиро назди онон меҷӯянд? Пас, [бояд бидонанд, ки] ҳамаи сарбаландӣ аз они Аллоҳ таоло аст -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
139. Мунофиқон касонеанд, ки ба ҷои мӯъминон кофиронро дӯст мегиранд ва ононро барояшон ёвар интихоб мекунанд ва дӯстии мӯъминонро тарк мекунанд, оё иззату тавоноӣ ва кӯмакро назди онон (кофирон) меҷӯянд, дар ҳоле, ки иззату кӯмак ҳамааш аз они Аллоҳ аст. Касеро, ки хоҳад азиз медорад ва касеро, ки хоҳад хор мегардонад. (1)
1. Тафсири Табарӣ 9/319 -
Tajik - Tajik translation
касоне, ки ба ҷои мӯъминон кофиронро ба дӯстӣ мегиранд, оё иззату тавоноиро назди онон меҷӯянд, дар ҳоле, ки иззат ба тамомӣ аз они Худост?
An-Nisa' 4:139
Loading the recitation…
0:00