أَمۡ يَحۡسُدُونَ ٱلنَّاسَ عَلَىٰ مَآ ءَاتَىٰهُمُ ٱللَّهُ مِن فَضۡلِهِۦۖ فَقَدۡ ءَاتَيۡنَآ ءَالَ إِبۡرَٰهِيمَ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡحِكۡمَةَ وَءَاتَيۡنَٰهُم مُّلۡكًا عَظِيمࣰا ٥٤
An-Nisa' 4:54
سورة النساء
Medinan
Verse: 54/176
Page 87
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Оё ба мардум [Муҳаммад ва ёронаш] ба хотири он чи Аллоҳ таоло аз фазли хеш ба онон бахшида кардааст, ҳасад меварзанд? Дар ҳақиқат, Мо [пештар низ] ба хонадони Иброҳим китобу ҳикмат додем ва ба онон фармонравоии бузурге бахшидем -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
54. Оё фаҳмиши суханашон ин аст, ки онҳо шарики Аллоҳ ҳастанд ва ҳар касро ки бихоҳанд ба ӯ бузургӣ медиҳанд ва фазл ва аторо ба ӯ мебахшанд? Ё ҳасад варзиданд ба Паёмбар ва мӯъминон бар он чи ки Аллоҳ аз фазли худ ба онон додааст? Ва он неъматҳое аз қабили паёмбарӣ ва китоб аст, ки Аллоҳ бар Иброҳим ва фарзандонаш арзонӣ дошт ва мулк ва подшоҳие аст, ки ба баъзе аз паёмбаронаш (монанди Довуд ва Сулаймон) бахшид. (Пас онҳо чи гуна неъматеро, ки Аллоҳ аз паёмбарӣ
ва пирӯзӣ ба Муҳаммад додааст, инкор мекунанд?!)(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1/182 -
Tajik - Tajik translation
Ё бар мардум ба хотири неъмате, ки Худо аз фазли хеш ба онон додааст, ҳасад мебаранд? Дар ҳоле, ки мо ба хонадони Иброҳим китобу ҳикмат додем ва фармонравоии бузург арзонӣ доштем.
An-Nisa' 4:54
Loading the recitation…
0:00