مِنَ ٱلَّذِينَ فَرَّقُواْ دِينَهُمۡ وَكَانُواْ شِيَعࣰاۖ كُلُّ حِزۡبِۭ بِمَا لَدَيۡهِمۡ فَرِحُونَ ٣٢
ArRoom 30:32
سورة الروم
Meccan
Verse: 32/60
Page 407
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Аз касоне [набошед], ки дар динашон тафриқа эҷод карданд ва даста-даста шуданд ва ҳар гурӯҳе ба он чи назди хеш доранд хушнуданд -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
32. Мабошед аз касоне,(1) ки динашонро пароканда сохта ва гӯруҳ гӯруҳ шуданд, ҳар гӯруҳе ба он чӣ ки назди худ доранд, хурсанданд ва мепиндоранд, ки онҳо бар ҳақанд ва дигарон ноҳақ.(2)
1. Яъне, монанди яҳуду насоро ва бидъаткорон ва касоне, ки ҳавову ҳаваси худро пайравӣ намуда динашонро тағйир доданд, баъзе аз онро қабул карданд ва баъзеро тарк намуданд. 2. Тафсири Бағавӣ 6\271 -
Tajik - Tajik translation
Аз онон мабошед, ки дини худро пора-пора карданд ва фирқа-фирқа шуданд ва ҳар фирқае ба ҳар чӣ дошт, дилхуш буд.
ArRoom 30:32
Loading the recitation…
0:00