فَإِنَّكَ لَا تُسۡمِعُ ٱلۡمَوۡتَىٰ وَلَا تُسۡمِعُ ٱلصُّمَّ ٱلدُّعَآءَ إِذَا وَلَّوۡاْ مُدۡبِرِينَ ٥٢
ArRoom 30:52
سورة الروم
Meccan
Verse: 52/60
Page 410
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Пас, [эй паёмбар] ту ҳаргиз наметавонӣ мурдагонро шунаво созӣ ва овои даъват [-и ҳақ]-ро ба гӯши карон бирасонӣ, он гоҳ ки онон пушт мекунанд ва рӯй мегардонанд -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
52. Ба таҳқиқ, ту эй Расул, наметавонӣ суханатро ба дили мурдагон бишунавонӣ ва наметавонӣ сухани ҳақро ба карон(1) бишнавонӣ, ҳангоме ки рӯй бармегардонанд ва мераванд. Пас аз имон наёвардани мушрикон ғамгин мабош, зеро онҳо монанди карон ва мурдагон намешунаванд ва пайхас ҳам намекунанд, агарчанде ҳозир бошанд, пас чӣ гуна аст ҳоли касоне, ки аз ту рӯй бармегардонанд ва назди ту ҳозир нестанд?
1. Яъне, кар аз шунидани ҳақ. -
Tajik - Tajik translation
Ту наметавонӣ мурдагонро шунаво созӣ ва агар инҳо низ аз ту бозгарданд, овози худро ба – гӯши он карон нарасонӣ.
ArRoom 30:52
Loading the recitation…
0:00