تَرَى ٱلظَّٰلِمِينَ مُشۡفِقِينَ مِمَّا كَسَبُواْ وَهُوَ وَاقِعُۢ بِهِمۡۗ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ فِي رَوۡضَاتِ ٱلۡجَنَّاتِۖ لَهُم مَّا يَشَآءُونَ عِندَ رَبِّهِمۡۚ ذَٰلِكَ هُوَ ٱلۡفَضۡلُ ٱلۡكَبِيرُ ٢٢
Ash-Shura 42:22
سورة الشورى
Meccan
Verse: 22/53
Page 485
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
[Дар рӯзи қиёмат] ситамгоронро аз дастовардашон ҳаросон мебинӣ ва [хоҳӣ дид, ки кайфари он корҳо] домангирашон аст, вале муъминони накукор дар боғҳои биҳиштанд, ҳар чи бихоҳанд, назди Парвардигорашон доранд. Фазлу бахшиши бузург ҳамин аст -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
22. Эй Расул, дар рӯзи қиёмат ситамкоронро мебинӣ, ки аз он чӣ ба даст овардаанд дар дунё, аз амалҳои бади худ, тарсонанд. Ва албатта, хоҳу нохоҳ, чӣ битарсанд ва чӣ натарсанд ба ҷазои худ хоҳанд расид. Вале онҳо, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, дар боғҳои биҳиштанд. Ҳар чӣ бихоҳанд, назди Парвардигорашон
фароҳам ҳаст. Ва ин фазлу бахшоиши бузургест, ки ҳеҷ чашме онро надида ва ҳеҷ гӯш онро нашунида ва ба хаёли ҳеҷ инсоне нагузаштааст!(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\757 -
Tajik - Tajik translation
Ситамкоронро бинӣ, ки аз ҳосили корҳояшон бимноканд. Ва албатта, ба ҷазои худ хоҳанд расид. Вале онҳо, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, дар боғҳои биҳиштанд. Ҳар чӣ бихоҳанд, назди Парвардигорашон ҳаст. Ва ин фазлу бахшоисти бузургест!
Ash-Shura 42:22
Loading the recitation…
0:00