وَإِذَا مَآ أُنزِلَتۡ سُورَةࣱ نَّظَرَ بَعۡضُهُمۡ إِلَىٰ بَعۡضٍ هَلۡ يَرَىٰكُم مِّنۡ أَحَدࣲ ثُمَّ ٱنصَرَفُواْۚ صَرَفَ ٱللَّهُ قُلُوبَهُم بِأَنَّهُمۡ قَوۡمࣱ لَّا يَفۡقَهُونَ ١٢٧
At-Taubah 9:127
سورة التوبة
Medinan
Verse: 127/129
Page 207
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ва ҳангоме ки сурае нозил мешавад [ки аҳволи мунофиқонро баён намудааст], баъзе аз онон ба баъзи дигар нигоҳ мекунанд [ва мегӯянд]: «Оё касе шуморо мебинад»? Сипас [махфиёна аз он маҷлис] бозмегарданд. Аллоҳ таоло дилҳояшонро [аз хайру ҳидоят] бозгардондааст, зеро онон гурӯҳе ҳастанд, ки намефаҳманд -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
127. Ва чун сурае нозил шавад аз Қуръон ва дар он зикри айби мунофиқон аст баъзе ба баъзе дигар нигоҳ мекунанд ва баъд аз он мегӯянд: "Оё касе аз мӯъминон
шуморо мебинад?». Ва агар касе онҳоро набинад аз назди расул бархоста, бозмегаштанд, зеро ки таҳаммули шунидани оётро надоранд ва қироати сура, ки дар он зикри айби онҳост, ба гӯшашон надаромад. Аллоҳ дилҳояшонро аз имон мунсариф сохта (баргардонда), зеро онҳо мардуме нофаҳманд!(1)
1. Тафсири Табарӣ 14/582 -
Tajik - Tajik translation
Ва чун сурае нозил шавад, баъзе ба баъзе дигар нигоҳ мекунанд: «Оё касе шуморо мебинад?» Ва бозмегарданд. Худо дилҳояшонро аз имон мунсариф сохта (баргардонда), зеро мардуме нофаҳманд!
At-Taubah 9:127
Loading the recitation…
0:00