إِلَّا تَنفِرُواْ يُعَذِّبۡكُمۡ عَذَابًا أَلِيمࣰا وَيَسۡتَبۡدِلۡ قَوۡمًا غَيۡرَكُمۡ وَلَا تَضُرُّوهُ شَيۡـࣰٔاۗ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءࣲ قَدِيرٌ ٣٩
At-Taubah 9:39
سورة التوبة
Medinan
Verse: 39/129
Page 193
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
[Эй муъминон] Агар раҳсипор [-и ҷиҳод] нагардед, [Аллоҳ таоло] ба азоби дарднок гирифторатон мекунад ва ба ҷойи шумо гурӯҳи дигареро меоварад ва [шумо бо нофармонӣ ҳаргиз] ба Ӯ зиёне намерасонед. Ва Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
39. Эй мӯъминон, чун ба ҷанг сафарбар нашавед, Аллоҳ шуморо ба шиканҷаи дардноке азоб мекунад
ва қавми дигареро ба ҷои шумо иваз мекунад ва ҳар гоҳ ба онон гуфта шавад, ки ба ҷанг бароед, онон ба ҷанг мебароянд ва итоати Аллоҳу расулаш мекунанд ва агар аз майдони ҷанг ақибнишинӣ кардед ба Аллоҳ зиёне намерасонед, чунки Аллоҳ ба шумо ниёзманд нест, балки шумо ба Ӯ ниёзмандед. Ва Ӯ бе мадади шумо ҳам дин ва паёмбарашро нусрат хоҳад дод, зеро ки Ӯ бар ҳар коре тавоност!(1)
1. Тафсири Ибни Касир 4\ 154 -
Tajik - Tajik translation
Агар ба ҷанг ҷамъ нашавед. Худо шуморо ба шиканҷае дарднок азоб мекунад ва қавми дигареро ба ҷои шумо интихоб кунад ва ба Худо низ зиёне намерасонед, ки Худо бар ҳар коре тавоност!
At-Taubah 9:39
Loading the recitation…
0:00