۞ إِنَّمَا ٱلسَّبِيلُ عَلَى ٱلَّذِينَ يَسۡتَـٔۡذِنُونَكَ وَهُمۡ أَغۡنِيَآءُۚ رَضُواْ بِأَن يَكُونُواْ مَعَ ٱلۡخَوَالِفِ وَطَبَعَ ٱللَّهُ عَلَىٰ قُلُوبِهِمۡ فَهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ ٩٣
At-Taubah 9:93
سورة التوبة
Medinan
Verse: 93/129
Page 201
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Роҳ [-и сарзанишу муҷозот] танҳо барои касоне [кушода] аст, ки бо онки тавонгар [ва имкони ҷиҳод доранд], аз ту иҷозат мехоҳанд [ки дар ҷиҳод ширкат накунанд]. Онон ба ин ризоият доданд, ки бо хонанишинон бошанд ва Аллоҳ таоло бар дилҳояшон муҳр [-и нифоқ] задааст, пас, [хайру салоҳи хешро] дарнамеёбанд -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
93. Хашму азоби Аллоҳ бар касонест, ки дар ҳолати тавонгарӣ аз ту рухсат мехоҳанд ва онон мунофиқонанд ва ба он хушнуданд, ки бо хонанишинон дар хона бимонанд. Аллоҳ дар дилҳояшон мӯҳр гузоштааст ва оқибати бадашонро намедонанд, бо он чи ки аз гуноҳҳо касб кардаанд.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1/347 -
Tajik - Tajik translation
Хашму азоби Худо бар касонест, ки дар айни тавонгарӣ аз ту рухсат мехоҳанд ва ба он хушнуданд, ки бо хонанишинон дар хона бимонанд. Худо дилҳояшонро мӯҳр барниҳода аст, ки намедонанд.
At-Taubah 9:93
Loading the recitation…
0:00