At-Taubah 9:99

سورة التوبة

Medinan Verse: 99/129 Page 202

وَمِنَ ٱلۡأَعۡرَابِ مَن يُؤۡمِنُ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِ وَيَتَّخِذُ مَا يُنفِقُ قُرُبَٰتٍ عِندَ ٱللَّهِ وَصَلَوَٰتِ ٱلرَّسُولِۚ أَلَآ إِنَّهَا قُرۡبَةࣱ لَّهُمۡۚ سَيُدۡخِلُهُمُ ٱللَّهُ فِي رَحۡمَتِهِۦٓۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورࣱ رَّحِيمࣱ ٩٩

  1. Arifi

    الترجمة الطاجيكية - عارفي

    Ва бархе аз аъроб [-и бодиянишин] ҳастанд, ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи вопасин имон доранд ва ончиро, ки инфоқ мекунанд, боиси наздикӣ ба Аллоҳ таоло ва дуоҳои паёмбар [дар ҳаққи хеш] медонанд. Огоҳ бошед! [Ин инфоқ] Мояи наздикии онҳост. Аллоҳ таоло [дар қиёмат] ононро дар ҷивори раҳмати хеш дархоҳад овард. Бе тардид, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
  2. Тоҷикӣ translation

    الترجمة الطاجيكية

    99.   Ва баъзе аз арабҳои бодиянишин ба Аллоҳу рӯзи қиёмат имон доранд ва он чиро, ки дар роҳи Аллоҳ харҷ мекунанд сабаби наздикӣ ба Аллоҳ ва дуои Паёмбар медонанд. Бидонед, ки ҳамин нафақа кардан ва садақоташон ва низ дуоҳо ва омурзишхоҳии Паёмбар (саллалллоҳу алайҳи ва саллам) сабаби наздикияшон ба Аллоҳ хоҳад шуд ва Аллоҳ ба раҳмати хеш дохили биҳишташон хоҳад кард, зеро омурзандаву меҳрубон аст!
  3. Tajik - Tajik translation


    Ва баъзе аз арабҳои бодиянишин ба Худову рӯзи қиёмат имон доранд ва он чиро, ки харҷ мекунанд, барои наздик шудан ба Худо ва ба хотири дуъои паёмбар харҷ мекуканд. Бидонед, ки ҳамин сабаби наздикияшон ба Худо хоҳад шуд ва Худо ба раҳмати хеш дохилашон хоҳад кард, зеро омурзандаву меҳрубон аст!

Read the whole surah Arabic tafsir