Ghafir 40:16

سورة غافر

Meccan Verse: 16/85 Page 468

يَوۡمَ هُم بَٰرِزُونَۖ لَا يَخۡفَىٰ عَلَى ٱللَّهِ مِنۡهُمۡ شَيۡءࣱۚ لِّمَنِ ٱلۡمُلۡكُ ٱلۡيَوۡمَۖ لِلَّهِ ٱلۡوَٰحِدِ ٱلۡقَهَّارِ ١٦

  1. Arifi

    الترجمة الطاجيكية - عارفي

    Он рӯз, ки мардум ҳозир ва намоён мешаванд ва чизе аз онон бар Аллоҳ таоло пӯшида нахоҳад монд [Аллоҳ таоло мефармояд]: «Имрӯз фармонравоӣ аз они кист»? [Он гоҳ худ мефармояд] «Аз они Аллоҳи ягонаи пирӯзманд»
  2. Тоҷикӣ translation

    الترجمة الطاجيكية

    16.   Он рӯз, ки ҳамаи онҳо аввалину охирин дар назди Парвардигорашон ошкор шаванд, ҳеҷ чиз аз амалҳои онҳо, ки дар дунё карда буданд, бар Аллоҳ пӯшида намонад. Аллоҳ таоло мефармояд: Имрӯз подшоҳӣ аз они кист? Боз Худ ҷавоб медиҳад: Аз они Аллоҳи яктои қаҳҳор, ки дар зот, номҳо, сифатҳо ва корҳояш ягона аст ва ба қудрат ва иззати худ бар тамоми халоиқ ғолиб аст!(1)
    1. Тафсири Саъдӣ 1\734
  3. Tajik - Tajik translation


    Он рӯз, ки ҳамагон ошкор шаванд, ҳеҷ чиз аз онҳо бар Худо пушида намонад. Дар он рӯз фармонравоӣ аз они кист? Аз они Худои яктои қаҳҳор!

Read the whole surah Arabic tafsir