Ghafir 40:21

سورة غافر

Meccan Verse: 21/85 Page 469

۞ أَوَلَمۡ يَسِيرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَيَنظُرُواْ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلَّذِينَ كَانُواْ مِن قَبۡلِهِمۡۚ كَانُواْ هُمۡ أَشَدَّ مِنۡهُمۡ قُوَّةࣰ وَءَاثَارࣰا فِي ٱلۡأَرۡضِ فَأَخَذَهُمُ ٱللَّهُ بِذُنُوبِهِمۡ وَمَا كَانَ لَهُم مِّنَ ٱللَّهِ مِن وَاقࣲ ٢١

  1. Arifi

    الترجمة الطاجيكية - عارفي

    Оё мушрикон дар замин гардиш накардаанд, то бубинанд саранҷоми касоне, ки пеш аз онон буданд, чи гуна будааст? Он ақвоми гузашта нерумандтар аз инҳо буданд ва осору биноҳои бештаре дар замин падид оварданд, аммо Аллоҳ таоло ононро ба [сабаби] гуноҳонашон азоб кард, дар ҳоле ки дар баробари [азоби] Аллоҳ таоло ҳеҷ [ёр ва] мудофеъе надоштанд
  2. Тоҷикӣ translation

    الترجمة الطاجيكية

    21.    Оё онҳое, ки ба паёмбарии ту бовар надоранд дар замин сайр намекунанд, то бингаранд, ки оқибати пешиниёнашон чӣ гуна будааст? Тавоноии онҳо
    ва ёдгориҳое, ки дар рӯйи замин падид оварда буданд, аз инҳо бештар буд. Вале қувват ва бузургии тану ҷисмашон ба онҳо фоидае нарасонд. Сипас Аллоҳ онҳоро ба сабаби гуноҳашон ба азоб гирифтор кард ва аз қаҳри Аллоҳ онҳоро нигаҳдорандае набуд.(1)
    1. Тафсири Ибни Касир 7\138
  3. Tajik - Tajik translation


    Оё дар замин сайр намекунанд, то бингаранд, ки оқибати пешиниёнашон чӣ гуна будааст? Тавоноии онҳо ва ёдгориҳое, ки дар рӯи замин падид оварда буданд, аз инҳо беш буд. Ва Худо онҳоро ба ҷазои куфрашон фурӯ гирифт ва аз қаҳри Худовандашон нигаҳдорандае набуд.

Read the whole surah Arabic tafsir