فَلَمَّا جَآءَهُم بِٱلۡحَقِّ مِنۡ عِندِنَا قَالُواْ ٱقۡتُلُوٓاْ أَبۡنَآءَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مَعَهُۥ وَٱسۡتَحۡيُواْ نِسَآءَهُمۡۚ وَمَا كَيۡدُ ٱلۡكَٰفِرِينَ إِلَّا فِي ضَلَٰلࣲ ٢٥
Ghafir 40:25
سورة غافر
Meccan
Verse: 25/85
Page 469
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Аммо ҳангоме ки Мӯсо муъҷизоти илоҳӣ ва далоили маҳкамро аз ҷониби Мо бар онон нишондод, [Фиръавн ва ёронаш саркашӣ карданд ва] гуфтанд: «Писарони касонеро, ки ба Мӯсо имон овардаанд, бикушед ва занонашонро [барои канизӣ] зинда нигоҳ доред», вале найранги кофирон маҳкум ба фаност -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
25. Пас чун Мӯсо дини ҳақро аз ҷониби Мо барои Фиръавн, Ҳомон, ва Қорун бо мӯъҷизоти равшан овард, вале бо инкор карданашон ҳақро кифоят накарда, балки гуфтанд: Писарони касонеро, ки ба ӯ имон овардаанд, бикушед ва занонашонро барои хидматгорӣ ва гуломӣ зинда бигузоред? Ва ҳиласозии кофирон ҷуз дар гумроҳӣ ва табоҳӣ нест.(1)
1. Тафсири Табарӣ 21\373 -
Tajik - Tajik translation
Чун дини ҳақро аз ҷониби Мо бар онҳо арза дошт, гуфтанд: «Писарони касонеро, ки ба Ӯ имон овардаанд, бикушед ва занонашонро зинда бигузоред!» Ва ҳиласозии кофирон дар тариқи барбодӣ бошад.
Ghafir 40:25
Loading the recitation…
0:00