Ghafir 40:50

سورة غافر

Meccan Verse: 50/85 Page 473

قَالُوٓاْ أَوَلَمۡ تَكُ تَأۡتِيكُمۡ رُسُلُكُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِۖ قَالُواْ بَلَىٰۚ قَالُواْ فَٱدۡعُواْۗ وَمَا دُعَٰٓؤُاْ ٱلۡكَٰفِرِينَ إِلَّا فِي ضَلَٰلٍ ٥٠

  1. Arifi

    الترجمة الطاجيكية - عارفي

    Онон посух медиҳанд: «Магар паёмбаронатон нишонаҳои равшан бар шумо ироа накарданд»? Дузахиён мегӯянд: «Бале». Ва маъмурон мегӯянд: «Пас, [бе натиҷа] дархост кунед, ки дархости кофирон [мардуду] табоҳ аст»
  2. Тоҷикӣ translation

    الترجمة الطاجيكية

    50.   Нигаҳбонони дӯзах дар ҷавоби онҳо мегӯянд: Ин дуо ба шумо чизе фоида надиҳад, оё паёмбаронатон бо далелҳои равшан назди шумо наёмада буданд,
    пас шумо онҳоро дурӯғ баровардед? Мегӯянд дӯзахиён: Бале. Нигаҳбонони дӯзах мегӯянд: Мо барои шумо дуо намекунем ва дар ҳаққи шумо шафоат ҳам наметалабем. Пас, худ дуо кунед. Лекин ин дуо ба шумо чизе фоида надиҳад, зеро шумо кофир ҳастед. Ва дуои кофирон, ҷуз он ки табоҳ шавад, ҳеҷ чизе нахоҳад буд. Ва ҳаргиз мавриди иҷобат қарор намегирад.(1)
    1. Тафсири Ибни Касир 7\149
  3. Tajik - Tajik translation


    Мегӯянд: «Оё паёмбаронатон бо далелҳои равшан назди шумо наёмада буданд?» Мегӯянд: «Бале». Мегӯянд: «Пас дуъо кунед». Ва дуъои кофирон, ғайри он ки барбод равад, чизе дигар нахоҳад буд.

Read the whole surah Arabic tafsir